ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГӢ БО БОНУВОНИ МУҲОҶИРИ МЕҲНАТӢ ДАР ВИЛОЯТИ ТВЕР 11 ноябри соли 2026 масъулини Намояндагӣ бо бонувони муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки дар яке аз корхонаҳои дӯзандагии шаҳри Твер фаъолияти меҳнатӣ доранд, вохӯрии машваратӣ баргузор намуд. Дар корхонаи мазкур зиёда аз 40 нафар бонувони муҳоҷири меҳнатӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буда, зимни мулоқот масъалаҳои тағйирот дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия, тартиби барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иқомат ва фаъолияти меҳнатӣ, гирифтани патент, пардохтҳои ҳатмӣ, бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, ба иштирокчиён оид ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ ва гароиш ба гурӯҳҳои ифротӣ тавсияҳои зарурӣ пешниҳод гардиданд. Дар анҷоми мулоқот ба саволҳои муҳоҷирони меҳнатӣ посухҳои мушаххас дода шуда, ҷиҳати риояи қонунгузорӣ, эҳтиром ба фарҳангу анъанаҳои мардуми кишвари иқомат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ тавсияҳои муфид дода шуд. Намояндагӣ баргузории чунин мулоқотҳоро дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ идома дода истодааст.