МУАРРИФИИ ФАРҲАНГ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН ДАР ФЕСТИВАЛИ «МУКОЛАМАИ ФАРҲАНГҲО» ДАР ҶУМҲУРИИ САХА (ЁҚУТИСТОН) Дар шаҳри Якутски Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон)-и Федератсияи Россия бахшида ба Рӯзи якдилии халқҳои Россия фестивали фарҳангии «Муколамаи фарҳангҳо» («Диалог культур») баргузор гардид, ки дар он намояндагони миллату халқиятҳои гуногун бо муаррифии фарҳанг, анъана, урфу одат ва арзишҳои миллии худ иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур намояндагони ҷамъияти тоҷикони Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) низ фаъолона ширкат варзида, фарҳанги ғанӣ, либосҳои миллӣ, анъанаҳои мардумӣ ва дигар арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷикро муаррифӣ намуданд. Иштироки ҳамватанони мо дар чунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ нишонаи эҳтиром ба мероси пурғановати ниёгон, арҷгузорӣ ба ҳувияти миллӣ ва талошҳои пайваста ҷиҳати ҳифзу тарғиби фарҳангу тамаддуни тоҷикон дар хориҷи кишвар мебошад. Бояд таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳамчун ду кишвари шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимод дорои робитаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ мебошанд. Дар ин замина, баргузории фестивалҳо, ҳамоишҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои муштараки дӯстии халқҳо барои густариши робитаҳои байнифарҳангӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми мутақобила ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Россия аҳамияти муҳим дорад. Дар ҷараёни фестивал иштирокчиён бо барномаҳои рангини фарҳангӣ, либосҳои миллӣ ва намоишҳои гуногуни ҳунарӣ ҳунару анъанаҳои халқҳои худро муаррифӣ намуда, фазои дӯстӣ, ваҳдат ва эҳтироми байнифарҳангиро таҷассум менамуд. Намояндагӣ чунин ташаббусҳои фарҳангиву ҷамъиятиро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид менамояд, ки бешубҳа, ташкилу баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ҳамчун пули дӯстӣ миёни халқҳо хизмат намуда, барои таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия ва таҳкими робитаҳои дӯстонаи мардумони ду кишвар саҳми арзанда мегузорад.