Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Kazakh · active

Subscribers 874 Subscribers, last 30 days: 867 → 873 +3 24h
Reach per post (ERR) 31.8%278 avg views
Posting 1.3/day last 9 hours ago
Reactions per 1K views 14.8 👍 👏 🙏

АЗ ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒ БА КОРТҲО Ё СУРАТҲИСОБҲОИ ШАХСОНИ НОМАЪЛУМ ХУДДОРӢ НАМОЕД Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ҳангоми анҷом додани интиқоли маблағ эҳтиёткор буда, ба суратҳисобҳои шахсони номаълум, фондҳои ношинос ва ё кортҳои шахсони бегона худдорӣ намоед. Хотиррасон менамоем, ки гуруҳҳои манфиатҷӯ, фондҳои қалбакӣ ва шахсони ношинос бо мақсади ба даст овардани маблағҳои муфт, наворҳои сохта, аксҳои тавассути барномаҳои муосир сохташударо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн ва нашр намуда, аз мардум маблағҳои муфтро гирдоварӣ менамоянд. Дар ин замина ёдовар бояд шуд, ки гурӯҳҳои алоҳидаи ифротгароӣ ва экстремистӣ бо баҳонаи расонидани кӯмаки хайриявӣ, ёрӣ ба шахсони ниёзманд, зарардидагон ва ё бо дигар мақсадҳои иҷтимоӣ аз шаҳрвандон интиқоли маблағро дархост намуда, дар ин асно фаъолияти ба зоҳир хайриявӣ метавонад аз ҷониби шахсон ё ташкилотҳое амалӣ гардад, ки барои ҷамъоварии маблағ асосҳои қонунӣ надоранд ва ё метавонанд мақсадҳои ғайриқонунӣ дошта бошанд, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Россия интиқолдиҳандаи маблағ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад. Намояндагӣ аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки ба шахсони ношинос, ташкилотҳо, фондҳо ва гурӯҳҳое, ки фаъолияти онҳо ба таври боэътимод тасдиқ нашудааст, маблағ интиқол надиҳанд ва пеш аз фиристондани маблағ ваъзи ҳуқуқии ташкилот ва шахси қабулкунандаро санҷанд. Зарур аст, ки пеш аз анҷом додани ҳар гуна интиқоли маблағ маълумоти пурра дар бораи гирандаи маблағ, номи расмии ташкилот, қонунӣ будани фаъолияти он, реквизитҳои бонкӣ ва мақсади ҷамъоварии маблағ санҷида шавад. Ба реквизитҳое, ки тавассути каналҳои ношиноси Telegram, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ё аз ҷониби шахсони номаълум пешниҳод мешаванд, маблағ интиқол надиҳед. Инчунин дар ҳолатҳое, ки аз шаҳрвандон талаб карда мешавад маблағро ба “корти шахсии бонкӣ, ҳамёни электронӣ ё суратҳисоби шахсони сеюм” интиқол диҳанд, инчунин ҳолатҳое, ки пинҳон намудани мақсади пардохт ё анҷом додани интиқол ба манфиати шахсон ё ташкилотҳои ношинос талаб карда мешавад, диққати махсус зоҳир намоед. Дар хотир доред! Тибқи қисми 1.1 моддаи 205.1 Кодекси ҷиноии Федератсияи Россия, маблағгузории терроризм кирдори ҷиноӣ буда, ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун барои чунин кирдор ҷазо, аз ҷумла маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 сол ва дар ҳолатҳои муайяншуда ҳатто ҷазои якумра пешбинӣ гардидааст. Аз ин рӯ, ҳатто агар ҷамъоварии маблағ бо баҳонаи «ёрии хайриявӣ» ё «кӯмаки иҷтимоӣ» пешниҳод гардад, дар сурати мавҷуд будани шубҳа нисбат ба гирандаи маблағ ё мақсади воқеии ҷамъоварӣ, аз интиқоли маблағ худдорӣ намоед. Тавсия медиҳем, ки ба муроҷиатҳои эҳсосотӣ дода нашавед, ба ваъдаву исрори шахсони ношинос бовар накунед ва пеш аз санҷидани маълумот барои интиқоли маблағ шитоб накунед. Дар сурати пайдо шудани шубҳа ё гумонбарӣ тавсия дода мешавад, ки мукотиба, мушаххасоти бонкӣ, истинод ва дигар маълумоти марбут ба ҷамъоварии маблағро нигоҳ дошта, барои гирифтани машварат ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоед. Ҳушёр бошед! Амнияти худ ва маблағҳои худро ҳифз намоед! Телефонҳо барои тамос: 1. Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44 ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00 2. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56; 3. Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60; 4. Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Твер, Смоленск ва Брянск +7 (923) 554 39 36; 5. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 100-95-59; 1. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш.Санкт-Петербург: +7(977)9632569; 2. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77; 3. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11; 4. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99; 5. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур,ш.Хабаровск:+7(985) 2970835; 6. Ҷумҳурии Саха -Якутия, шаҳри Якутск: +7 (999) 217 01 05;

Views over time

020040060022 Sep 04:0411 Nov 16:0851822 Sep 04:04: 0 views11 Nov 16:08: 518 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
22 Sep 2026, 04:040
11 Nov 2026, 16:08518

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)