Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Kazakh · active

Subscribers 874 Subscribers, last 30 days: 867 → 873 +3 24h
Reach per post (ERR) 31.8%278 avg views
Posting 1.3/day last 9 hours ago
Reactions per 1K views 14.8 👍 👏 🙏

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ДИАСПОРАҲО ВА ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ Дар идомаи вохӯрию мулоқотҳо бо диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар Конференсияи миллӣ, ки дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza Dushanbe» баргузор гардид, санаи 17 сентябри соли 2026 дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазир бо намояндагони диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзии муқими минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Аморати Муттаҳидаи Араб ва Австрия баргузор гардид. Зимни вохурӣ роҳҳои густариши ҳамкориҳо миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диаспораҳо (ҷамъятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз ҷониби намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон як қатор пешниҳодҳои судманд манзур гардиданд. Дар хотима намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон барои саҳми арзанда дар таҳкими робитаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти кор бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз кишвар ба фаъолияти муваққатии меҳнатӣ машғуланд, бо Сипосномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Views over time

020040060018 Sep 06:2811 Nov 16:0862418 Sep 06:28: 0 views11 Nov 16:08: 624 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
18 Sep 2026, 06:280
11 Nov 2026, 16:08624

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.