Таҷлили рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва 4 ноябри соли 2026 дар Сафорат чорабинии тантанавӣ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати кормандони намояндагии дипломатӣ, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик баргузор гардид. Сафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси замина ва қонуни бунёдии давлат масири ҷомеаи демократӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ташаккули сохторҳои ҳокимиятро муайян сохта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат кафили татбиқи ин санад ва арзишҳои он мебошанд. Роҳбари Намояндагӣ инчунин зикр кард, ки Конститутсия Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуда, забон ва дигар рамзҳои давлатиро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд. Ҳамчунин донишҷӯён дар мавзуъҳои: “Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 35-соли Истиқлоли давлатӣ”, “Дипломатияи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон: натиҷаҳо ва дастовардҳо” ва “Саҳми занон дар ташаккул ва рушди низоми миллии маорифи Тоҷикистон дар 35 соли соҳибихтиёрӣ” маъруза намуданд. Дар фарҷом донишҷӯёни фаъол бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.