Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Kazakh · active

Subscribers 874 Subscribers, last 30 days: 867 → 873 +3 24h
Reach per post (ERR) 31.8%278 avg views
Posting 1.3/day last 9 hours ago
Reactions per 1K views 14.8 👍 👏 🙏

ДАР АСТРАХАН БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ТАВСИЯ ВА МАШВАРАТҲОИ ҲУҚУҚӢ РАСОНИДА ШУД Имрӯз масъулини Намояндагӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар ширкати сохтмонии ҶДММ “ Центральный”, ки дар шаҳри Астрахани Федератсияи Россия кору фаъолият доранд, вохӯрӣ намуда, масъалаҳои муҳими муҳоҷиратиро фаҳмонида, тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ расониданд. Нахуст масъулини Намояндагӣ бо роҳбарияти ширкати мазкур вохӯрӣ намуда, оид ба вазъи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсон шуда, масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмини кафолатҳои онҳо, пардохти саривақтии музди меҳнат ва шароити корӣ дар истеҳсолотро муҳокма намуданд. Зимни суҳбат бо муҳоҷирони меҳнатӣ талаботҳои нави қонунгузории Федератсияи Россия дар бораи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва фаъолияти меҳнатии онҳо фаҳмонида шуда, тавсия дода шуд, ки ҷиҳати такмили дониш ва малакаҳои касбӣ ба омӯзиш машғул шуда, имкониятҳои муосирри кориро истифода намоед. Таъкид карда шуд, ки дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ зарур аст, ки фарҳанг, расму оин ва арзишҳои халқҳои кишвари иқоматро эҳтиром гузошта, иҷрои талаботҳои қонунгузориро риоя намоянд. Дар вохурӣ вобаста ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, тамошо накардани навору даъватҳое, ки хусусияти экстремитӣ террористӣ доранд, риояи талаботҳои гигиенӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба онҳо маълумот дода шуд.

Views over time

020040060018 Sep 19:4111 Nov 16:0859218 Sep 19:41: 0 views11 Nov 16:08: 592 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
18 Sep 2026, 19:410
11 Nov 2026, 16:08592

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.