Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Kazakh · active

Subscribers 874 Subscribers, last 30 days: 867 → 873 +3 24h
Reach per post (ERR) 31.8%278 avg views
Posting 1.3/day last 9 hours ago
Reactions per 1K views 14.8 👍 👏 🙏

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ МУСАЛМОНОНИ ВИЛОЯТИ ТВЕР Масъулини Намояндагӣ дар шаҳри Твери Федератсияи Россия бо Муфтии мусалмонони вилояти Твер Сайфудинов Тоир Бариевич оид ба таҳкими ҳамкориҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии муҳоҷирони меҳнатӣ аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ, гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ оид ба талаботҳои нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мулоқот намуд. Зимни мулоқот муфтии мусалмонони вилояти Твер фаъолнокии тоҷикони муқимӣ ва муҳоҷирони меҳнатиро дар корҳоои ободониву созандагӣ ва корҳои ҷамъиятӣ иброз намуда, масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба талаботҳои нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт. Таъкид гардид, ки ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ ва паст намудудани ҳолатҳои ҷиноӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки тавассути гуруҳҳо ва шахсони алоҳида тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ амалӣ мегардад, тадбирҳои муштарак дар ин самт аз манфиат холӣ нест.

Views over time

020040017 Sep 13:0411 Nov 16:0837217 Sep 13:04: 0 views11 Nov 16:08: 372 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
17 Sep 2026, 13:040
11 Nov 2026, 16:08372

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.