Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Kazakh · active

Subscribers 874 Subscribers, last 30 days: 867 → 873 +3 24h
Reach per post (ERR) 31.8%278 avg views
Posting 1.3/day last 9 hours ago
Reactions per 1K views 14.8 👍 👏 🙏
edited

Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон, муҳоҷирони меҳнатӣ! Намояндагӣ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми будубош ва фаъолияти меҳнатӣ ҳушёрӣ ва эҳтиёткориро риоя намоед. Имрӯзҳо баъзе гурӯҳҳо ва созмонҳои мамнуъ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва дигар воситаҳои иртиботӣ кӯшиш мекунанд шаҳрвандонро ба фаъолияти ғайриқонунӣ ҷалб намоянд. Дар чунин ҳолатҳо онҳо метавонанд пешниҳодҳои гуногун, ваъдаҳои бардурӯғ ё дархостҳои интиқоли маблағ ва расонидани кӯмак пешниҳод намоянд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад: бо шахсони ношинос ва гурӯҳҳои шубҳанок робита барқарор накунанд; ба даъватҳо барои иштирок дар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ посух надиҳанд; маблағро ба шахсон ё созмонҳои номаълум интиқол надиҳанд; аз паҳн намудани мавод ё маълумоти дорои хусусияти экстремистӣ ё террористӣ қатъиян худдорӣ намоянд; талаботи қонунгузории Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намоянд. Ёдовар мешавем, ки мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар фаъолияти созмонҳои террористӣ ё экстремистӣ, мусоидат ба фаъолияти онҳо, маблағгузорӣ, интиқоли маблағ, ҷалби дигарон, инчунин дигар шаклҳои ҳамкорӣ бо чунин созмонҳо метавонад боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ гардад. Бо мақсади огоҳии шаҳрвандон, дар зер рӯйхати созмонҳо, гурӯҳҳо ва ҳаракатҳое оварда мешавад, ки фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст: «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон». «Ал-Қоида». «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ». «Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»). «Толибон». «Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»). «Лашкар-и Тайба». «Гурӯҳи исломӣ» («Ҷамъияти исломии Покистон»). «Ҷамъият-ут-Таблиғ». «Созмони таблиғот» («Даъват ба ислом»). «Тоҷикистони озод». «Ҳизби Таҳрир». «Ҳизб-ут-Таҳрир». Ҷараёни «Салафия». «Ансоруллоҳ». Ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24». «Давлати исломӣ». «Ҷабҳат-ан-Нусра». «Эътилофи миллии Тоҷикистон». «Ҷанги муқаддас» («Ал-Ҷиҳод», «Ҷиҳоди исломии Миср»). Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ («Ҷамъият ал-Ислоҳ ал-Иҷтимоӣ»). Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ («Ҷамъият Иҳё ат-Туроз ал-Исломӣ»). «Ал-Ҳарамайн». «Ҷунд аш-Шом». «Ҷиҳоди исломӣ — Ҷамоати муҷоҳидон». Ҷомеаи экстремистии «Шоҳидони Яҳво». «Pamir Daily News» («Pamir News»). Созмони террористию экстремистии «Давлати исломии вилояти Хуросон». Созмони экстремистии «Тоҷикистони нав 2». Шаҳрвандони гиромӣ! Риояи қонунҳо, ҳушёрӣ ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва худдорӣ аз ҳар гуна робита бо гурӯҳҳои шубҳанок барои ҳифзи амният, ҳуқуқ ва ояндаи шумо аҳаммияти калон дорад. Дар сурати дучор шудан ба чунин ҳолатҳо тавсия дода мешавад, ки ба мақомотҳои салоҳиятдори Федератсияи Россия: Хадамоти амнияти федералӣ: Телефони боварӣ — +7 (495) 224-22-22 ё 8-800-224-22-22 (барои зангҳо аз дохили Русия ройгон) ва Вазорати корҳои дохилӣ (МВД): 102 (аз телефони мобилӣ ва хатти оҷили ВКД-и Россия: 8 800 222-74-47) муроҷиат намоед.

Views over time

020040060080021 Sep 06:1511 Nov 16:0871821 Sep 06:15: 0 views11 Nov 16:08: 718 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
21 Sep 2026, 06:150
11 Nov 2026, 16:08718

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)