+1
ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТҲОИ МУҲОҶИРАТИИ ИДМ
24 сентябри соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи ҷашнии 30 – юмини Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳо – иштирокчиёни ИДМ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи мазкур намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ки ба салоҳияти онҳо танзими масъалаҳои муҳоҷират дохил мешавад, иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар кори ҷаласа губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳо – иштирокчиёни ИДМ, Маркази зиддитеррористии кишварҳои узви ИДМ, Кумитаи доимии давлатҳои иттиҳодӣ, Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба, Комиссияи иқтисодии АвруОсиё иштирок намуданд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф - муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Азимӣ Дилрабо – роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаи Шӯро таҳти раёсати муовини якуми Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия – сардори Хадамоти муҳоҷиратии ВКД Русия генерал-полковники полиция Андрей Кикот баргузор гардида, зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз намуд, ки «дар шароити имрӯза, ҳамоҳангӣ, ҳамкории конструктивӣ ва табодули таҷриба ба мисли ҳамеша муҳим буда, барои ташаккули низоми мутаносиб ва самараноки идоракунии равандҳои муҳоҷират дар фазои Иттиҳод зарур мебошад. Вобаста ба ин Шӯро бояд ҳамеша абзори фоиданоки таъмини субот ва амнияти минтақавӣ боқӣ монада, ба тағйироти вазъи муҳоҷиратӣ сари вақт вокуниш нишон диҳад».
Дар ҷараёни ҷаласа вазъи муҳоҷиратӣ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардида, тағйиротҳо дар самти қонунгузории миллӣ оид ба равандҳои муҳоҷират, таҷрибаи ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ барои таъмини амният ва назорати равандҳои муҳоҷират, аз ҷумла муайянкунии биометрии шахсият бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ дар низомҳои назорати видеоиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф зимни суханронии хеш иброз дошт, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи муҳоҷират яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба рушди мубодилаи иттилоот байни мақомоти салоҳиятдор, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа аҳамияти хоса медиҳем.
Дар робита ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории дуҷониба бо Федератсияи Россия, ки яке аз шарикони асосӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, аҳамияти хоса дода, дар ин самт санадҳои меъёриву ҳуқуқии зарурӣ ба тасвиб расонида шудааст, ки барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва танзими раванди муҳоҷирати шаҳрвандони ду кишвари стратегӣ заминагузорӣ менамоянд.
Дар кори ҷаласаи мазкур аз ҷониби иштирокдорони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарорҳои дахлдор оид ба самти баррасишаванда қабул гардид.
Show more Show less
ТАБРИКНОМА
Ҳамватанони азиз!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират шуморо ба муносибати Рӯзи бузургдошти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ — сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик, одамушшуаро, султони шоирон самимона табрик ва муборакбод менамояд.
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи эҳтироми хос ба ашъор, ҳикмат ва мероси адабии бузурги миллати тоҷик мебошад.
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ на танҳо асосгузори адабиёти классикӣ, балки рамзи ҳувияти миллӣ, сарчашмаи маърифат, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ ва бузургии сухани тоҷикӣ аст. Осори ӯ дар тӯли ҳазорсолаҳо дилҳоро равшанӣ мебахшад, забон ва фарҳанги моро эҳё мекунад ва наслҳоро ба эҳтироми таърих, адаб ва анъанаҳои неки миллӣ пайванд месозад.
Боиси ифтихор аст, ки ҳамватанони мо дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Федератсияи Россия, бо нигоҳ доштани забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ пайванди худро бо Ватани азиз устувор нигоҳ медоранд.
Рӯзи Рӯдакӣ барои ҳамаи мо фурсати муносиб аст, ки бори дигар ба бузургии сухани тоҷикӣ, мероси гаронбаҳои ниёгон ва ваҳдати фарҳангии халқи тоҷик сар фурӯд орем.
Дар ин рӯзи фархунда ба ҳар яки шумо саломатии комил, хушбахтии оилавӣ, рӯзгори обод, комёбиҳои нав дар кору фаъолият ва дидори пайвастаи Ватан орзу менамоем. Бигзор номи Рӯдакӣ ҳамеша дар дилҳои мо зинда бошад, забони модарӣ дар хонаи ҳар як ҳамватан садо диҳад ва фарзандони мо бо ифтихор аз мероси бузурги ниёгон ба камол расанд.
Рӯзи Рӯдакӣ муборак бошад!
Бо эҳтироми самимӣ,
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
Show more Show less
Барқияи табрикӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
22.09.2026
https://president.tj/event/news/57361
22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович,
Шуморо ба муносибати бомуваффақият баргузор гардидани интихобот ба Думаи давлатии Федератсияи Русия — рӯйдоди муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар сидқан табрик менамоям!
Иштироки фаъоли шаҳрвандон дар овоздиҳӣ ва натиҷаҳои он бозгӯи пуштибонии васеи ҷомеа аз сиёсати давлатии пешгирифтаи Шумо мебошад, ки ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Федератсияи Русия ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми он нигаронида шудааст.
Бо истифода аз фурсат, бори дигар азми тағйирнопазири инҷонибро ҷиҳати минбаъд низ нигоҳ доштани сатҳи баланди рушди устувори муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия дар руҳияи дӯстӣ ва шарикии стратегӣ таъкид менамоям.
Ба Шумо саломатии бардавом ва комёбиҳои нав ба нафъи шаҳрвандони кишваратон, инчунин, ба мардуми дӯсти Русия сулҳу шукуфоӣ ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям».
Show more Show less
АЗ ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒ БА КОРТҲО Ё СУРАТҲИСОБҲОИ ШАХСОНИ НОМАЪЛУМ ХУДДОРӢ НАМОЕД
Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ҳангоми анҷом додани интиқоли маблағ эҳтиёткор буда, ба суратҳисобҳои шахсони номаълум, фондҳои ношинос ва ё кортҳои шахсони бегона худдорӣ намоед.
Хотиррасон менамоем, ки гуруҳҳои манфиатҷӯ, фондҳои қалбакӣ ва шахсони ношинос бо мақсади ба даст овардани маблағҳои муфт, наворҳои сохта, аксҳои тавассути барномаҳои муосир сохташударо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн ва нашр намуда, аз мардум маблағҳои муфтро гирдоварӣ менамоянд.
Дар ин замина ёдовар бояд шуд, ки гурӯҳҳои алоҳидаи ифротгароӣ ва экстремистӣ бо баҳонаи расонидани кӯмаки хайриявӣ, ёрӣ ба шахсони ниёзманд, зарардидагон ва ё бо дигар мақсадҳои иҷтимоӣ аз шаҳрвандон интиқоли маблағро дархост намуда, дар ин асно фаъолияти ба зоҳир хайриявӣ метавонад аз ҷониби шахсон ё ташкилотҳое амалӣ гардад, ки барои ҷамъоварии маблағ асосҳои қонунӣ надоранд ва ё метавонанд мақсадҳои ғайриқонунӣ дошта бошанд, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Россия интиқолдиҳандаи маблағ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.
Намояндагӣ аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки ба шахсони ношинос, ташкилотҳо, фондҳо ва гурӯҳҳое, ки фаъолияти онҳо ба таври боэътимод тасдиқ нашудааст, маблағ интиқол надиҳанд ва пеш аз фиристондани маблағ ваъзи ҳуқуқии ташкилот ва шахси қабулкунандаро санҷанд.
Зарур аст, ки пеш аз анҷом додани ҳар гуна интиқоли маблағ маълумоти пурра дар бораи гирандаи маблағ, номи расмии ташкилот, қонунӣ будани фаъолияти он, реквизитҳои бонкӣ ва мақсади ҷамъоварии маблағ санҷида шавад. Ба реквизитҳое, ки тавассути каналҳои ношиноси Telegram, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ё аз ҷониби шахсони номаълум пешниҳод мешаванд, маблағ интиқол надиҳед.
Инчунин дар ҳолатҳое, ки аз шаҳрвандон талаб карда мешавад маблағро ба “корти шахсии бонкӣ, ҳамёни электронӣ ё суратҳисоби шахсони сеюм” интиқол диҳанд, инчунин ҳолатҳое, ки пинҳон намудани мақсади пардохт ё анҷом додани интиқол ба манфиати шахсон ё ташкилотҳои ношинос талаб карда мешавад, диққати махсус зоҳир намоед.
Дар хотир доред!
Тибқи қисми 1.1 моддаи 205.1 Кодекси ҷиноии Федератсияи Россия, маблағгузории терроризм кирдори ҷиноӣ буда, ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун барои чунин кирдор ҷазо, аз ҷумла маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 сол ва дар ҳолатҳои муайяншуда ҳатто ҷазои якумра пешбинӣ гардидааст.
Аз ин рӯ, ҳатто агар ҷамъоварии маблағ бо баҳонаи «ёрии хайриявӣ» ё «кӯмаки иҷтимоӣ» пешниҳод гардад, дар сурати мавҷуд будани шубҳа нисбат ба гирандаи маблағ ё мақсади воқеии ҷамъоварӣ, аз интиқоли маблағ худдорӣ намоед.
Тавсия медиҳем, ки ба муроҷиатҳои эҳсосотӣ дода нашавед, ба ваъдаву исрори шахсони ношинос бовар накунед ва пеш аз санҷидани маълумот барои интиқоли маблағ шитоб накунед.
Дар сурати пайдо шудани шубҳа ё гумонбарӣ тавсия дода мешавад, ки мукотиба, мушаххасоти бонкӣ, истинод ва дигар маълумоти марбут ба ҷамъоварии маблағро нигоҳ дошта, барои гирифтани машварат ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоед.
Ҳушёр бошед! Амнияти худ ва маблағҳои худро ҳифз намоед!
Телефонҳо барои тамос:
1. Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44
ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм
Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00
2. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56;
3. Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60;
4. Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Твер, Смоленск ва Брянск +7 (923) 554 39 36;
5. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 100-95-59;
1. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш.Санкт-Петербург: +7(977)9632569;
2. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
3. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
4. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
5. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур,ш.Хабаровск:+7(985) 2970835;
6. Ҷумҳурии Саха -Якутия, шаҳри Якутск: +7 (999) 217 01 05;
Show more Show less
Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон, муҳоҷирони меҳнатӣ!
Намояндагӣ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми будубош ва фаъолияти меҳнатӣ ҳушёрӣ ва эҳтиёткориро риоя намоед.
Имрӯзҳо баъзе гурӯҳҳо ва созмонҳои мамнуъ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва дигар воситаҳои иртиботӣ кӯшиш мекунанд шаҳрвандонро ба фаъолияти ғайриқонунӣ ҷалб намоянд.
Дар чунин ҳолатҳо онҳо метавонанд пешниҳодҳои гуногун, ваъдаҳои бардурӯғ ё дархостҳои интиқоли маблағ ва расонидани кӯмак пешниҳод намоянд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад:
бо шахсони ношинос ва гурӯҳҳои шубҳанок робита барқарор накунанд;
ба даъватҳо барои иштирок дар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ посух надиҳанд;
маблағро ба шахсон ё созмонҳои номаълум интиқол надиҳанд;
аз паҳн намудани мавод ё маълумоти дорои хусусияти экстремистӣ ё террористӣ қатъиян худдорӣ намоянд;
талаботи қонунгузории Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намоянд.
Ёдовар мешавем, ки мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар фаъолияти созмонҳои террористӣ ё экстремистӣ, мусоидат ба фаъолияти онҳо, маблағгузорӣ, интиқоли маблағ, ҷалби дигарон, инчунин дигар шаклҳои ҳамкорӣ бо чунин созмонҳо метавонад боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ гардад.
Бо мақсади огоҳии шаҳрвандон, дар зер рӯйхати созмонҳо, гурӯҳҳо ва ҳаракатҳое оварда мешавад, ки фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст:
«Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон».
«Ал-Қоида».
«Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ».
«Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»).
«Толибон».
«Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»).
«Лашкар-и Тайба».
«Гурӯҳи исломӣ» («Ҷамъияти исломии Покистон»).
«Ҷамъият-ут-Таблиғ».
«Созмони таблиғот» («Даъват ба ислом»).
«Тоҷикистони озод».
«Ҳизби Таҳрир».
«Ҳизб-ут-Таҳрир».
Ҷараёни «Салафия».
«Ансоруллоҳ».
Ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24».
«Давлати исломӣ».
«Ҷабҳат-ан-Нусра».
«Эътилофи миллии Тоҷикистон».
«Ҷанги муқаддас» («Ал-Ҷиҳод», «Ҷиҳоди исломии Миср»).
Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ («Ҷамъият ал-Ислоҳ ал-Иҷтимоӣ»).
Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ («Ҷамъият Иҳё ат-Туроз ал-Исломӣ»).
«Ал-Ҳарамайн».
«Ҷунд аш-Шом».
«Ҷиҳоди исломӣ — Ҷамоати муҷоҳидон».
Ҷомеаи экстремистии «Шоҳидони Яҳво».
«Pamir Daily News» («Pamir News»).
Созмони террористию экстремистии «Давлати исломии вилояти Хуросон».
Созмони экстремистии «Тоҷикистони нав 2».
Шаҳрвандони гиромӣ!
Риояи қонунҳо, ҳушёрӣ ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва худдорӣ аз ҳар гуна робита бо гурӯҳҳои шубҳанок барои ҳифзи амният, ҳуқуқ ва ояндаи шумо аҳаммияти калон дорад. Дар сурати дучор шудан ба чунин ҳолатҳо тавсия дода мешавад, ки ба мақомотҳои салоҳиятдори Федератсияи Россия:
Хадамоти амнияти федералӣ: Телефони боварӣ — +7 (495) 224-22-22 ё 8-800-224-22-22 (барои зангҳо аз дохили Русия ройгон) ва Вазорати корҳои дохилӣ (МВД): 102 (аз телефони мобилӣ ва хатти оҷили ВКД-и Россия: 8 800 222-74-47) муроҷиат намоед.
Show more Show less
ДАР АСТРАХАН БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ТАВСИЯ ВА МАШВАРАТҲОИ ҲУҚУҚӢ РАСОНИДА ШУД
Имрӯз масъулини Намояндагӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар ширкати сохтмонии ҶДММ “ Центральный”, ки дар шаҳри Астрахани Федератсияи Россия кору фаъолият доранд, вохӯрӣ намуда, масъалаҳои муҳими муҳоҷиратиро фаҳмонида, тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ расониданд.
Нахуст масъулини Намояндагӣ бо роҳбарияти ширкати мазкур вохӯрӣ намуда, оид ба вазъи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсон шуда, масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмини кафолатҳои онҳо, пардохти саривақтии музди меҳнат ва шароити корӣ дар истеҳсолотро муҳокма намуданд.
Зимни суҳбат бо муҳоҷирони меҳнатӣ талаботҳои нави қонунгузории Федератсияи Россия дар бораи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва фаъолияти меҳнатии онҳо фаҳмонида шуда, тавсия дода шуд, ки ҷиҳати такмили дониш ва малакаҳои касбӣ ба омӯзиш машғул шуда, имкониятҳои муосирри кориро истифода намоед. Таъкид карда шуд, ки дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ зарур аст, ки фарҳанг, расму оин ва арзишҳои халқҳои кишвари иқоматро эҳтиром гузошта, иҷрои талаботҳои қонунгузориро риоя намоянд.
Дар вохурӣ вобаста ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, тамошо накардани навору даъватҳое, ки хусусияти экстремитӣ террористӣ доранд, риояи талаботҳои гигиенӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба онҳо маълумот дода шуд.
Show more Show less
+6
МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ДИАСПОРАҲО ВА ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ
Дар идомаи вохӯрию мулоқотҳо бо диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар Конференсияи миллӣ, ки дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza Dushanbe» баргузор гардид, санаи 17 сентябри соли 2026 дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазир бо намояндагони диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзии муқими минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Аморати Муттаҳидаи Араб ва Австрия баргузор гардид.
Зимни вохурӣ роҳҳои густариши ҳамкориҳо миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диаспораҳо (ҷамъятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз ҷониби намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон як қатор пешниҳодҳои судманд манзур гардиданд.
Дар хотима намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон барои саҳми арзанда дар таҳкими робитаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти кор бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз кишвар ба фаъолияти муваққатии меҳнатӣ машғуланд, бо Сипосномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Show more Show less
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ МУСАЛМОНОНИ ВИЛОЯТИ ТВЕР
Масъулини Намояндагӣ дар шаҳри Твери Федератсияи Россия бо Муфтии мусалмонони вилояти Твер Сайфудинов Тоир Бариевич оид ба таҳкими ҳамкориҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии муҳоҷирони меҳнатӣ аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ, гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ оид ба талаботҳои нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мулоқот намуд.
Зимни мулоқот муфтии мусалмонони вилояти Твер фаъолнокии тоҷикони муқимӣ ва муҳоҷирони меҳнатиро дар корҳоои ободониву созандагӣ ва корҳои ҷамъиятӣ иброз намуда, масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба талаботҳои нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ ва паст намудудани ҳолатҳои ҷиноӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки тавассути гуруҳҳо ва шахсони алоҳида тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ амалӣ мегардад, тадбирҳои муштарак дар ин самт аз манфиат холӣ нест.
Show more Show less
ҶОЙИ КОРИ МУВОФИҚ БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШИРКАТИ «Управстройбизнес»
Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки ҶДММ «Управстройбизнес» барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии биноҳои истиқоматӣ коргар меҷӯяд.
Барои шаҳрвандон ширкати мазкур дар минтақаҳои зерин ҷойи кори муносибро пешниҳод менамояд:
1. Вилояти Маскав, шаҳри Одинтсово, посёлкаи Кобяково;
2. Вилояти Маскав, шаҳри Луховитси, кӯчаи Жуковский хонаи 7;
Фаъолият дар ширкати болозикр тибқи реҷаи – 6/1 ( 8 соати корӣ) буда, музди меҳнат аз 80 000 то 130 000 рубл пешбинӣ гардидааст. Инчунин дар ҳолати иҷрои нақшаи муайянгардида дар муҳлати пешбинишуда, мукофотпулӣ ба кормандон пардохт карда мешавад.
Номгуи вазифаҳои холӣ бо музди меҳнат ва мукофотпулӣ:
1. Боргирӣ, тозакунӣ, кандан, интиқоли масолеҳ, 15 нафар музди маош аз 48 000 - 90 000 рубл то 30 000 рубл мукофотпулӣ;
2. Насби бом (металлочерепица, мембрана) ва насби обкашӣ , 10 нафар музди маош аз 60 000 – 120 000 рубл то 60 000 мукофотпулӣ;
3. Шишагирӣ, рангубор, кор бо гипсокартон, ороиш, 10 нафар музди маош аз 60 000 - 120 000 рубл то 60 000 мукофотпулӣ;
4. Монтажи фасадҳо, гармкунӣ ва рӯйпӯш, 6 нафар музди маош аз 60 000 – 120 000 то 60 000 мукофотпулӣ;
5. Насби об, гармӣ ва канализатсия, 4 нафар музди маош аз 60 000 – 120 000 то 60 000 мукофотпулӣ;
Талаботи корфармо: Мардони то 55-сола, маълумот - миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, таҷрибаи корӣ на кам аз 1 сол, донистани забони русӣ (ҳатмӣ).
Аз ҷониби корфармо: пардохт 2 маротиба дар як моҳ, ба тариқи нақдӣ ё ин ки ба корти бонкӣ, хобгоҳи таъмиршуда дар наздикии ҷои кор, нақлиёт бо автобуси ширкат аз хобгоҳ то ҷойи кор ва баргардон, сарулибос ва қайдгири дар ҷойи зист аз ҳисоби корфармо ройгон пешниҳод карда мешавад.
Корфармо барои гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳо кӯмак намуда, маблағи аз 4000 то 6000 рубл барои омода намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) кӯмак менамояд.
Масъул: Ахмедов Рустам Вилориевич, тел: +79882455932, E-mail: info@ycb.com
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷуи кори мувофиқанд, метавонанд ба шахси масъули ширкат занг зада, барои ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ ва талаботҳои корфармо ҳамсуҳбат шаванд.
Инчунин дар ҳолати пеш омадани мушкилот ва гирифтани тавсияҳои ҳуқуқӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба Намояндагӣ ташриф оварда ё тавассути рақамҳои боварӣ дар тамос шаванд.
Телефонҳо барои тамос:
1. Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44
ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм
Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00
2. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56;
3. Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60;
4. Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Твер, Смоленск ва Брянск +7 (923) 554 39 36;
5. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 100-95-59;
6. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш.Санкт-Петербург: +7(977)9632569;
7. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
8. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
9. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
10. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур,ш.Хабаровск:+7(985) 2970835;
11.Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.
Show more Show less
+6
КОНФЕРЕНСИЯИ МИЛЛӢ ДАР МАВЗӮИ «ҶАЛБИ ДИАСПОРАҲОИ ТОҶИКОН ВА ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ ҲАМЧУН ШАРИКОНИ РУШДИ КИШВАР»
https://ehukumat.tj/site/mehnat-tjk/press/news/details/8847?lang=tg
Санаи 15 сентябри соли 2026 дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza»-и шаҳри Душанбе Конференсияи миллӣ бо дастгирии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷалби диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, диаспораҳои тоҷикон, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон, соҳибкорон, олимон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ намояндагони диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Туркия, Нидерланд, Белгия, Австрия ва Италия иштирок намуда, дар муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ ва ҷалби иқтидори ҳамватанони бурунмарзӣ ба рушди Тоҷикистон ибрози назар намуданд.
Ҳадафи асосии конфронс таҳкими ҳамкории давлат бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва диаспораҳои тоҷик, истифодаи самараноки иқтидори зеҳнӣ, касбӣ, илмӣ ва соҳибкории онҳо, ҷалби сармоя ва технологияҳои муосир, инчунин муайян намудани роҳҳои нави ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.
Аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ ба нақши ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди минбаъдаи кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, таъкид намуданд, ки тоҷикони муқими хориҷи кишвар дорои имкониятҳои васеи касбӣ, илмӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мебошанд.
Қайд гардид, ки истифодаи самараноки ин имкониятҳо метавонад ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби технологияҳои нав, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии кишвар мусоидат намояд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода дар баромади худ ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла тақвияти ҳамкорӣ бо Точикистониён, фароҳам овардани имкониятҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ҷалби ҷавонону насли наврас ба корҳои созандагӣ дар Ватан, тарғибу ҳифзи забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, инчунин рушди робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, зарурати таҳкими механизмҳои ҳамкорӣ бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзиро таъкид намуд.
Дар идомаи чорабинӣ намояндагони диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз кишварҳои гуногун низ суханронӣ намуда, оид ба таҷрибаи фаъолияти диаспораҳо, нақши онҳо дар муттаҳид намудани тоҷикони муқими хориҷи кишвар ва роҳҳои густариши робита бо Тоҷикистон андешаҳои худро баён карданд.
Дар рафти конфронс ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон, соҳибкорон ва олимон суханронӣ карда, оид ба имкониятҳои ҷалби сармоя, технология ва таҷрибаи байналмилалӣ ба кишвар, рушди захираҳои инсонӣ ва истифодаи иқтидори зеҳнии ҳамватанони бурунмарзӣ пешниҳодҳои худро баён намуданд.
Дар чорабинӣ махсусан ба масъалаи ҷалби сармояи ҳамватанони бурунмарзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Қайд гардид, ки тоҷикони муқими хориҷи кишвар метавонанд тавассути татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва рушди соҳибкорӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми бештар гузоранд.
Ҳамчунин, истифодаи имкониятҳои ҳамватанони бурунмарзӣ дар самти интиқоли дониш, таҷрибаи касбӣ ва технологияҳои нав яке аз самтҳои муҳими ҳамкории минбаъда арзёбӣ гардид.
Иштирокдорон таъкид намуданд, ки барои истифодаи самараноки имкониятҳои ҳамватанони бурунмарзӣ ва диаспораҳо зарур аст, ки ҳамкории мунтазам миёни сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими хориҷи кишвар ба роҳ монда шавад.
Дар фарҷоми чорабинӣ барои ҳамкории судманд, саҳми назаррас дар таҳкими робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва дастгирии ташаббусҳои созанда як қатор иштирокдорони фаъол бо Сипосномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Show more Show less
Нақши Истиқлол аз дидгоҳи ҳамватанони бурунмарзӣ тавассути шабакаи телевизионӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар чорабинии мазкур роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони Федератсияи Россия иштирок намуда, фикру мулоҳиза ва андешаҳои худро иброз намуданд.
+2
ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ МОСКВА
Бо ибтикори Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чойхонаи миллии тоҷикӣ «Душанбе», воқеъ дар ҳудуди бозори фуруши молу колои «Садовод»-и шаҳри Москва, ҳамоиши идонаи фарҳангӣ баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур ҳамватанони бурунмарзӣ, аҳли илму адаб, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар дӯстдорони фарҳангу мусиқии тоҷикӣ иштирок намуданд. Дар доираи ҳамоиш барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки аҳли ҳунар пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ намоиши молу маҳсулот, аз ҷумлаи либосҳои миллӣ, таомҳои мардумӣ, инчунин китобҳои олимону муҳаққиқони тоҷик ва рус оид ба таъриху фарҳанг ва заминаҳои ташаккули халқи тоҷик, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро инъикос менамуданд, ба намоиш гузошта шуданд. Иштирокчиёни чорабинӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ, аз намоишгоҳ дидан намуда, бо маводи пешниҳодшуда шинос гардиданд.
Зимни баргузории чорабинии фарҳангӣ, масъулини Намояндагӣ ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуда, таъкид карданд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин дастоварди таърихии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди сохти конститутсионӣ ва пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар заминаи устувор фароҳам овардааст.
Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи аҳолӣ, рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳим амалӣ карда шудаанд.
Зимни суханронӣ ҳамчунин зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба таври назаррас густариш ёфта, заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба дар ин самт тақвият дода шудааст. Имруз вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар дар самти таъмини муҳоҷирати бехатар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Россия тадбирҳои муштаракро амалӣ менамоянд.
Дар идомаи чорабинӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд, ки талаботи қонунгузории кишвари иқоматро дар самти муҳоҷират ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ риоя намуда, бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатии худ муносибатҳои меҳнатиро бо корфармоён тибқи талаботи қонунгузорӣ ба расмият дароварда, шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонанд.
Show more Show less
Табрикоти Қурбонов Фахриддин соҳибкори муваффақи тоҷик, муассиси чойхонаи миллии "Оши Исфара" бахшида ба 35 -умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Қодиров Зиёратшо Абдуллоевич доктори илмҳои тиббӣ, профессори Донишгоҳи дӯстии халқҳои шаҳри Москваи Федератсияи Россия бахшида ба 35 -умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Уважаемые сотрудники и ветераны подразделений по вопросам миграции МВД России!
От имени Представительства Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции примите искренние и сердечные поздравления с вашим профессиональным праздником — Днём подразделений по вопросам миграции системы МВД России!
Этот праздник символизирует признание важности и значимости вашей деятельности в обеспечении законности, безопасности и правопорядка в сфере миграции. Ежедневно вы решаете задачи государственной важности, от вашего профессионализма и компетентности напрямую зависит стабильность в обществе.
Ваша служба занимает особое место в системе обеспечения государственной безопасности и правопорядка. Благодаря вашему высокому профессионализму, ответственности и преданности делу создаются условия для достойного пребывания и законного труда мигрантов, укрепляется сотрудничество между нашими странами и развивается гуманитарное взаимодействие.
Мы высоко ценим конструктивное взаимодействие между нашими ведомствами. Реализация совместных соглашений в сфере миграции позволяет сокращать сроки проверок и ускорять принятие решений по вопросам трудовой деятельности граждан Таджикистана в России, а также способствует улучшению обстановки в миграционной среде.
Особые слова благодарности в этот день адресуем ветеранам службы, которые передают свой бесценный опыт и знания молодым сотрудникам.
Желаем вам крепкого здоровья, благополучия, неиссякаемой энергии и дальнейших успехов в вашей ответственной служебной деятельности на благо общества и государства!
С уважением,
Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции
Show more Show less
Табрикоти Қурбонов Нуралӣ Ҳайдарович доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии геологии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе бахшида ба 35 -умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР МИЁНИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ
Имрӯз дар доираи нақша чорабиниҳои Намояндагӣ дар шаҳри Москва дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ варақаи иттилоотӣ тақсим карда шуда, оид ба қонунгузориҳои нави муҳоҷиратӣ, тартиби дурусти истифодаи барномаи “Амина”, ҳолатҳои пешгирикунандаи қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини кафолатҳои меҳнатӣ, инчунин оид ба рияои талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот маълумотҳои муфид дода шуд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҳангоми оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармоёни хориҷӣ зарур аст, ки шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи асли онро дар худ нигоҳ доранд, чун ҳангоми мушкилот дар самти пардохти музди меҳнат ва ҳифзи кафолатҳои меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати танзимкунанда ва тасдиқкунандаи юридикӣ шартномаи меҳнатӣ ба ҳисоб меравад.
Инчунин дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба хатару таҳдидҳои замони муосир, пешгирии онҳо аз гуруҳҳои иртиҷоӣ ва ифротгароии диннӣ, пешгирӣ аз истифодаи маводҳои мухаддиру маводҳои мамнуъшуда маълумот дода шуд.
Зикр гардид, ки дар замони муосир истифодаи воситаҳои муосртарини дастрасӣ ба иттилоот барои ташаккули андешаи фикрии инсоният мусоидат намуда, мутаассифона истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои мамнуъ муҳоҷирони меҳнатиро ба доми фиреб оварда, онҳоро мувоҷеҳи мушкилоти зиёд мегардонад. Вобаста ба ин ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода шуд, ки аз истифодаи сомонаҳои мамнуъ худдорӣ намуда, фарҳанги дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро риоя намоянд.
Дар ҳолати пеш омадани мушкилот ва ё пайдо гардидани саволҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, метавонед ба мутахассисони Намояндагӣ тавассути рақамҳои мазкур дар тамос шавед.
Телефонҳо барои тамос:
1. Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44
ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм
Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00
2. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56;
3. Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60;
4. Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Твер, Смоленск ва Брянск +7 (923) 554 39 36;
5. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 100-95-59;
6. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш.Санкт-Петербург: +7(977)9632569;
7. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
8. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
9. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
10. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур,ш.Хабаровск:+7(985) 2970835;
11.Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.
Show more Show less