Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Russian · active

Subscribers 870 Subscribers, last 30 days: 867 → 868 +1 24h
Reach per post (ERR) 33.2%289 avg views
Posting 1.3/day last 9 hours ago
Reactions per 1K views 15.0 👍 👏 🙏
  1. Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Русия муҳтарам Владимир Путин #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Русия #Россия #Russia #Путин #Putin President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  2. repost

    12 ноябр дар Маскав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд. Дар оғози суҳбат, Сарвари давлати мо натиҷаҳои раёсати Федератсияи Русия дар СААД-ро баланд арзёбӣ карданд. Дар рафти гуфтугӯи пурмуҳтаво ва созанда, ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди комил баррасӣ карданд. Сатҳи баланди муколамаи сиёсӣ бо ишораи хос ба аҳамияти татбиқи пайвастаи мувофиқаҳои дуҷонибаи қаблан бадастомада таъкид гардид. Мубодилаи судманди афкор оид ба таъмини амният ва субот дар минтақа сурат гирифт. 12 ноября в Москве состоялась рабочая встреча Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона с Президентом Российской Федерации, уважаемым Владимиром Путиным. В начале беседы Глава нашего государства дал высокую оценку итогам председательства Российской Федерации в ОДКБ. В ходе содержательных и конструктивных переговоров стороны обсудили широкий спектр вопросов двусторонней и многосторонней повестки в духе полного взаимопонимания и доверия. Был отмечен высокий уровень политического диалога, особое значение было придано последовательной реализации ранее достигнутых договорённостей по двусторонней повестке. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Русия #Россия #Russia #Путин #Putin President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  3. ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГӢ БО БОНУВОНИ МУҲОҶИРИ МЕҲНАТӢ ДАР ВИЛОЯТИ ТВЕР 11 ноябри соли 2026 масъулини Намояндагӣ бо бонувони муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки дар яке аз корхонаҳои дӯзандагии шаҳри Твер фаъолияти меҳнатӣ доранд, вохӯрии машваратӣ баргузор намуд. Дар корхонаи мазкур зиёда аз 40 нафар бонувони муҳоҷири меҳнатӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буда, зимни мулоқот масъалаҳои тағйирот дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия, тартиби барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иқомат ва фаъолияти меҳнатӣ, гирифтани патент, пардохтҳои ҳатмӣ, бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, ба иштирокчиён оид ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ ва гароиш ба гурӯҳҳои ифротӣ тавсияҳои зарурӣ пешниҳод гардиданд. Дар анҷоми мулоқот ба саволҳои муҳоҷирони меҳнатӣ посухҳои мушаххас дода шуда, ҷиҳати риояи қонунгузорӣ, эҳтиром ба фарҳангу анъанаҳои мардуми кишвари иқомат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ тавсияҳои муфид дода шуд. Намояндагӣ баргузории чунин мулоқотҳоро дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ идома дода истодааст.

  4. repost
    +5

    11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. “Умедворем, ки Эъломияи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки имрӯз қабул мегардад, ба истифодаи пурраи имкониятҳои Созмон мусоидат хоҳад кард”, - изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлати мо қабули Изҳороти Шурои амнияти дастҷамъӣ оид ба тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳо барои мубориза бо терроризмро дастгирӣ намуданд. Ёдовар мешавем, ки раёсат дар СААД дар соли 2027 аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад. 11 ноября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон принял участие и выступил на заседании Совета коллективной безопасности Организации Договора о коллективной безопасности в Москве. «Рассчитываем, что принимаемая сегодня Декларация Совета коллективной безопасности ОДКБ будет содействовать полному использованию потенциала Организации», — заявил уважаемый Эмомали Рахмон. Глава нашего государства поддержал принятие Заявления Совета коллективной безопасности об укреплении сотрудничества и координации усилий в целях борьбы с терроризмом. Напомним, что председательства в ОДКБ в 2027 году переходит от России к Таджикистану. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #СААД #ОДКБ #CSTO President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  5. Варзишгарони тоҷик дар Фестивали XIII байналмилалии варзиши мактаббачагони кишварҳои ИДМ иштирок намуданд Аз 1 то 6 ноябри соли 2026 дар шаҳри Москва ва вилояти Москва Фестивали XIII байналмилалии варзиши мактаббачагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид, ки дар он 450 варзишгари навраси аз 12 то 15-сола аз 12 давлат иштирок намуданд. Дар ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ варзишгарони навраси тоҷики муқими кишвари иқомат фаъолона ширкат варзида, дар чор намуди варзиш — тенниси рӯйи миз, волейбол, футбол ва шоҳмот маҳорати касбӣ, иродаи қавӣ ва рӯҳияи баланди дастаҷамъиро нишон доданд. Аз ҷумла, дар мусобиқаи тенниси рӯйи миз Мансур Мнатсаканов дар рақобатҳои инфиродӣ сазовори ҷойи сеюм гардид. Ҳамзамон, дастаи иборат аз Мансур Мнатсаканов, Амир Мнацаканов, Парвина Ниятбекова ва Амина Атобекова дар мусобиқаҳои даставӣ, аз ҷумла рақобатҳои ҷуфтӣ, мақоми сеюмро касб намуда, соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд. Дар мусобиқаи волейбол миёни духтарон дастаи ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон «Нур» дар дивизиони нуқрагин ҷойи сеюмро ишғол намуд. Дар мусобиқаи футбол варзишгарони наврас миёни ҳафт даста ҷойи панҷумро соҳиб гардиданд. Дар рақобатҳои шоҳмот Мира Саидошурова як пирӯзӣ ва Муҳаммад Мавлододов ду пирӯзӣ ба даст оварданд. Дар омодасозӣ ва иштироки муваффақонаи варзишгарони наврас саҳми мураббиёни тоҷики муқими Москва Зайнаб Вазирова, Ашрафмо Зинатшоева, Ҷумъа Чоршамбиев, Судоба Додхудоева ва Шаҳром Навҷувонов назаррас мебошад. Иштироки наврасони тоҷик дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ на танҳо ба рушди маҳорати варзишӣ ва тарбияи ҷисмонии насли ҷавон мусоидат менамояд, балки ҳамчун воситаи муассири таҳкими дӯстӣ, ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва густариши робитаҳои байни миллатҳои кишварҳои ИДМ аҳаммияти хосса дорад.

  6. ТРУДОВЫЕ МИГРАНТЫ В РОССИИ МОГУТ ПОЛУЧИТЬ БЕСПЛАТНЫЕ ЮРИДИЧЕСКИЕ КОНСУЛЬТАЦИИ Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции в целях защиты прав и законных интересов граждан Таджикистана предоставляет бесплатные юридические консультации. Сотрудники Представительства ежедневно проводят активную работу по решению вопросов, связанных с миграцией. Граждане Республики Таджикистан, в том числе трудовые мигранты, могут обращаться в Представительство по вопросам пребывания, осуществления трудовой деятельности, соблюдения миграционного законодательства, трудовых отношений, а также по другим правовым вопросам и проблемам, возникающим в период проживания и работы на территории Российской Федерации. Для обеспечения доступности юридических консультаций гражданам предоставлены единый многоканальный номер телефона и действующая горячая линия. Кроме того, предусмотрена возможность обращения посредством мессенджеров WhatsApp и Telegram. Основные контактные телефоны: • Единый многоканальный номер: +7 (495) 967-98-44 • Горячая линия: +7 (999) 912-58-68 Режим работы: с 9:00 до 18:00. Адрес Представительства: г. Москва, ул. Чаянова, д. 3/40. Адрес электронной почты: prmstj@mail.ru В целях обеспечения более широкого доступа граждан к юридической помощи и консультациям также действуют контактные телефоны представителей в различных регионах Российской Федерации. Центральный федеральный округ: • Москва: +7 (929) 540-88-88, +7 (915) 150-88-82, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56; • Владимир, Иваново и Кострома: +7 (920) 941-60-60; • Тверь, Смоленск и Ярославль: +7 (923) 554-39-46. Другие федеральные округа и регионы: • Северо-Западный федеральный округ, г. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; • Приволжский федеральный округ, г. Казань: +7 (926) 311-52-53; • Южный федеральный округ, г. Астрахань: +7 (929) 388-54-11; • Уральский федеральный округ, г. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99; • Сибирский федеральный округ, г. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77; • Дальневосточный федеральный округ, г. Хабаровск: +7 (914) 202-09-56; • Республика Саха (Якутия), г. Якутск: +7 (999) 217-01-05, +7 (924) 361-80-33. Гражданам Республики Таджикистан рекомендуется при возникновении правовых проблем или необходимости получения достоверной информации о миграционном и трудовом законодательстве Российской Федерации обращаться в Представительство либо по соответствующим региональным контактным телефонам. Своевременное обращение способствует получению необходимой информации, предупреждению правонарушений, а также защите прав и законных интересов трудовых мигрантов.

  7. МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР РОССИЯ МЕТАВОНАНД АЗ МАШВАРАТҲОИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН ИСТИФОДА НАМОЯНД Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон хизматрасониҳои машваратии ҳуқуқии ройгонро пешниҳод намуда, ҳамарӯза масъулини Намояндагӣ ҷиҳати масъалаҳои муҳоҷиратӣ фаъолияти пурсамар намуда истодаанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, метавонанд вобаста ба масъалаҳои будубош, фаъолияти меҳнатӣ, риояи қонунгузории муҳоҷират, муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар мушкилоти ҳуқуқие, ки ҳангоми кору зиндагӣ дар Федератсияи Россия ба миён меоянд, ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд. Барои таъмини дастрасии шаҳрвандон ба машваратҳои ҳуқуқӣ рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ ва хатти оҷил фаъол буда, инчунин имконияти муроҷиат тавассути шабакаҳои WhatsApp ва Telegram фароҳам оварда шудааст. Рақамҳои асосӣ барои муроҷиат: • Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44 • Хатти оҷил: +7 (999) 912-58-68 Реҷаи корӣ: аз соати 9:00 то 18:00. Суроғаи Намояндагӣ: шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40. Суроғаи электронӣ: prmstj@mail.ru Бо мақсади дастрасии бештари шаҳрвандон бо кӯмак ва машваратҳои ҳуқуқӣ, рақамҳои тамос дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия низ фаъол мебошанд: Ҳавзаи федералии Марказӣ: • Москва: +7 (929) 540-88-88, +7 (915) 150-88-82, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56; • Владимир, Иваново ва Кострома: +7 (920) 941-60-60; • Твер, Смоленск ва Ярославл: +7 (923) 554-39-46. Дигар ҳавзаҳо ва минтақаҳо: • Шимолу Ғарб, Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; • Приволжие, Қазон: +7 (926) 311-52-53; • Ҷанубӣ, Астрахан: +7 (929) 388-54-11; • Урал, Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99; • Сибир, Новосибирск: +7 (901) 344-77-77; • Шарқи Дур, Хабаровск: +7 (914) 202-09-56; • Ҷумҳурии Саха (Якутия), Якутск: +7 (999) 217-01-05, +7 (924) 361-80-33. Муроҷиати саривақтӣ барои гирифтани маълумоти зарурӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат менамояд.

  8. repost

    Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Москва #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  9. repost

    10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд. Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия пазироӣ карданд. 10 ноября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон с рабочим визитом прибыл в город Москва Российской Федерации. В аэропорту «Внуково-2» города Москвы Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона встретили высокопоставленные представители Российской Федерации. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  10. 10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар карданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири мудофиа, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. 10 ноября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон отбыл в город Москва Российской Федерации для участия на очередном заседании Совета коллективной безопасности Организации Договора о коллективной безопасности. В ходе визита Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона сопровождают Министр иностранных дел, секретарь Совета безопасности Республики Таджикистан, Министр обороны, помощник Президента Республики Таджикистан по вопросам зарубежных связей и другие официальные лица. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  11. НАШЪАМАНДӢ ВА ИСТЕЪМОЛИ МАВОДИ ПСИХОТРОПӢ — ТАҲДИД БА САЛОМАТӢ, АМНИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН Нашъамандӣ ҳамчун яке аз зуҳуроти хатарноки иҷтимоию тиббӣ ба саломатии инсон, устувории муносибатҳои оилавӣ, фаъолияти меҳнатӣ ва амнияти ҷомеа таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад. Тибқи арзёбиҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, истеъмоли ғайритиббии моддаҳои психоактивӣ метавонад боиси вобастагии равонию ҷисмонӣ, фаъолияти системаи асаб, осеб дидани узвҳои ҳаётан муҳим, коҳиши қобилияти зеҳнию меҳнатӣ ва дар ҳолатҳои вазнин боиси марг гардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла фишори равонӣ, дурӣ аз оила, шароити мураккаби меҳнатӣ, таъсири муҳити номусоиди иҷтимоӣ ва сатҳи нокифояи огоҳии ҳуқуқӣ метавонанд эҳтимоли рӯ овардани баъзе шаҳрвандонро ба истеъмоли чунин моддаҳо зиёд намоянд. Дар натиҷа, шахс метавонад на танҳо саломатӣ ва манбаи даромади худро аз даст диҳад, балки бо мушкилоти ҷиддии ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардад. Хотиррасон менамоем, ки қонунгузории Федератсияи Россия барои истеъмоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва барои амалҳои муайяни марбут ба муомилоти ғайриқонунии онҳо ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, мутобиқи қисми 2 моддаи 6.9 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Федератсияи Россия, истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бе таъйиноти табиб аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ боиси ҷарима ба андозаи аз 4 то 5 ҳазор рубл ё ҳабси маъмурӣ то 15 шабонарӯз, дар ҳар ду ҳолат бо ихроҷи маъмурӣ аз қаламрави Федератсияи Россия мегардад. Ҳамзамон, тибқи моддаҳои 228 ва 228.1 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия, барои амалҳои ғайриқонунии марбут ба бадастоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, истеҳсол ё фурӯши чунин моддаҳо, вобаста ба хусусият ва вазнинии кирдор, ҷазо то маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Бо назардошти ин, Намояндагӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, даъват менамояд, ки аз истеъмоли ғайритиббии маводи нашъадор ва психотропӣ қатъиян худдорӣ намуда, ба пешниҳоди шахсони шубҳанок, ҷалб шудан ба интиқоли бастаҳои дорои муҳтавои номаълум ва иштирок дар ҳама гуна фаъолияти ғайриқонунии марбут ба гардиши маводи нашъадор роҳ надиҳанд. Шаҳрвандоне, ки бо мушкилоти вобастагӣ рӯ ба рӯ шудаанд, бояд барои гирифтани машварат ва кӯмаки тахассусӣ сари вақт ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намоянд. Пешгирии саривақтӣ ва муолиҷаи муносиб метавонанд хавфи оқибатҳои вазнини тиббию иҷтимоиро коҳиш диҳанд. Намояндагӣ таъкид менамояд, ки ҳифзи саломатӣ, риояи қонунгузории кишвари иқомат, масъулиятшиносии шаҳрвандӣ ва интихоби тарзи ҳаёти солим аз шартҳои муҳими фаъолияти бехатари меҳнатӣ, таъмини суботи иқтисодии оила ва ҳифзи шаъну эътибори шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба шумор мераванд. Саломатии худро ҳифз намоед, аз нашъамандӣ дурӣ ҷӯед ва ояндаи худу наздиконатонро зери хатар нагузоред!

  12. +3

    Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд 8 ноябр дар шаҳри Москва ҳунармандони Театри давлатии Академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши «Достони Сиёвуш»-ро ба саҳна гузоштанд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» дар Русия хабар медиҳад. Намоиш бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба хотири татбиқи барномаҳои рушди фарҳанги миллӣ дар ҳамкорӣ бо Театри давлатии Академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар толори «Мастерская – 12»-и Никита Михалков пешниҳод гардид. Ин намоиш аз ҷониби коргардон Баҳром Қурбонзода аз рӯйи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ таҳия гардидааст. Ҳунармандон бо маҳорати баланд ва иҷрои таъсирбахши нақшҳо таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуданд. Дар ҷараёни намоиш ҳунармандони театри тоҷик бо ҳунари касбии худ муҳтавои асарро ба таври таъсирбахш ба тамошобинон пешниҳод карда, паёмҳои ахлоқиву маънавии онро равшан инъикос намуданд. Намоиши «Достони Сиёвуш» таърих ва тамаддуни миллати тоҷику форсро инъикос карда, тарғибгари некӣ, дӯстӣ, адолатхоҳӣ ва инсондӯстию мардонагӣ мебошад. Бояд гуфт, ки намоишномаи «Достони Сиёвуш» дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» сазовори шоҳҷоиза гардида буд.

  13. ВОХӮРИИ ИТТИЛООТИЮ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ШАҲРИ ХАБАРОВСК Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар доираи чорабиниҳои нақшавӣ дар бозори савдои яклухту чаканаи «На Зелёной»-и шаҳри Хабаровск бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ баргузор намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои риояи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия, тартиби будубош ва фаъолияти меҳнатии қонунӣ, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, экстремизму терроризм ва таъмини амнияти иттилоотӣ баррасӣ гардиданд. Дар анҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандон машваратҳои ҳуқуқӣ пешниҳод гардида, роҳҳои иртибот бо Намояндагӣ барои гирифтани ёрии зарурӣ шарҳ дода шуданд.

  14. *ВНИМАНИЕ, ДОРОГИЕ ДРУЗЬЯ!* 7 и 8 ноября 2026 года на сцене театра «Мастерская «12» Никиты Михалкова» состоятся показы двух гастрольных спектаклей Государственного академического драматического театра им. А. Лахути (Таджикистан). *7 ноября, 19:00* «После смерти хоть приди, хоть нет» - по комедии Х. Холикова. Комедия «Хоть приди, хоть нет»: Старик Мавлон возвращается с похорон старого друга. То, что единственный сын покойного не присутствовал на похоронах отца, сильно встревожила Мавлона. *8 ноября, 19:00* Спектакль «Сиявуш» по мотивам поэмы из «Шахнаме» А. Фирдоуси. Царевич Сиявуш при рождении лишается матери и отдается на воспитание знаменитому богатырю Рустаму. *Оба спектакля будут обеспечены переводом на русский язык.* *Адрес театра: Москва, ул. Поварская, д. 33, стр. 1.* Проезд: метро «Баррикадная», выход № 2, далее пешком около 790 м. Заказ билетов: +7 (495) 495-12-12 +7 (915) 079-20-36 Ежедневно с 11:00 до 20:00 (перерыв с 14:30 до 15:00). Также билеты можно приобрести на сайте театра: https://share.google/5gwYmjEOdbxYYhJm0 https://share.google/saZwkCqUJSMfKgK9c Приходите, друзья! Это прекрасный повод встретиться и насладиться яркими актёрскими работами, таджикской театральной культурой и бессмертными образами персидско-таджикской классики.

  15. ТАБРИКОТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Ҳамватанони гиромӣ! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии меъёрии ҳуқуқӣ, таҷассумгари иродаи соҳибихтиёрии халқ ва заминаи бунёдии низоми конститутсионии давлат, асосҳои ҳуқуқии истиқлолияти давлатӣ, волоияти қонун, таҷзияи ҳокимият, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин рушди давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоии кишвари азизамон мебошад. Мавриди зикр аст, ки заминаҳои ташаккулёбии маърифати ҳуқуқии халқи тоҷик таърихи беш аз ҳазорсола дошта, нахуст дар ҷаҳон “Устураи Куруш” чун рамзи адолат, таҳамулпазирӣ ва ҳуқуқи инсон эътироф гардида, дар замони давлатдории Суғдиёну Бохтариён, Сосониёну Сомониён, Тоҳириёну Сафориён ташаккул ёфта, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ормонҳои миллӣ ва озодихоҳии халқи тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври райъпурсӣ ва умумихалқӣ қабул гардидааст. Бо талошҳои пайгирона ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арзишҳои конститутсионӣ ба омили муҳими таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, амниятӣ ва рушди устувори давлатдории миллӣ табдил ёфтаанд. Ба муносибати ин санаи таърихӣ ба тамоми ҳамватанони азиз ва шаҳрвандони дар хориҷи кишвар қарордошта сулҳу субот, саодатмандӣ, эҳтиром ба қонуният ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон таҳкими минбаъдаи соҳибихтиёрӣ, рушди босуботи иқтисодӣ ва пешрафту шукуфоиро орзумандем. Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

  16. МУАРРИФИИ ФАРҲАНГ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН ДАР ФЕСТИВАЛИ «МУКОЛАМАИ ФАРҲАНГҲО» ДАР ҶУМҲУРИИ САХА (ЁҚУТИСТОН) Дар шаҳри Якутски Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон)-и Федератсияи Россия бахшида ба Рӯзи якдилии халқҳои Россия фестивали фарҳангии «Муколамаи фарҳангҳо» («Диалог культур») баргузор гардид, ки дар он намояндагони миллату халқиятҳои гуногун бо муаррифии фарҳанг, анъана, урфу одат ва арзишҳои миллии худ иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур намояндагони ҷамъияти тоҷикони Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) низ фаъолона ширкат варзида, фарҳанги ғанӣ, либосҳои миллӣ, анъанаҳои мардумӣ ва дигар арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷикро муаррифӣ намуданд. Иштироки ҳамватанони мо дар чунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ нишонаи эҳтиром ба мероси пурғановати ниёгон, арҷгузорӣ ба ҳувияти миллӣ ва талошҳои пайваста ҷиҳати ҳифзу тарғиби фарҳангу тамаддуни тоҷикон дар хориҷи кишвар мебошад. Бояд таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳамчун ду кишвари шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимод дорои робитаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ мебошанд. Дар ин замина, баргузории фестивалҳо, ҳамоишҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои муштараки дӯстии халқҳо барои густариши робитаҳои байнифарҳангӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми мутақобила ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Россия аҳамияти муҳим дорад. Дар ҷараёни фестивал иштирокчиён бо барномаҳои рангини фарҳангӣ, либосҳои миллӣ ва намоишҳои гуногуни ҳунарӣ ҳунару анъанаҳои халқҳои худро муаррифӣ намуда, фазои дӯстӣ, ваҳдат ва эҳтироми байнифарҳангиро таҷассум менамуд. Намояндагӣ чунин ташаббусҳои фарҳангиву ҷамъиятиро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид менамояд, ки бешубҳа, ташкилу баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ҳамчун пули дӯстӣ миёни халқҳо хизмат намуда, барои таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия ва таҳкими робитаҳои дӯстонаи мардумони ду кишвар саҳми арзанда мегузорад.

  17. +3

    Таҷлили рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва 4 ноябри соли 2026 дар Сафорат чорабинии тантанавӣ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати кормандони намояндагии дипломатӣ, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик баргузор гардид. Сафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси замина ва қонуни бунёдии давлат масири ҷомеаи демократӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ташаккули сохторҳои ҳокимиятро муайян сохта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат кафили татбиқи ин санад ва арзишҳои он мебошанд. Роҳбари Намояндагӣ инчунин зикр кард, ки Конститутсия Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуда, забон ва дигар рамзҳои давлатиро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд. Ҳамчунин донишҷӯён дар мавзуъҳои: “Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 35-соли Истиқлоли давлатӣ”, “Дипломатияи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон: натиҷаҳо ва дастовардҳо” ва “Саҳми занон дар ташаккул ва рушди низоми миллии маорифи Тоҷикистон дар 35 соли соҳибихтиёрӣ” маъруза намуданд. Дар фарҷом донишҷӯёни фаъол бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

  18. ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГӢ ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛАТҲОИ РОССИЯ ДАР ШАҲРИ НОВОСИБИРСК 4 ноябри соли 2026 дар шаҳри Новосибирск ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллатҳои Россия чорабиниҳои бошукӯҳи фарҳангию идона баргузор гардиданд, ки дар онҳо масъулини Намояндагӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони минтақа фаъолона иштирок намуданд. Дар доираи чорабиниҳо намоишгоҳҳои фарҳангӣ ташкил гардида, анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва арзишҳои миллии халқҳои гуногун муаррифӣ карда шуданд. Аз намоишгоҳҳо губернатори вилояти Новосибирск Андрей Травников, муовини раиси шаҳри Новосибирск М. Останин, Қаҳрамонони Россия ва вакилони Маҷлиси қонунгузории вилоят боздид намуданд. Иштироки ҳамватанон дар чунин чорабиниҳо ба муаррифии фарҳангу арзишҳои миллии Тоҷикистон, таҳкими дӯстии халқҳо, ҳамдигарфаҳмии фарҳангӣ ва густариши муносибатҳои дӯстонаю шарикии стратегии Тоҷикистону Россия мусоидат менамояд.

  19. ПОЗДРАВЛЕНИЕ С ДНЁМ НАРОДНОГО ЕДИНСТВА РОССИИ Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции выражает искренние поздравления и наилучшие пожелания дружественному и братскому народу Российской Федерации по случаю Дня народного единства. Отношения между Республикой Таджикистан и Российской Федерацией, основанные на многовековых традициях дружбы, взаимном уважении, доверии, стратегическом партнёрстве и союзничестве, последовательно укрепляются благодаря твёрдой политической воле, конструктивному диалогу и доверительным отношениям глав двух государств — Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона и Президента Российской Федерации уважаемого Владимира Путина. Выражаем твёрдую уверенность, что традиционные узы дружбы, взаимопонимания и многопланового сотрудничества между нашими братскими народами будут и впредь служить прочной основой дальнейшего укрепления стратегического партнёрства, расширения культурно-гуманитарных связей, обеспечения мира, стабильности и совместного процветания Таджикистана и России. Желаем многонациональному народу Российской Федерации мира, согласия, нерушимого единства, благополучия и дальнейшего устойчивого развития. С уважением, Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции

  20. НАМОЯНДАГӢ АЗ ШАРОИТИ КОРУ ЗИНДАГИИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ВИЛОЯТИ ВОЛГОГРАД БОЗДИД НАМУД Кормандони Намояндагӣ бо мақсади омӯзиши шароити фаъолияти меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва расонидани машваратҳои ҳуқуқӣ аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Городишенски вилояти Волгоград боздид ба амал оварданд. Зимни боздид кормандони Намояндагӣ бо шароити фаъолияти меҳнатӣ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон шинос гардида, бо онҳо мулоқоти судманд баргузор намуданд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои риояи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия, тартиби барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, таъмини бехатарии меҳнат, ҳифзи саломатӣ ва пешгирии ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар анҷоми мулоқот кормандони Намояндагӣ ба саволҳои шаҳрвандон посух дода, онҳоро ба риояи қонунҳои кишвари иқомат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истифодаи мақсадноки воситаҳои иттилоотрасонӣ даъват намуданд. Намояндагӣ дар доираи ваколатҳои худ фаъолияти мунтазамро ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ ва омӯзиши шароити кору зиндагии онҳо дар минтақаҳои Федератсияи Россия идома медиҳад.

  21. Older posts