Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Kazakh · active

Subscribers 874 Subscribers, last 30 days: 867 → 873 +3 24h
Reach per post (ERR) 31.8%278 avg views
Posting 1.3/day last 9 hours ago
Reactions per 1K views 14.8 👍 👏 🙏

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ МОСКВА Бо ибтикори Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чойхонаи миллии тоҷикӣ «Душанбе», воқеъ дар ҳудуди бозори фуруши молу колои «Садовод»-и шаҳри Москва, ҳамоиши идонаи фарҳангӣ баргузор намуд. Дар чорабинии мазкур ҳамватанони бурунмарзӣ, аҳли илму адаб, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар дӯстдорони фарҳангу мусиқии тоҷикӣ иштирок намуданд. Дар доираи ҳамоиш барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки аҳли ҳунар пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ намоиши молу маҳсулот, аз ҷумлаи либосҳои миллӣ, таомҳои мардумӣ, инчунин китобҳои олимону муҳаққиқони тоҷик ва рус оид ба таъриху фарҳанг ва заминаҳои ташаккули халқи тоҷик, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро инъикос менамуданд, ба намоиш гузошта шуданд. Иштирокчиёни чорабинӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ, аз намоишгоҳ дидан намуда, бо маводи пешниҳодшуда шинос гардиданд. Зимни баргузории чорабинии фарҳангӣ, масъулини Намояндагӣ ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуда, таъкид карданд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин дастоварди таърихии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди сохти конститутсионӣ ва пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар заминаи устувор фароҳам овардааст. Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи аҳолӣ, рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳим амалӣ карда шудаанд. Зимни суханронӣ ҳамчунин зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба таври назаррас густариш ёфта, заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба дар ин самт тақвият дода шудааст. Имруз вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар дар самти таъмини муҳоҷирати бехатар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Россия тадбирҳои муштаракро амалӣ менамоянд. Дар идомаи чорабинӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд, ки талаботи қонунгузории кишвари иқоматро дар самти муҳоҷират ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ риоя намуда, бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатии худ муносибатҳои меҳнатиро бо корфармоён тибқи талаботи қонунгузорӣ ба расмият дароварда, шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонанд.

Views over time

010020030014 Sep 04:0511 Nov 16:0831714 Sep 04:05: 0 views11 Nov 16:08: 317 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
14 Sep 2026, 04:050
11 Nov 2026, 16:08317

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.