Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия кору фаъолият ва будубош доранд, мерасонад, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди Россия маъракаи муҳими сиёсӣ баргузор мегардад, ки аз ҳар як шаҳрванд, махсусан шаҳрванди хориҷӣ масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо менамояд.
Дар ин замина, аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш менамоем, ки аз иштирок дар чорабиниҳои ғайриқонунунӣ худдорӣ намуда, маълумотҳои муҳимро дар самти будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, маҳдудиятҳои ҷорӣ аз сомонаҳои расмии давлатии кишвари иқомат мутолиа намуда, ба шахсони алоҳида ва гуруҳҳои манфиатҷу бовар накарда, ба фаъолияти қонунии худ идома диҳед.
Дар ҳолати пеш омадани мушкилот ва ё пайдо гардидани саволҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, метавонед ба мутахассисони Намояндагӣ тавассути рақамҳои мазкур дар тамос шавед.
УВАЖАЕМЫЕ ГРАЖДАНЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН!
Представительство доводит до сведения граждан Республики Таджикистан, находящихся на территории Российской Федерации, в том числе осуществляющих трудовую и иную законную деятельность, что в сентябре текущего года в Российской Федерации состоится важная общественно-политическая кампания.
В связи с этим призываем каждого гражданина, находящегося на территории Российской Федерации, проявлять ответственность, соблюдать законодательство страны пребывания, уважать установленный общественный порядок и воздерживаться от участия в несанкционированных и иных незаконных мероприятиях.
Гражданам Республики Таджикистан рекомендуется получать информацию о правилах пребывания иностранных граждан, действующих ограничениях и изменениях в законодательстве исключительно из официальных источников государственных органов Российской Федерации, а также не поддаваться на провокации, не распространять непроверенную информацию и не доверять лицам и группам, преследующим неизвестные или сомнительные цели.
Представительство призывает граждан продолжать осуществлять свою трудовую и иную деятельность в строгом соответствии с законодательством Российской Федерации, своевременно соблюдать установленные миграционные требования и внимательно относиться к официальным разъяснениям компетентных органов.
В случае возникновения вопросов или проблем, связанных с пребыванием, трудовой деятельностью и миграционным законодательством Российской Федерации, граждане Республики Таджикистан могут обратиться к специалистам Представительства по следующим номерам телефонов:
1. Единый номер многофункционального обслуживания:
+7 (495) 967-98-44
Действующий номер горячей линии:
+7 (999) 912-58-68 (WhatsApp, Telegram)
Режим работы: с 09:00 до 18:00.
2. Центральный федеральный округ, г. Москва:
ул. Чаянова, д. 3/40
+7 (967) 271-02-02
+7 (988) 676-00-00
+7 (966) 031-22-22
+7 (936) 174-19-92
+7 (915) 368-53-56
3. Центральный федеральный округ — Владимирская, Ивановская и Костромская области:
+7 (920) 941-60-60
4. Центральный федеральный округ — Тверская, Смоленская и Брянская области: +7 (923) 554-39-36
5. Приволжский федеральный округ, г. Казань:
+7 (994) 100-95-59
6. Северо-Западный федеральный округ, г. Санкт-Петербург:
+7 (977) 963-25-69
7. Сибирский федеральный округ, г. Новосибирск:
+7 (901) 344-77-77
8. Южный федеральный округ, г. Астрахань:
+7 (929) 388-54-11
9. Уральский федеральный округ, г. Екатеринбург:
+7 (999) 341-45-99
10. Дальневосточный федеральный округ, г. Хабаровск:
+7 (985) 297-08-35
11. Руководитель общественной организации в Республике Саха (Якутия): +7 (924) 463-55-19
Электронная почта Представительства:prmstj@mail.ru
Фаъол гардидани рақами ягонаи тамос дар Хадамоти консулӣ
Сафорат ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мерасонад, ки аз 4 сентябри соли 2026 дар Хадамоти консулӣ маркази ягонаи тамос бо рақами +7(495) 916-99-99 фаъол карда шуд.
Ҳангоми занг задан муроҷиаткунанда метавонад маълумотро бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ аз рӯи намудҳои хизматрасонии консулӣ интихоб намояд. Пас аз интихоби намуди хизматрасонӣ, занг ба таври худкор ба корманди масъул барои пешниҳоди машварати дахлдор равона карда мешавад.
https://mfa.tj/tg/moscow/view/19377/faol-gardidani-raqami-yagonai-tamos-dar-khadamoti-konsuli
----------
Запуск единого контактного номера телефона в Консульской службе
Посольство информирует граждан Республики Таджикистан в Российской Федерации о том, что с 4 сентября 2026 года при Консульской службе введён в эксплуатацию многоканальный колл-центр по номеру +7(495) 916-99-99.
При звонке обращающий может выбрать таджикский или русский язык, а также интересующий вид консульской услуги. После выбора вида услуги звонок автоматически перенаправляется ответственному сотруднику для предоставления соответствующей консультации.
https://mfa.tj/ru/moscow/view/19377/zapusk-edinogo-kontaktnogo-nomera-telefona-v-konsulskoi-sluzhbe
БОКОРТАЪМИНКУНӢ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ МАНФИАТҲОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти кории Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон дар Россия буда, дар ин самт пайваста бо субъектҳои хоҷагидор, корфармоёни хурду бузург, намояндагони ташкилотҳои бокортаъминкунӣ, вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ мулоқоту вохӯриҳои судманд роҳандозӣ гардида, дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст омадааст.
Дар натиҷаи сиёсати созанда ва тадбирҳои андешидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарики боэътимоду стратегӣ — Россия ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар ин кишвар барои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикстон шароити созгор ва арзанда фароҳам оварда шудааст.
Дар иртибот ба кортаъминкунии шаҳрвандонамон дар давоми соли 2026 аз ҷониби масъулини Намояндагӣ бо корфармоёни зиёда аз 42 мулоқоту вохӯриҳои судманд баргузор гардида, зимни он масъалаҳои омода намудани кадрҳо дар Тоҷикистон вобаста ба тахассусҳои бозорталаби меҳнат, бо ҷойи кор таъмин намудан ва ҳамзамон масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва пешгирии ҳолатҳои нохуш дар истеҳсолот мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шудааст. Дар ин замина, корфармоён аз фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони мо қаноатманд буда, баҳри таҳкими ҳамкориҳо таклифу пешниҳодҳои худро манзур менамоянд.
https://tajmigration.ru/blog/2026/09/04/bokortaminkun-va-ifzi-u-u-u-manfiat-oi-mu-o-ironi-me-nat-dar-federatsiyai-rossiya/
КОНФЕРЕНСИЯ ДАР МАВЗӮИ «ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ»
20 августи соли 2026, дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон ва коршиносони соҳа, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои таркибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мутахассисони соҳаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, инчунин равандҳои муосири демографӣ иштирок намуданд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа дар оғози ҳамоиш иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки дар ин давра тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба таври назаррас рушд намуда, заминаҳои устувори рушди иҷтимоию иқтисодӣ фароҳам оварда шудаанд.
Дар идомаи суханронӣ аз ҷониби вазир қайд гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлол ташаккул ва такмили заминаи ҳуқуқии соҳа мебошад. Дар ин давра Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи ҳунармандӣ», «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» ва дигар санадҳои муҳим қабул гардиданд.
Ҳамзамон, як қатор стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ амалӣ шуданд, ки ба рушди шуғли пурмаҳсул, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди ҳунармандӣ, омодасозии кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардидаанд.
Дар даврони истиқлолият зиёда аз 30 қонун ва 70 қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзими самтҳои фаъолияти вазорат таҳия, қабул ва амалӣ гардиданд.
Зимни конференсия ба масъалаҳои мутобиқ намудани низоми омодасозии кадрҳо ба талаботи воқеии бозори меҳнат таваҷҷуҳ зоҳир гардида, аз ҷониби вазир таъкид карда шуд, ки вазифаи мо гузариш ба модели нави касбомӯзӣ мебошад, ки ҳадафи он касбомӯзӣ барои шуғли устувор, даромади муносиб ва рушди минбаъдаи касбӣ бошад.
Дар ин самт ҳамкории вазорат бо муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо, корфармоён ва бахши хусусӣ бояд боз ҳам густариш ёбад.
Зикр карда шуд, ки таҳқиқоти илмии амалгаро, маълумоти дақиқ, пешгӯии равандҳо ва тавсияҳои илман асоснок заруранд.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки дар баробари рушди малакаҳои касбӣ, баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ низ аҳамияти муҳим дорад. Дар ин замина, зарурати тақвияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби олимону муҳаққиқони соҳа махсус таъкид гардид.
Дар ҷараёни конференсия иштирокчиён масъалаҳои мубрами соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, доир ба нақши сиёсати иҷтимоӣ дар таъмини сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ, ташаккули шуғли пурмаҳсул дар иқтисоди кишвар, таъсири омилҳои хориҷӣ ба дурнамои рушди бозори меҳнат, меъёргузорӣ ва пардохти меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, ва таълими калонсолон, инчунин омилҳои ташаккули шуғли пурмаҳсул ва нақши кадрҳои баландихтисос мубодилаи афкор сурат гирифт.
Бо дарназардошти нақши муҳими сиёсати иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ, инчунин бо таъкид ба аҳамияти рушди бозори миллии меҳнат, фароҳам овардани ҷойҳои кории муносибу пурмаҳсул, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва рушди сармояи инсонӣ, масъалаҳои мубрами соҳаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, аҳамияти танзими самараноки равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани малакаҳои касбии қувваи корӣ ба талаботи тағйирёбандаи бозори меҳнат, ки дар заминаи рушди технологияҳои нав ва рақамикунонии иқтисодиёт ба миён меоянд, таъкид гардид.
ПОСУХИ МУТАХАССИС:
- Пеш аз сафар ба Россия чӣ бояд кард?
- Барои гирифтани маълумот дар самти фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷа чӣ бояд кард?
- Тартиби сафар ба Федератсияи Россия ?
Ин ва дигар саволҳо дар самти фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россияро дар видеои мазкур тамошо намоед.
МУОИНАИ ТИББӢ — ТАЛАБИ ҲАТМӢ БАРОИ БУДУБОШИ ДАРОЗМУДДАТ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират хотиррасон мекунад, ки аз 1 сентябри соли 2026 тибқи тағйироти қонунгузории Федератсияи Россия, шаҳрвандони хориҷие, ки ба муҳлати зиёда аз 90 рӯз ба Россия ворид мешаванд, бояд дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи воридшавӣ аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Муоинаи тиббӣ барои муайян намудани мавҷудияти бемориҳои сироятии барои ҷомеа хавфнок, сирояти ВНМО ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Россия гузаронида мешавад. Натиҷаи муоина дар шакли хулосаи тиббӣ, аз ҷумла электронӣ, ба низоми ягонаи иттилоотии Вазорати тандурустии Россия ворид карда мешавад. Дар сурати ошкор гардидани бемориҳои хавфнок ё истеъмоли моддаҳои мамнуъ, муассисаи тиббӣ дар муҳлати 24 соат мақомоти дахлдори Россияро огоҳ менамояд. Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россияро риоя намуда, муоинаи тиббиро дар муҳлати муқарраргардида гузаранд. Барои саркашӣ ё рад намудани муоинаи тиббӣ чораҳои зерин пешбинӣ шудаанд: • ихтисори муҳлати будубош дар Федератсияи Россия; • ҷарима ба маблағи 25–50 ҳазор рубл бо эҳтимоли ихроҷи маъмурӣ; • дар сурати сари вақт напардохтани ҷарима — ҷарима ба андозаи дукарата ва ихроҷи ҳатмӣ. Ҳамзамон, барои тайёр намудан ва ба муомилот баровардани маълумотномаҳои қалбакӣ оид ба набудани бемориҳои хавфнок ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Намояндагӣ аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки танҳо аз муассисаҳои тиббии расмӣ истифода бурда, аз хизматрасониҳои ғайриқонунӣ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ худдорӣ намоянд.
Дар ҳолати пайдо гардидани савол ва ё гирифтани машварати ҳуқуқӣ, шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд. Телефонҳо барои тамос:
Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 100-95-59;
Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11;
Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.
НАҚШИ ТАНЗИМ ДАР БОЛОРАВИИ НЕКУАҲВОЛИИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН
Дар шароити муосир, ки иқтисоди миллӣ ва ҷаҳонӣ бо тағйирёбии босуръати равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ рӯ ба рӯст, банақшагирии стратегӣ ба сифати яке аз фишангҳои калидии рушди устувор мавқеи хос касб намудааст. Ҳар як давлат барои таъмини некуаҳволии шаҳрвандон, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисод ва татбиқи ҳадафҳои дарозмуддат ба низоми банақшагирии стратегӣ ниёз дорад. Дар ин раванд, ҳадафи асосӣ на танҳо рушди иқтисодӣ, балки фароҳам овардани шароити мусоид барои сатҳи беҳтари зиндагӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифат ва баланд бардоштани устувории иҷтимоӣ мебошад.
Тибқи арзёбии Созмони Милали Муттаҳид, кишварҳое, ки системаи самараноки банақшагирии стратегӣ доранд, дар иҷрои ҳадафҳои рушди устувор (SDGs) дар муқоиса бо кишварҳои бе стратегияи ягона то 35–40 фоиз муваффақтар мебошанд. Мисолҳои муваффақи кишварҳои Скандинавия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Сингапур нишон медиҳанд, ки банақшагирии дарозмуддат ва пайваста метавонад ба сатҳи баланди некуаҳволӣ, адолати иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ бирасонад.
Таърихи кишварҳои муваффақ ва таҳқиқоти байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки сатҳи некуаҳволии мардум бевосита аз сифати стратегияи миллӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, барои кишварҳо зарур аст, ки низоми банақшагирии стратегиро пайваста такмил дода, сиёсати иқтисодию иҷтимоии худро ба ҳадафҳои дарозмуддати рушд мутобиқ намоянд.
Яке аз ҷанбаҳои асосии банақшагирии стратегӣ дар шароити кишвари мо ин рияои танзим ҳангоми амалӣ намудани маросимҳои анъанавӣ ва суннатӣ ба шумор меравад. Расму оинҳо чун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ таърихан дар тарзи зиндагӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва ниҳоят дар худшиносии миллӣ нақши калидӣ доштаанд. Дар ҷомеаи тоҷик, ки бойигарии маънавии мардум ва анъанаҳои фарҳангӣ аз қадим реша доранд, маърифати марбут ба расму оинҳо ҳамеша ҳамчун арзиши муқаддас пазируфта мешуд. Вале тайи солҳои қаблӣ аз ҳад зиёд сермасраф гардидани ҷашну маъракаҳо ва анъанаҳои мардумӣ бори гарон ба сари мардуми Тоҷикистон овард.
Мусаллам аст, ки дар охири солҳои 90-уми асри гузашта ва ибтидои ҳазораи навин як гурӯҳ омилҳои иҷтимоӣ, аз қабили болоравии сатҳи зиндагӣ, рақобати оммавӣ дар инъикоси имкони иқтисодӣ, коҳиши сатҳи саводи молиявии аҳолӣ ва хусусияти ифротӣ гирифтани расму оинҳои аз фарҳанги аслӣ дуршуда ба пайдоиши шаклҳои гаронкунанда ва исрофкоронаи расму оинҳо мусоидат карданд.
Мутобиқи таҳқиқоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005–2006), хароҷоти миёна барои тӯйҳо, маъракаҳои хешутаборӣ ва маросимҳои гуногун дар баъзе минтақаҳо 2–3 маротиба аз даромади миёнаи солонаи оилаҳо бештар буд. Ин вазъ ба афзоиши қарздорӣ, боло рафтани – фишори иҷтимоӣ, кам гаштани имкони сармоягузорӣ барои таҳсил, тандурустӣ, тиҷорат ва дар маҷмуъ, ба паст шудани сатҳи иқтисодӣ мусоидат менамуд.
Аз ин рӯ, танзими расму оинҳо ҳамчун як иқдоми зарурии иҷтимоиву иқтисодӣ тавассути қонунгузорӣ ба шумор меравад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8 июни соли 2007, №272 қабул карда шуд, ки қонуни мазкур дар ҳақиқат мардумӣ буда, дар он манфиатҳои табақаҳои гуногуни аҳолӣ ба инобат гирифта шудааст.
Иштирокчиёни равандҳои таҳлилии байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО ва муассисаҳои таҳқиқотии минтақавӣ, Қонуни мазкурро яке аз иқдомҳои муваффақ ва нодири идораи фарҳанги иҷтимоӣ дар сатҳи миллӣ арзёбӣ мекунанд.
Агар мо хоҳем, ки бо дарназардошти муҳлати сипаришуда аз натиҷаи татбиқи ин қонуни муҳим натиҷагирӣ намоем, пас метавон ба хулосае расид, ки маросимҳои оддӣ ва хоксорона ба ҳифзи фарҳанги аслӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳамбастагии ҷомеа мусоидат намуданд. Дар ҷомеашиносӣ ин раванд ҳамчун «таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ» арзёбӣ мешавад.
Шарипов Амриддин – мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ
Уважаемые граждане Российской Федерации! Дорогие соотечественники и друзья!
От имени Представительства Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации и от себя лично сердечно поздравляю вас с государственным праздником — Днем Государственного флага Российской Федерации!
Российский триколор — это не просто официальный символ, это олицетворение многовековой истории, незыблемости государственных устоев и единства многонационального народа великой страны. Этот флаг развевается над просторами, объединяющими сотни народов и культур, и служит напоминанием о верности традициям взаимного уважения и добрососедства.
Для нас, граждан Республики Таджикистан, Россия является стратегическим партнером и близким союзником. Нас связывают узы братской дружбы, общего исторического прошлого и огромного потенциала совместного будущего. Российский флаг, как и флаг Таджикистана, символизирует мир, стабильность и стремление к прогрессу — те ценности, которые мы разделяем и бережем.
Особые слова признательности в этот день хочется выразить нашим трудовым мигрантам, которые живут и работают на российской земле. Благодаря вашему труду, уважению к законам и культуре принимающей страны, мы вносим свой посильный вклад в развитие экономических и гуманитарных связей между нашими государствами, укрепляя тем самым межнациональное согласие.
Желаю всем жителям Российской Федерации крепкого здоровья, мира и благополучия. Пусть Государственный флаг России всегда будет символом гордости и вдохновения, а ваша страна процветает под его сенью еще многие столетия!
С уважением и теплотой,
Руководство и коллектив Представительства Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации.
Савдои одамон ҳамчун падидаи поймолсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Мутобиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон
Маълумоти бештар дар инҷо: https://www.facebook.com/share/p/199Vxz1YvJ/?mibextid=wwXIfr
БАРРАСИИ ҶАЛБИ МУТАШАККИЛОНАИ ҚУВВАИ КОРИИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ
Бо мақсади татбиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи сафарбаркунии муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия вохӯрии гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Кумитаи ҳамкориҳои байналмилалии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Санкт Петербург баргузор гардид.
Дар вохурӣ масъалаи бокортаъминкунии муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Санкт - Петербург ва вилояти Ленинград, баррасӣ гардида, Созишномаи ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатии байналмилалии шаҳри Санкт Петербург ва корфармоёни алоҳида аз қабили: ҶДММ "Мастер принт", ҶСП "Березовское", ҶДММ "Инжиниринг СВ" ва СИ "Шопен Дмитрий Алексеевич" ба имзо расонида шуд.
Инчунин дар доираи сафари корӣ аз Маркази муҳоҷирати "Южный", ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳуҷҷатҳои будубошди қонунӣ дар ҳудуди шаҳри Санкт Петербург ва вилояти Ленинград барасмият медарорад боздид гардида, бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ гузаронида шуд.
ШАЙХУРРАИС АБУАЛӢ ИБНИ СИНО
https://ehukumat.tj/site/mehnat-tjk/press/news/details/7748?lang=tg
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ боз як ташаббуси нави маънавии ҷаҳонӣ зоҳир намуданд. Ин иқдоми Пешвои миллат нишонаи эҳтиром ва арҷгузорӣ нисбати шахсияти яке аз чехраҳои тарихии ниёгонамон буда, аҳамият ва моҳияти ҷаҳонӣ дорад.
Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино ( муосиронаш ӯро ҳамин тавр ном дода буданд ) дар оилаи тоҷикзабон таваллуд ва ба воя расидааст. Падараш Абдулло аз Балх, ки асосан он ҷо форсзабонон-тоҷикон зиндагӣ доштанд, мебошад. Азбаски бо сарвари сулолаи Сомониён-шоҳ Сомон пайвандӣ доштан, ба Бухоро меояд. Ӯ дар девони давлати Сомониён вазифаи ҷамъоварии закотро ба уҳда дошт. Бо Ситора аз табори ашрофзодаҳои тоҷики Бухоро – сокини деҳаи Афшана (ноҳияи Бухоро) оила барпо менамояд.
Аз ин оилаи тоҷикзабон (модараш Ситора ном доштан исботи тоҷик будани ӯст) соли 980 Абуалӣ ибни Сино таваллуд меёбад. Бо доштани донишу заковат ва зеҳни бурро дар синни ҳаждаҳсолагӣ ҳамаи илмҳои он замонро меомӯзад. Донандаи забонҳои форсӣ, арабӣ, юнонӣ буд. Тавассути забони юнонӣ бо асарҳо ва таълифоти файласуфони юнонӣ ошно гашта, баъдан худи ӯ бо инкишофу такмили ғояҳои фалсафӣ дар ин бахши илм муваффақ шудааст.
Дар аҳди Сомониён,ки давраи ташаккулёбии халқи тоҷик дониста мешавад, шароити мусоиде барои рушди илму фарҳанг фароҳам омад. Олимоне чун Абуалӣ ибни Сино, Берунӣ, Форобӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карданд. Абуалӣ ибни Сино бахусус нисбати илми тиб таваҷҷуҳи зиёде дошт.
Ҳануз дар аҳди Сомониён ҳамчун табиб машҳур гашта буд. Ба хотири муолиҷа намудани амир Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ дар китобхонаи машҳури аҳди Сомониён роҳ меёбад ва ҳамчун донандаи чанд забон адабиёти доир ба риштаҳои мухталифи илму фанро ҳамаҷониба азхуд менамояд. Ин имконияти муносиб дар таҳсилоту донишандӯзӣ, ташаккули шахсияти Абуалӣ ибни Сино ба аҳамияти калон молик мебошад.
Давлати сулолаи Сомониён баъди чанд муддати ҳукмрониаш ба таҳдиди Қарахониҳо ва ҳамлаи султон Маҳмуди Ғазнавӣ дучор гашта, ниҳоят соли 999 барҳам мехурад. Ба сари давлат омадани намояндаи забону миллати ғайр таъкибу таҳдиди уламо ва удабои тоҷикзабонон оғоз меёбад.
Чун Фирдавсӣ Абуалӣ ибни Сино низ аз дасти султон Маҳмуд хоки Бухороро тарк менамояд. Султон Маҳмуд Абуалӣ ибни Синоро барои дар дарбораш хизмат кардан даъват менамояд. Бинобар рад кардани ин пешниҳод ба ғазаби султон Маҳмуди ғаддор гирифтор мешавад. Аз ҳамин давра дурудароз сарсону саргардонии ӯ оғоз меёбад. Дар Хоразм, Абевард, Гургон, Қазвин, Рай, Исфаҳон панаҳ меҷӯяд.
Дар Исфаҳон муддате ба дарбори Алоуддавла хизмат кард. Мутобиқи фармони ҳокими Исфаҳон Алоуддавла Абуалӣ ибни Сино асари машҳураш “ Донишнома” ё “Донистанномаи Алоӣ”- ро бо забони тоҷикӣ менависад. Аммо инҷо низ аз таъкибу таҳдид халосӣ надошт.
Ниҳоят ба Ҳамадон, ки дар қаламрави султон Маҳмуд қарор надошт, панаҳ мебарад. Дар инҷо ба дарсгӯйӣ ва табобат машғул шуда,асарҳои зиёдеро таълиф менамояд. Аз шарҳи ҳоли мухтасари шайхурраис Абуалӣ ибни Сино маълум мегардад, ки ба кадом забону миллат мансубият дорад.
Ба дарбори султон Маҳмуди турктабор хизмат накардану ҷони худро ба хатар гузоштан, рӯ ба ҳиҷрат овардану гирифтори мушкилоти зиёди зиндагӣ шудан, ниҳоят волидайни ӯ аз табори тоҷикон будан, бидуни баҳсу мунозира ин ва дигар далелҳо бурҳони қотеъ ҳастанд, ки аз ҳар ҷиҳат Абуалӣ ибни Сино тоҷики асл буд.
Ашъори беш аз ҳазор сол қабл эҷодкардааш бо содагию равонӣ, ҳусни баён барои хонандаи имрӯз ҳам ошно, гуворою фаҳмо мебошад. Мисли ин байти шайхурраис Абуалӣ ибни Сино :
Ҳаройина,хайри фаровон ҳикмат аст,
Неъмати он бартарин неъмат аст.
Маҳмадбекзода Моёншо.,доктори илмҳои сиёсӣ,директори Муассисаи давлатии ”Пажӯҳишгоҳи меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ”
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки бо дар назардошти баъзе маҳдудиятҳо нисбат ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия саҳифаи расмии Намояндагӣ дар шабакаи иҷтимоии “МAX” фаъол гардонида шудааст, ки аз он метавон маълумоти саривақтиро пайгирӣ кард. Платформаи мазкур имкон медиҳад, ки дар ҳолати маҳдуд будани хати ҷаҳонии интернет дар минтақаи ҷойгиршавӣ, шаҳрвандон ба иттилооти саривақтӣ дастрасӣ дошта бошанд.
Саҳифаи расмии Намояндагиро дар линки мазкур, боргирӣ намоед: https://max.ru/c/-71868725168678/AaAS0_XQZD0
Дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо, гирифтани маълумоти саривақтӣ ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон шаҳрвандон низ метавонанд тавассути платформаи “Макс” бо мутахассисони Намояндагӣ тавассути шумораи +7 (999) 912-58-68 дар тамос шаванд.
Телефонҳо барои тамос бо масъулини Намояндагӣ:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 100-95-59;
3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4. Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
5. Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11;
6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.