Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Kazakh · active

Subscribers 874 Subscribers, last 30 days: 867 → 873 +3 24h
Reach per post (ERR) 31.8%278 avg views
Posting 1.3/day last 9 hours ago
Reactions per 1K views 14.8 👍 👏 🙏

ТАБРИКНОМА Ҳамватанони азиз! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират шуморо ба муносибати Рӯзи бузургдошти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ — сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик, одамушшуаро, султони шоирон самимона табрик ва муборакбод менамояд. Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи эҳтироми хос ба ашъор, ҳикмат ва мероси адабии бузурги миллати тоҷик мебошад. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ на танҳо асосгузори адабиёти классикӣ, балки рамзи ҳувияти миллӣ, сарчашмаи маърифат, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ ва бузургии сухани тоҷикӣ аст. Осори ӯ дар тӯли ҳазорсолаҳо дилҳоро равшанӣ мебахшад, забон ва фарҳанги моро эҳё мекунад ва наслҳоро ба эҳтироми таърих, адаб ва анъанаҳои неки миллӣ пайванд месозад. Боиси ифтихор аст, ки ҳамватанони мо дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Федератсияи Россия, бо нигоҳ доштани забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ пайванди худро бо Ватани азиз устувор нигоҳ медоранд. Рӯзи Рӯдакӣ барои ҳамаи мо фурсати муносиб аст, ки бори дигар ба бузургии сухани тоҷикӣ, мероси гаронбаҳои ниёгон ва ваҳдати фарҳангии халқи тоҷик сар фурӯд орем. Дар ин рӯзи фархунда ба ҳар яки шумо саломатии комил, хушбахтии оилавӣ, рӯзгори обод, комёбиҳои нав дар кору фаъолият ва дидори пайвастаи Ватан орзу менамоем. Бигзор номи Рӯдакӣ ҳамеша дар дилҳои мо зинда бошад, забони модарӣ дар хонаи ҳар як ҳамватан садо диҳад ва фарзандони мо бо ифтихор аз мероси бузурги ниёгон ба камол расанд. Рӯзи Рӯдакӣ муборак бошад! Бо эҳтироми самимӣ, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

Views over time

020040060022 Sep 17:0311 Nov 16:0856322 Sep 17:03: 0 views11 Nov 16:08: 563 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
22 Sep 2026, 17:030
11 Nov 2026, 16:08563

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.