Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Kazakh · active

Subscribers 874 Subscribers, last 30 days: 867 → 873 +3 24h
Reach per post (ERR) 31.8%278 avg views
Posting 1.3/day last 9 hours ago
Reactions per 1K views 14.8 👍 👏 🙏

КОНФЕРЕНСИЯИ МИЛЛӢ ДАР МАВЗӮИ «ҶАЛБИ ДИАСПОРАҲОИ ТОҶИКОН ВА ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ ҲАМЧУН ШАРИКОНИ РУШДИ КИШВАР» https://ehukumat.tj/site/mehnat-tjk/press/news/details/8847?lang=tg Санаи 15 сентябри соли 2026 дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza»-и шаҳри Душанбе Конференсияи миллӣ бо дастгирии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷалби диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, диаспораҳои тоҷикон, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон, соҳибкорон, олимон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, дар чорабинӣ намояндагони диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Туркия, Нидерланд, Белгия, Австрия ва Италия иштирок намуда, дар муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ ва ҷалби иқтидори ҳамватанони бурунмарзӣ ба рушди Тоҷикистон ибрози назар намуданд. Ҳадафи асосии конфронс таҳкими ҳамкории давлат бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва диаспораҳои тоҷик, истифодаи самараноки иқтидори зеҳнӣ, касбӣ, илмӣ ва соҳибкории онҳо, ҷалби сармоя ва технологияҳои муосир, инчунин муайян намудани роҳҳои нави ҳамкорӣ арзёбӣ гардид. Аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ ба нақши ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди минбаъдаи кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, таъкид намуданд, ки тоҷикони муқими хориҷи кишвар дорои имкониятҳои васеи касбӣ, илмӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мебошанд. Қайд гардид, ки истифодаи самараноки ин имкониятҳо метавонад ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби технологияҳои нав, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии кишвар мусоидат намояд. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода дар баромади худ ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла тақвияти ҳамкорӣ бо Точикистониён, фароҳам овардани имкониятҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ҷалби ҷавонону насли наврас ба корҳои созандагӣ дар Ватан, тарғибу ҳифзи забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, инчунин рушди робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, зарурати таҳкими механизмҳои ҳамкорӣ бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзиро таъкид намуд. Дар идомаи чорабинӣ намояндагони диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз кишварҳои гуногун низ суханронӣ намуда, оид ба таҷрибаи фаъолияти диаспораҳо, нақши онҳо дар муттаҳид намудани тоҷикони муқими хориҷи кишвар ва роҳҳои густариши робита бо Тоҷикистон андешаҳои худро баён карданд. Дар рафти конфронс ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон, соҳибкорон ва олимон суханронӣ карда, оид ба имкониятҳои ҷалби сармоя, технология ва таҷрибаи байналмилалӣ ба кишвар, рушди захираҳои инсонӣ ва истифодаи иқтидори зеҳнии ҳамватанони бурунмарзӣ пешниҳодҳои худро баён намуданд. Дар чорабинӣ махсусан ба масъалаи ҷалби сармояи ҳамватанони бурунмарзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Қайд гардид, ки тоҷикони муқими хориҷи кишвар метавонанд тавассути татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва рушди соҳибкорӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми бештар гузоранд. Ҳамчунин, истифодаи имкониятҳои ҳамватанони бурунмарзӣ дар самти интиқоли дониш, таҷрибаи касбӣ ва технологияҳои нав яке аз самтҳои муҳими ҳамкории минбаъда арзёбӣ гардид. Иштирокдорон таъкид намуданд, ки барои истифодаи самараноки имкониятҳои ҳамватанони бурунмарзӣ ва диаспораҳо зарур аст, ки ҳамкории мунтазам миёни сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими хориҷи кишвар ба роҳ монда шавад. Дар фарҷоми чорабинӣ барои ҳамкории судманд, саҳми назаррас дар таҳкими робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва дастгирии ташаббусҳои созанда як қатор иштирокдорони фаъол бо Сипосномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Views over time

010020030040015 Sep 12:3511 Nov 16:0832115 Sep 12:35: 0 views11 Nov 16:08: 321 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
15 Sep 2026, 12:350
11 Nov 2026, 16:08321

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.