Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Russian · active

Subscribers 871 Subscribers, last 30 days: 867 → 870 +2 24h
Reach per post (ERR) 33.3%290 avg views
Posting 1.3/day last 19 hours ago
Reactions per 1K views 14.9 👍 👏 🙏

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГӢ ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛАТҲОИ РОССИЯ ДАР ШАҲРИ НОВОСИБИРСК 4 ноябри соли 2026 дар шаҳри Новосибирск ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллатҳои Россия чорабиниҳои бошукӯҳи фарҳангию идона баргузор гардиданд, ки дар онҳо масъулини Намояндагӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони минтақа фаъолона иштирок намуданд. Дар доираи чорабиниҳо намоишгоҳҳои фарҳангӣ ташкил гардида, анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва арзишҳои миллии халқҳои гуногун муаррифӣ карда шуданд. Аз намоишгоҳҳо губернатори вилояти Новосибирск Андрей Травников, муовини раиси шаҳри Новосибирск М. Останин, Қаҳрамонони Россия ва вакилони Маҷлиси қонунгузории вилоят боздид намуданд. Иштироки ҳамватанон дар чунин чорабиниҳо ба муаррифии фарҳангу арзишҳои миллии Тоҷикистон, таҳкими дӯстии халқҳо, ҳамдигарфаҳмии фарҳангӣ ва густариши муносибатҳои дӯстонаю шарикии стратегии Тоҷикистону Россия мусоидат менамояд.

Views over time

01002003004 Nov 13:4611 Nov 16:082444 Nov 13:46: 0 views11 Nov 16:08: 244 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
4 Nov 2026, 13:460
11 Nov 2026, 16:08244

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.