ТАБРИКОТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Ҳамватанони гиромӣ! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии меъёрии ҳуқуқӣ, таҷассумгари иродаи соҳибихтиёрии халқ ва заминаи бунёдии низоми конститутсионии давлат, асосҳои ҳуқуқии истиқлолияти давлатӣ, волоияти қонун, таҷзияи ҳокимият, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин рушди давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоии кишвари азизамон мебошад. Мавриди зикр аст, ки заминаҳои ташаккулёбии маърифати ҳуқуқии халқи тоҷик таърихи беш аз ҳазорсола дошта, нахуст дар ҷаҳон “Устураи Куруш” чун рамзи адолат, таҳамулпазирӣ ва ҳуқуқи инсон эътироф гардида, дар замони давлатдории Суғдиёну Бохтариён, Сосониёну Сомониён, Тоҳириёну Сафориён ташаккул ёфта, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ормонҳои миллӣ ва озодихоҳии халқи тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври райъпурсӣ ва умумихалқӣ қабул гардидааст. Бо талошҳои пайгирона ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арзишҳои конститутсионӣ ба омили муҳими таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, амниятӣ ва рушди устувори давлатдории миллӣ табдил ёфтаанд. Ба муносибати ин санаи таърихӣ ба тамоми ҳамватанони азиз ва шаҳрвандони дар хориҷи кишвар қарордошта сулҳу субот, саодатмандӣ, эҳтиром ба қонуният ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон таҳкими минбаъдаи соҳибихтиёрӣ, рушди босуботи иқтисодӣ ва пешрафту шукуфоиро орзумандем. Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират