Варзишгарони тоҷик дар Фестивали XIII байналмилалии варзиши мактаббачагони кишварҳои ИДМ иштирок намуданд Аз 1 то 6 ноябри соли 2026 дар шаҳри Москва ва вилояти Москва Фестивали XIII байналмилалии варзиши мактаббачагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид, ки дар он 450 варзишгари навраси аз 12 то 15-сола аз 12 давлат иштирок намуданд. Дар ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ варзишгарони навраси тоҷики муқими кишвари иқомат фаъолона ширкат варзида, дар чор намуди варзиш — тенниси рӯйи миз, волейбол, футбол ва шоҳмот маҳорати касбӣ, иродаи қавӣ ва рӯҳияи баланди дастаҷамъиро нишон доданд. Аз ҷумла, дар мусобиқаи тенниси рӯйи миз Мансур Мнатсаканов дар рақобатҳои инфиродӣ сазовори ҷойи сеюм гардид. Ҳамзамон, дастаи иборат аз Мансур Мнатсаканов, Амир Мнацаканов, Парвина Ниятбекова ва Амина Атобекова дар мусобиқаҳои даставӣ, аз ҷумла рақобатҳои ҷуфтӣ, мақоми сеюмро касб намуда, соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд. Дар мусобиқаи волейбол миёни духтарон дастаи ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон «Нур» дар дивизиони нуқрагин ҷойи сеюмро ишғол намуд. Дар мусобиқаи футбол варзишгарони наврас миёни ҳафт даста ҷойи панҷумро соҳиб гардиданд. Дар рақобатҳои шоҳмот Мира Саидошурова як пирӯзӣ ва Муҳаммад Мавлододов ду пирӯзӣ ба даст оварданд. Дар омодасозӣ ва иштироки муваффақонаи варзишгарони наврас саҳми мураббиёни тоҷики муқими Москва Зайнаб Вазирова, Ашрафмо Зинатшоева, Ҷумъа Чоршамбиев, Судоба Додхудоева ва Шаҳром Навҷувонов назаррас мебошад. Иштироки наврасони тоҷик дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ на танҳо ба рушди маҳорати варзишӣ ва тарбияи ҷисмонии насли ҷавон мусоидат менамояд, балки ҳамчун воситаи муассири таҳкими дӯстӣ, ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва густариши робитаҳои байни миллатҳои кишварҳои ИДМ аҳаммияти хосса дорад.