НАМОЯНДАГӢ АЗ ШАРОИТИ КОРУ ЗИНДАГИИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ВИЛОЯТИ ВОЛГОГРАД БОЗДИД НАМУД Кормандони Намояндагӣ бо мақсади омӯзиши шароити фаъолияти меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва расонидани машваратҳои ҳуқуқӣ аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Городишенски вилояти Волгоград боздид ба амал оварданд. Зимни боздид кормандони Намояндагӣ бо шароити фаъолияти меҳнатӣ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон шинос гардида, бо онҳо мулоқоти судманд баргузор намуданд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои риояи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия, тартиби барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, таъмини бехатарии меҳнат, ҳифзи саломатӣ ва пешгирии ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар анҷоми мулоқот кормандони Намояндагӣ ба саволҳои шаҳрвандон посух дода, онҳоро ба риояи қонунҳои кишвари иқомат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истифодаи мақсадноки воситаҳои иттилоотрасонӣ даъват намуданд. Намояндагӣ дар доираи ваколатҳои худ фаъолияти мунтазамро ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ ва омӯзиши шароити кору зиндагии онҳо дар минтақаҳои Федератсияи Россия идома медиҳад.