НАШЪАМАНДӢ ВА ИСТЕЪМОЛИ МАВОДИ ПСИХОТРОПӢ — ТАҲДИД БА САЛОМАТӢ, АМНИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН Нашъамандӣ ҳамчун яке аз зуҳуроти хатарноки иҷтимоию тиббӣ ба саломатии инсон, устувории муносибатҳои оилавӣ, фаъолияти меҳнатӣ ва амнияти ҷомеа таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад. Тибқи арзёбиҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, истеъмоли ғайритиббии моддаҳои психоактивӣ метавонад боиси вобастагии равонию ҷисмонӣ, фаъолияти системаи асаб, осеб дидани узвҳои ҳаётан муҳим, коҳиши қобилияти зеҳнию меҳнатӣ ва дар ҳолатҳои вазнин боиси марг гардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла фишори равонӣ, дурӣ аз оила, шароити мураккаби меҳнатӣ, таъсири муҳити номусоиди иҷтимоӣ ва сатҳи нокифояи огоҳии ҳуқуқӣ метавонанд эҳтимоли рӯ овардани баъзе шаҳрвандонро ба истеъмоли чунин моддаҳо зиёд намоянд. Дар натиҷа, шахс метавонад на танҳо саломатӣ ва манбаи даромади худро аз даст диҳад, балки бо мушкилоти ҷиддии ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардад. Хотиррасон менамоем, ки қонунгузории Федератсияи Россия барои истеъмоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва барои амалҳои муайяни марбут ба муомилоти ғайриқонунии онҳо ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, мутобиқи қисми 2 моддаи 6.9 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Федератсияи Россия, истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бе таъйиноти табиб аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ боиси ҷарима ба андозаи аз 4 то 5 ҳазор рубл ё ҳабси маъмурӣ то 15 шабонарӯз, дар ҳар ду ҳолат бо ихроҷи маъмурӣ аз қаламрави Федератсияи Россия мегардад. Ҳамзамон, тибқи моддаҳои 228 ва 228.1 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия, барои амалҳои ғайриқонунии марбут ба бадастоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, истеҳсол ё фурӯши чунин моддаҳо, вобаста ба хусусият ва вазнинии кирдор, ҷазо то маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Бо назардошти ин, Намояндагӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, даъват менамояд, ки аз истеъмоли ғайритиббии маводи нашъадор ва психотропӣ қатъиян худдорӣ намуда, ба пешниҳоди шахсони шубҳанок, ҷалб шудан ба интиқоли бастаҳои дорои муҳтавои номаълум ва иштирок дар ҳама гуна фаъолияти ғайриқонунии марбут ба гардиши маводи нашъадор роҳ надиҳанд. Шаҳрвандоне, ки бо мушкилоти вобастагӣ рӯ ба рӯ шудаанд, бояд барои гирифтани машварат ва кӯмаки тахассусӣ сари вақт ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намоянд. Пешгирии саривақтӣ ва муолиҷаи муносиб метавонанд хавфи оқибатҳои вазнини тиббию иҷтимоиро коҳиш диҳанд. Намояндагӣ таъкид менамояд, ки ҳифзи саломатӣ, риояи қонунгузории кишвари иқомат, масъулиятшиносии шаҳрвандӣ ва интихоби тарзи ҳаёти солим аз шартҳои муҳими фаъолияти бехатари меҳнатӣ, таъмини суботи иқтисодии оила ва ҳифзи шаъну эътибори шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба шумор мераванд. Саломатии худро ҳифз намоед, аз нашъамандӣ дурӣ ҷӯед ва ояндаи худу наздиконатонро зери хатар нагузоред!