ГРАЖДАНИН ТАДЖИКИСТАНА, РИСКУЯ СОБСТВЕННОЙ ЖИЗНЬЮ, ПРЕДОТВРАТИЛ ТЯЖЁЛЫЕ ПОСЛЕДСТВИЯ ДТП
В городе Владивостоке Российской Федерации гражданин Республики Таджикистан Каюмов Юсуф Холмамадович, уроженец города Истаравшана Согдийской области, проявив мужество и решительность, рискуя собственной жизнью, предпринял действия, позволившие предотвратить более тяжёлые последствия дорожно-транспортного происшествия и сохранить жизни людей.
1 октября 2026 года Каюмов Юсуф Холмамадович, управляя грузовым автомобилем, стал участником дорожно-транспортного происшествия. В момент происшествия в кузове грузового автомобиля находились граждане Китайской Народной Республики.
В целях предотвращения возможного столкновения с другими участниками дорожного движения и недопущения более тяжёлых последствий Каюмов Юсуф Холмамадович, осознавая реальную опасность для собственной жизни, предпринял решительные действия и направил грузовой автомобиль в сторону, позволив тем самым избежать возможных более серьёзных последствий.
Несмотря на предпринятые действия, в результате дорожно-транспортного происшествия травмы получили 6 местных жителей, а также повреждения получили 7 автомобилей.
Мужественный и решительный поступок Каюмова Юсуфа Холмамадовича позволил предотвратить значительно более тяжёлые последствия происшествия и, по имеющимся данным, уберечь от непосредственной опасности находившихся на месте людей.
Следует отметить, что проявленные им самообладание, смелость и готовность рисковать собственной жизнью ради безопасности других людей являются ярким примером мужества, благородства и человеческой солидарности.
Поступок Каюмова Юсуфа Холмамадовича заслуживает высокой оценки и является достойным примером для молодого поколения, а также предметом гордости для его земляков, граждан Республики Таджикистан.
repost
7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.Дар оғози суҳбат Пешвои миллат, бо таманниёти сиҳатмандиву некрӯзӣ ва комгорӣ дар фаъолияти давлатӣ Президенти Русияро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфтанд.
Ҳамзамон, Сарвари давлати мо саҳми шахсии назарраси муҳтарам Владимир Путинро дар пешбурди раванди таҳкиму тавсеаи робитаҳои шарикии стратегии ду кишвар бахусус таъкид карданд.
7 октября состоялся телефонный разговор Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона и Президента Российской Федерации уважаемого Владимира Путина.В начале беседы Лидер нации с пожеланиями здоровья, благополучия и успехов в государственной деятельности тепло поздравил Президента России по случаю Дня рождения.
В этом контексте Глава нашего государства особо подчеркнул значительный вклад уважаемого Владимира Путина в продвижении процесса укрепления и расширения стратегического партнёрства между двумя странами.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Русия #Россия #Russia
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
edited
ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ВЛАДИВОСТОК ҶОНИ ДАҲҲО НАФАРРО АЗ ҲАЛОКАТ НАҶОТ ДОД
Дар шаҳри Владивостоки Федератсияи Россия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаюмов Юсуф Холмамадович, зодаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, бо амали қаҳрамононааш намунаи олии ҷавонмардӣ ва шуҷоатро нишон дода, аз ҳалокат ва хисороти молии калони сокинони маҳаллӣ пешгирӣ намуд.
Рӯзи 1 октябри соли 2026 ҳангоми идораи мошини боркаши калон ӯ ба ҳолати садамаи нақлиётӣ дучор шуд. Дар сари чанбараки мошин шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой қарор доштанд. Барои пешгирӣ аз ҳалокати зиёди одамон Юсуф Қаюмов ҷони худро ба хатар гузошта, мошини боркаши худро ба муқобили ҳаракат ронда ва тавонист оқибатҳои вазнини садамаи налиётиро коҳиш диҳад.
Новобаста аз ин дар садамаи нақлиётӣ 6 нафар сокинони маҳаллӣ ҷароҳат бардошта, 7 автомобил зарар дидаанд. Аммо шуҷоату ҷавонмардии ҳамватани мо имкон дод, ки даҳҳо сокини маҳаллӣ аз хатар эмин нигоҳ дошта шаванд.
У зимни суҳбат бо Намояндагӣ иброз намуд, ки аз амали кардаи худ пушаймон нест ва ифтихор мекунад, ки чунин далерию шуҷоат нишон додааст: Ӯ ҳамчунин иброз намуд, ки “бузургони мо бо амалҳои нек ва ташаббусу накукӣ шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Ман низ вориси миллати бузурги тоҷикам ва барои накукорӣ, мусоидат ба корафтодагон ва бартараф кардани оқибатҳои нохуш ба инсонҳо кӯмак мерасонам. Ман кори кардаи худро қарзи шаҳрвандӣ медонам ва ҳар касе дар ҷои ман мебуд ҳамин корро мекард”.
Амали Юсуф Каюмов намунаи олии ҷавонмардӣ, далерӣ ва шуҷоат дар самти ҳифзи ҷони одамони осоиштанишон дода, корнамоии ин ҷавони тоҷик мояи ифтихори тоҷикону тоҷикистониён мебошад.
repost
Дар шаҳри Москва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳанги тоҷикон»-и Федератсияи Русия дар шаҳри Москва ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки барои тоҷикони муқими Русия ва фарзандони онҳо, ин ҷашн як фурсати беназири эҳсоси пайванд бо сарзамини аҷдодӣ мебошад.
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид.
Муҳтарам Валентина Матвиенко Сарвари давлати моро бо изҳори таманниёти нек бо зодрӯзашон сидқан табрик намуданд.
Дар рафти суҳбат оид ба паҳлӯҳои алоҳидаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, бо шумули масъалаҳои робитаҳои байнипарлумонӣ, ки дар раванди густариши муносибатҳои ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ саҳми босазо доранд, табодули назар анҷом гирифт.
Пешвои миллат бо қаноатмандӣ рушди пайвастаи ҳамкориҳои мутаносибан судманди ду кишварро таъкид карда, изҳор итминон намуданнд, ки ин робитаҳо минбаъд ҳам дар рӯҳияи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони Тоҷикистон ва Русия рушд хоҳанд кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.
Дар оғози суҳбат Президенти Русия Сарвари давлати моро бо зодрӯзашон самимона табрик гуфта, таманниёти неки худро иброз намуданд.
Бо изҳори миннатдорӣ барои табрикоти гарму самимӣ, Пешвои миллат таъкид карданд, ки таманниёти неки ӯро ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб медонанд.
Дар идомаи суҳбат Сарони давлатҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнидавлатии ду кишварро, ки дар асоси усулҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ сурат мегиранд, мавриди изҳори назар қарор доданд.
Президентҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор анҷом доданд.
edited
Ҳамватанони азиз!
Бо эҳсоси ифтихори миллӣ ва самимияти комил шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 5 октябр табрик ва таҳният мегуем.
Забони тоҷикӣ — сарвати бебаҳои миллат, пояи давлатдории миллӣ, оинаи таърихи пурҷилои миллат ва фарҳанги ғании халқи тоҷик мебошад. Ин забон забони бузургони ҷаҳонӣ — Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Айнӣ ва дигар фарзонагони миллати тоҷик буда, бо андешаҳои баланди инсонӣ ва шеъри оламгири худ тамоми башариятро равшанӣ бахшидаанд.
Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми воло дошта, ҳифз ва ташаккули додани он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худшинос ва ватандӯсти кишвар мебошад.
Дар шароити муҳоҷират забони модарӣ барои ҳар як фарди тоҷик на танҳо воситаи муошират, балки пайванди устувор бо Ватан, нишони худшиносии миллӣ ва омили муҳими тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба мероси ниёгон мебошад. Маҳз забон аст, ки моҳияти миллӣ, фарҳанг ва ҳувияти моро нигоҳ медорад ва эҳсоси ватандӯстиву ифтихори насли ҷавонро боло мебардорад.
Шумо, ҳамватанони азиз, ки дар хориҷи кишвар баҳри ободии хонавода заҳмат мекашед, рисолати муҳиммеро ба душ доред: забони давлатиро пос доред, дар муошират бо ҳамдигар онро равнақ диҳед, ба фарзандони худ омӯзед ва бо рафтори шоиста обрӯи Тоҷикистонро дар ҷомеаи кишвари қабулкунанда баланд бардореду бо таври шоиста забон, фарҳанг ва осори гаронбаҳои мадании халқи тоҷикро муаррифӣ намоед.
Дар ин рӯзи фархунда ба ҳар яки шумо саломатии бардавом, хушбахтии хонаводагӣ, рӯзгори ободу осуда ва комёбиҳои назаррас дар кору зиндагӣ таманно менамоем. Бигзор забони ширину шевои тоҷикӣ ҳамеша дар дилу забони мо зинда бошад ва наслҳои оянда онро бо ифтихор пос доранд.
Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад!
Бо эҳтиром,
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
Табрикоти Президенти Федератсияи Россия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мешаванд.
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Лутфан самимитарин табрикоти маро ба муносибати Рӯзи таваллудатон бипазиред.
Фаъолияти Шумо дар мақоми Президенти Тоҷикистон дар дастовардҳои назарраси кишвар дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ таъкиди худро меёбанд. Шумо барҳақ дорои обрӯву эътибори баланд ҳам дар байни ҳамватанон ва ҳам дар хориҷи кишвар мебошед.
Саҳми шахсии Шумо дар рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни Тоҷикистон ва Русия сазовори баҳои баланд аст. Аз идомаи муоширати созандаву дӯстонаи мо ва кори муштараки самарабахш оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ шод хоҳам буд.
Аз таҳти дил ба Шумо саломатии бардавом, саодатмандӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нав ба нав орзумандам».
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ШАҲРВАНДОН (МУҲОҶИРОН) БА ГУРӮҲҲОИ ИРТИҶОӢ ВА ИФРОТГАРО — ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба таваҷҷуҳи муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус ҷавонон, мерасонад, ки дар шароити густариши шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои иртиботии интернетӣ масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва ифротгаро аҳаммияти махсус дорад.
Бояд дар назар дошт, ки гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз усулҳои гуногуни таблиғотӣ, аз ҷумла паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои интернетӣ, кӯшиш менамоянд ба шуури ҷавонон таъсир расонида, онҳоро ба ғояҳои бегона, фаъолияти ғайриқонунӣ ва амалҳои дорои хусусияти зӯроварӣ ҷалб намоянд.
Дар баъзе ҳолатҳо, шахсони манфиатдор бо истифода аз мушкилоти иҷтимоӣ, вазъи душвори иқтисодӣ, эҳсоси танҳоӣ ё надоштани таҷрибаи кофии зиндагӣ, ҷавононро бо ваъдаи кумакҳои молиявӣ, дарёфти ҷойи кор, дастгирӣ ваъда дода, тадриҷан ба фаъолияти гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб мекунанд.
Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо, аз муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷавонон даъват карда мешавад:
Аз муошират ва ҳамкорӣ бо шахсони ношиносе, ки ғояҳои ифротӣ, зӯроварӣ ва бадбиниро таблиғ менамоянд, худдорӣ намоянд.
Ба паёмҳо, наворҳо ва маводи шубҳаноке, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо паҳн мешаванд, бе санҷиши манбаъ эътимод накунанд ва онҳоро паҳн насозанд.
Ба ваъдаҳои маблағҳои осон, ҷойи кори сердаромад ва дигар пешниҳодҳои шубҳанок, ки метавонанд барои ҷалб ба фаъолияти ғайриқонунӣ истифода шаванд, фирефта нашаванд.
Ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушёр бошанд ва маълумоти шахсӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва маълумоти бонкии худро ба шахсони ношинос пешниҳод накунанд.
Аз иштирок дар гурӯҳҳо ва ҷамъомадҳое, ки фаъолияти онҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия ё Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунад, худдорӣ намоянд.
Дар сурати ошкор намудани кӯшишҳои ҷалб ба фаъолияти ифротгароёна, ба мақомоти дахлдор ё намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон, аз падару модарон ва наздикони ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, даъват карда мешавад, ки бо фарзандони худ робитаи доимӣ нигоҳ дошта, ба масъалаҳои рафтор, муҳити муошират, фаъолияти интернетӣ ва вазъи равонии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Ёдовар мешавем, ки шомилшавӣ ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии мамнӯъ, иштирок дар фаъолияти онҳо, инчунин мусоидат ба чунин фаъолият метавонад боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ тибқи қонунгузории амалкунанда гардад.
Муҳоҷирати меҳнатӣ бояд воситаи таъмини зиндагии шоиста, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии оила ва рушди ояндаи ҷавонон бошад, на роҳе барои гирифтор шудан ба доми гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва ифротгаро.
Ҳушёрӣ, маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва риояи қонун — кафили амният ва ояндаи босуботи ҳар як ҷавон мебошад.
Телефонҳо барои тамос:
1. Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44
ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм
Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00
2. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (929) 540-88-88, +7 (915) 150-88-82, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56;
2.2 Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60;
4.Ҳавзаи федералии Марказӣ: вилоятҳои Твер, Смоленск ва Ярослав +7 (923) 554 39 46;
5.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
6.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш.Санкт-Петербург: +7(977)963-25-69;
7. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
8. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
9. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
10. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур,ш.Хабаровск:+7(909) 809-55-48;
11. Минтақаи Ҷумҳурии Саха- Якутия, шаҳри Якутск: +7 (999) 217-0105, +7 (924) 361-80-33;
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.
repost
1 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд.Дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки мо ба шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия арҷ мегузорем. Нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар пешбурди раванди ҳамкорӣ муҳим дониста шуд.
1 октября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон во Дворце нации принял заместителя Председателя Правительства Российской Федерации, сопредседателя совместной таджикско-российской Межправительственной комиссии по экономическому сотрудничеству Марата Хуснуллина.На встрече были обсуждены вопросы укрепления многогранного сотрудничества Таджикистана и России.
Президент страны уважаемый Эмомали Рахмон в начале беседы подчеркнул: «Мы высоко ценим таджикско-российские отношения стратегического партнёрства и союзничества». В продвижении процесса сотрудничества была признана важной роль Межправительственной комиссии по экономическому сотрудничеству.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Русия #Россия #Russia
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
1 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд.
Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил комёбӣ орзу намуданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки давоми солҳои гузашта, Шуро худро ҳамчун майдони соҳавӣ барои ҳамкории байнидавлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии ҷинояткорӣ муаррифӣ кардааст.
1 октября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон во Дворце нации принял министров внутренних дел стран-участниц Содружества Независимых Государств.
Вначале Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон приветствовал гостей в Таджикистане и пожелал успехов в работе заседания Совета министров внутренних дел стран-участниц Содружества Независимых Государств.
В ходе выступления Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон отметил, что за прошедшие годы Совет зарекомендовал себя как отраслевая площадка для межгосударственного сотрудничества по защите прав граждан и предупреждению преступности.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ВКД #МВД #MIA
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
МАҲДУДИЯТ БАРОИ ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒҲОИ НАҚДӢ АЗ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Намояндагӣ ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки аз 29 сентябри соли 2026 тартиби интиқоли пули нақдӣ тағийр ёфта, аз Федератсияи Россия барои интиқоли пули миллии нақдӣ маҳдудияти нав муқаррар карда шудааст.
Тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 29 сентябри соли 2026, №706, ба шахсони воқеӣ интиқоли пули нақдӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор давлатҳои дигар ба маблағи зиёда аз 1 000 000 (як миллион) рубл манъ карда шудааст. Талаботи муайяншуда ба маблағҳои нақдӣ марбут мебошад.
Ҳамзамон, барои шахсони воқеӣ дар ҳолатҳои пешниҳод намудани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ имкони интиқоли маблағи зиёда аз 1 миллион рубл тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатӣ имконпазир мебошад.
Дар ин ҳолат зарур аст, ки барои тамоми маблағи интиқолшаванда маълумотномаи (выпискаи) бонкӣ, ки гирифтани маблағ аз суратҳисоб ё пасандози шахсро тасдиқ мекунад, ё дигар ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ пешниҳод карда шаванд.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар ҳаҷми маблағи нақди интиқолшавандаро ба инобат гирифта, талаботи нави қонунгузории Федератсияи Россияро дар самти интиқоли маблағҳои нақдӣ риоя намоянд.
Дар сурати вайрон намудани маҳдудияти мазкур, маблағи нақде, ки аз як миллион рубл зиёд мебошад, аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия мусодира карда мешавад.
Намояндагӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамояд, ки ҳангоми убури сарҳади давлатии Федератсияи Россия талаботи қонунгузории амалкунандаро қатъиян риоя намуда, пеш аз сафар ҳангоми интиқоли маблағи калон тартиби муқарраршударо пешакӣ муайян намуда ва ҳуҷҷатҳои заруриро омода карда, ба корманди масъули мақомоти давлатии сарҳадбонӣ пешниҳод намоянд.
Дар ҳолати пеш омадани мушкилот, пайдо гардидани савол дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳрвандон метавонанд бо масъулини Намояндагӣ дар тамос шаванд.
Телефонҳо барои тамос:
1. Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44
ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм
Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00
2. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56;
3.Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60;
4.Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Твер, Смоленск ва Ярославская +7 (923) 554 39 46;
5.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 1009559;
6.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш.Санкт-Петербург: +7(977)9632569;
7. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 3447777;
8. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 3885411;
9. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 3414599;
10. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур,ш.Хабаровск:+7(985) 2970835;
11.Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 4635519
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.
ОМОДАГИИ ПЕШ АЗ САФАР БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки шаҳрванд пеш аз сафар ба хориҷи кишвар бояд ҳатман омодагии зарурӣ дида, дар бораи кишваре, ки ба он сафар мекунад, маълумоти пурра дошта бошад ва аз қонунгузории кишвари қабулкунанда огоҳ бошад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва омодагии шаҳрвандон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар барои фаъолияти меҳнатӣ, азхуд намудани касбу тахассусҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати кишвари қабулкунанда, огоҳӣ аз тартиби воридшавӣ ва гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи фаъолияти меҳнатӣ, инчунин таъмини кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат дар хориҷи кишвар, дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Хадамоти муҳоҷират ва «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа», фаъолият менамоянд.
Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нияти сафар ба хориҷи кишварро дорад, метавонад пеш аз сафар аз мутахассисони муассисаҳои болозикр тавсия ва машваратҳои ройгон гирад.
Шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва Раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ҳамарӯза фаъолият намуда, мутахассисони соҳа ба шаҳрвандон машварат ва тавсияҳои ҳуқуқии ройгон пешниҳод менамоянд.
Дар сохтори Хадамоти муҳоҷират инчунин «Маркази омодагии пеш аз сафар» фаъолият менамояд. Муассисаи мазкур шаҳрвандонро мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ омода намуда, барои фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар омодагии зарурӣ фароҳам меорад. Дар маркази мазкур инчунин омӯзиши касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат оид ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ташкил карда мешаванд.
Барои касбомӯзии шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касби муосир» фаъолият менамояд. Шаҳрвандон метавонанд барои омӯзиши касбу ҳунар ба муассисаи мазкур ва ё филлиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намуда, ба таълим ва касбомӯзӣ машғул шаванд.
Барои дарёфти ҷойи кори мувофиқ дар хориҷи кишвар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» муроҷиат намуда, ҷойи кори мувофиқро дар ширкатҳои боэътимод интихоб намоянд.
Агар шаҳрванд барои фаъолияти меҳнатӣ Федератсияи Россияро интихоб намояд, зарур аст, ки тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия амал намуда, меъёрҳои муқарраргардидаи онро риоя намояд.
Шаҳрвандон пеш аз сафар метавонанд ба филиали Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 121, муроҷиат намуда, расмиёти заруриро вобаста ба омодагӣ барои сафар ба Федератсияи Россия анҷом диҳанд. Аз ҷумла, шаҳрвандон метавонанд барои гирифтани сертификати донистани забони русӣ, анҷом додани расмиёти бақайдгирии изи ангушт ва дигар расмиёти зарурӣ муроҷиат намоянд.
Ҳамчунин шаҳрвандон метавонанд аз хизматрасониҳои муассисаи мазкур истифода бурда, пеш аз сафар мавҷудияти маҳдудияти воридшавӣ ба Федератсияи Россияро санҷида, танҳо баъд аз гирифтани маълумоти зарурӣ чиптаҳои ҳавопаймоӣ харидорӣ намоянд.
Аз 1 июли соли 2026 дар доираи таҷрибаи ҷорӣ намудани механизмҳои иловагии назорати воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ барои шаҳрвандони давлатҳое, ки бо Федератсияи Россия низоми бераводид доранд ва бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ё таҳсил ворид мешаванд, тартиби пешниҳоди электронии маълумоти зарурӣ тавассути барномаи «Госуслуги RuID» татбиқ мегардад. Таҷрибаи мазкур тибқи қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 7 ноябри соли 2024, №1510, то 31 декабри соли 2027 тамдид шудааст.
Пеш аз сафар шаҳрванд бояд:
• дар барномаи RuID ҳисоби шахсӣ таъсис диҳад;
• маълумоти шиносномавӣ ва дигар маълумоти заруриро ворид намояд;
• мақсади воридшавӣ ва маълумоти марбут ба сафари пешбинишударо нишон диҳад;
• акси худро пешниҳод намуда, расмиёти муайянкунии биометриро анҷом диҳад;
• аризаи электронии воридшавиро пешакӣ пешниҳод намояд;
• рамзи QR-и дар натиҷаи пешниҳоди ариза эҷодшударо нигоҳ дорад.
Мувофиқи тартиби амалкунанда, аризаи воридшавӣ, чун қоида, бояд на дертар аз 72 соат пеш аз ворид шудан пешниҳод карда шавад.
Вохӯрӣ бо соҳибкори бурунмарзӣ вобаста ба ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ
Дар идомаи сафари корӣ масъулини Намояндагӣ бо мақсади ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва татбиқи амалии Консепсияи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ба рушди иқтисодиёти миллӣ барои солҳои 2026 – 2030 бо роҳбари ширкатии ҶДММ “МИРУСТРОЙ” яке аз ширкатҳои бузурги сохтмонӣ дар Ҳавзаи Федералии Шимолу Ғарб Аслонбеков Баходир Қаҳрамонович мулоқот намуда, зимни баргузории он масъалаҳои ҷалби сармоя ба рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ баррасӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ширкатии ҶДММ “МИРУСТРОЙ” беш аз 600 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, роҳбарияти ширкат масъалаҳои танзими ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон, азҷумла дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, пардохти саривақтии иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, қайди муҳоҷиратии шаҳрвандон, ҷойи хоб, хӯрду хӯрок, либоси гарм, нақлиёт барои рафту омад аз ҷой кор ба хона ва аз хона ба ҷойи корро ба уҳда гирифта, кӯшиш менамояд, ки кафолатҳои меҳнатии шаҳрвандонро таъмин намояд.
Соҳибкори бурунмарзӣ дар иртибот ба саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ иброз намуд, ки мо ҳамеша омодаем, ки ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ намоем.
Барои соҳибкори бурунмарзӣ оид ба баргузории Форуми соҳибкорони Тоҷикистон, ки дар моҳи октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иттилоъ дода шуд. Инчунин оид ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва шароитҳои фароҳамовардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузорони хориҷӣ маълумот пешниҳод карда шуда, соҳибкори бурунмарзи барои сармоягузорӣ омодагии хешро иброз намуд.
Встреча с соотечественником-предпринимателем по вопросу трудоустройства трудовых мигрантов
В продолжение рабочей поездки сотрудники Представительства с целью привлечения зарубежных соотечественников к развитию экономической и социальной сфер страны и практической реализации Концепции привлечения зарубежных соотечественников к развитию национальной экономики на 2026–2030 годы встретились с руководителем компании ООО «МИРУСТРОЙ» — одной из крупных строительных компаний в Северо-Западном федеральном округе — Аслонбековым Баходиром Кахрамоновичем. В ходе встречи были рассмотрены вопросы привлечения инвестиций в развитие национальной экономики и обеспечения граждан постоянным рабочим местом.
Было сообщено, что в компании ООО «МИРУСТРОЙ» осуществляют деятельность более 600 граждан Республики Таджикистан. Руководство компании взяло на себя решение вопросов оформления документов граждан, в том числе получения разрешения на трудовую деятельность, своевременной оплаты разрешения на трудовую деятельность, миграционного учёта граждан, а также предоставления жилья, питания, тёплой одежды и транспорта для поездок с места работы домой и из дома на место работы, и стремится обеспечить трудовые гарантии граждан.
Соотечественник-предприниматель, говоря о вкладе в развитие национальной экономики, заявил, что он всегда готов внести свой вклад в развитие национальной экономики в Республике Таджикистан.
Соотечественнику-предпринимателю была предоставлена информация о проведении Форума предпринимателей Таджикистана, который состоится в октябре 2026 года в городе Душанбе. Также была предоставлена информация о деятельности свободных экономических зон Таджикистана и созданных Правительством Республики Таджикистан условиях для иностранных инвесторов, и соотечественник-предприниматель выразил готовность к инвестированию.
Масъулини Намояндагӣ бо донишҷӯёни Коллеҷи захираҳои обӣ вохӯрӣ намуданд
Дар доираи сафари корӣ дар Ҳавзаи Шимолу Ғарб масъулини Намояндагӣ дар Муассисаи давлатии Коллеҷи захираҳои обӣ бо роҳбарият ва муҳассилини муассисаи мазкур – шаҳрвандони Тоҷикистон вохӯрӣ намуданд.
Дар муассисаи мазкур масъулини Намояндагӣ, нахуст бо директори Коллеҷи захираҳои обӣ Андреев Валерий Евгеньевич мулоқот намуда, иттилоъ дода шуд, ки муассисаи давлатии Коллеҷи захираҳои обӣ барои омода намудани кадрҳои коргарӣ мутобиқ ба бозори меҳнати Федератсияи Россия фаъолият намуда истода, дар он зиёда аз 55 нафара шаҳрвандонамон таҳсил намуда истодаанд. Дар вохӯрии, ҳамзамон, корманди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт – Петербург иштирок намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани мутахассисон ҷавобгӣ ба талаботи бозори меҳнат, таҳким ҳамкориҳои дуҷониба, баргузории вохӯриҳои судманд ҷиҳати расонидани ёрии ҳуқуқӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Дар ин замина, масъулини Намояндагӣ дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи захираҳои обӣ бо зиёда аз 50 нафар шаҳрвандонамон вохӯрӣ намуда, масъалаи талаботҳои қонунгузории будубоши шаҳрвандон, танзими раванди таҳсил ва имкониятҳои мавҷуда дар муассисаи мазкур, саривақт ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои будубош, пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон ва ҷавонон, гаравиш ба гуруҳҳои ифротгароӣ ва тундгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, равияҳои диниву мазҳабӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва нигоҳ доштани ҳолатҳои санитариву гигиенӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллии онҳо, эҳтиром ба арзишҳои милливу давлатӣ, забон, фарҳанг ва осори гаронбаҳои халқи тоҷик фаҳмонида шуда, тавсия дода шуд, ки арзишҳои фарҳангӣ ва таърихи халқи кишвари иқоматро эҳтиром намуда, талаботҳои қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд.
Дар идомаи суҳбат аз ҷониби муҳассилини муассисаи мазкур саволҳо оид ба раванди таълим ва будубош дар кишвари иқомат пешниҳод гардида, ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.
В рамках рабочей поездки в Северо-Западном округе сотрудники Представительства встретились с руководством и учащимися государственного учреждения «Колледж водных ресурсов» – гражданами Таджикистана.
В данном учреждении сотрудники Представительства сначала встретились с директором Колледжа водных ресурсов Андреевым Валерием Евгеньевичем, и было сообщено, что государственное учреждение «Колледж водных ресурсов» функционирует для подготовки рабочих кадров в соответствии с рынком труда Российской Федерации, и в нём обучаются более 55 наших граждан Таджикистана. Во встрече также принял участие сотрудник Генерального консульства Республики Таджикистан в городе Санкт-Петербурге.
В ходе встречи сторонами были обсуждены вопросы пребывания граждан Республики Таджикистан, подготовки специалистов в соответствии с требованиями рынка труда, укрепления двустороннего сотрудничества, проведения полезных встреч для оказания правовой помощи.
В этом контексте сотрудники Представительства в зале заседаний Колледжа водных ресурсов встретились с более чем 50 нашими гражданами, разъяснили вопросы требований законодательства о пребывании граждан, регулирования учебного процесса и имеющихся возможностей в данном учреждении, своевременного оформления документов на пребывание, предотвращения преступных случаев среди несовершеннолетних и молодёжи, склонности к экстремистским и радикальным группам, реакционным партиям и движениям, религиозно-конфессиональным течениям, профилактики инфекционных заболеваний и соблюдения санитарно-гигиенических норм, воспитания патриотизма и национальной гордости, уважения к национальным и государственным ценностям, языку, культуре и драгоценному наследию таджикского народа, и было рекомендовано уважать культурные и исторические ценности страны пребывания и соблюдать требования законодательства страны пребывания.
В продолжение беседы учащимися данного учреждения были заданы вопросы о процессе обучения и пребывания в стране проживания, на которые им были даны конкретные ответы.