Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Kazakh · active

Subscribers 873 Subscribers, last 30 days: 867 → 873 +3 24h
Reach per post (ERR) 31.7%277 avg views
Posting 1.3/day last 5 hours ago
Reactions per 1K views 14.9 👍 👏 🙏
edited

ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ВЛАДИВОСТОК ҶОНИ ДАҲҲО НАФАРРО АЗ ҲАЛОКАТ НАҶОТ ДОД Дар шаҳри Владивостоки Федератсияи Россия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаюмов Юсуф Холмамадович, зодаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, бо амали қаҳрамононааш намунаи олии ҷавонмардӣ ва шуҷоатро нишон дода, аз ҳалокат ва хисороти молии калони сокинони маҳаллӣ пешгирӣ намуд. Рӯзи 1 октябри соли 2026 ҳангоми идораи мошини боркаши калон ӯ ба ҳолати садамаи нақлиётӣ дучор шуд. Дар сари чанбараки мошин шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой қарор доштанд. Барои пешгирӣ аз ҳалокати зиёди одамон Юсуф Қаюмов ҷони худро ба хатар гузошта, мошини боркаши худро ба муқобили ҳаракат ронда ва тавонист оқибатҳои вазнини садамаи налиётиро коҳиш диҳад. Новобаста аз ин дар садамаи нақлиётӣ 6 нафар сокинони маҳаллӣ ҷароҳат бардошта, 7 автомобил зарар дидаанд. Аммо шуҷоату ҷавонмардии ҳамватани мо имкон дод, ки даҳҳо сокини маҳаллӣ аз хатар эмин нигоҳ дошта шаванд. У зимни суҳбат бо Намояндагӣ иброз намуд, ки аз амали кардаи худ пушаймон нест ва ифтихор мекунад, ки чунин далерию шуҷоат нишон додааст: Ӯ ҳамчунин иброз намуд, ки “бузургони мо бо амалҳои нек ва ташаббусу накукӣ шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Ман низ вориси миллати бузурги тоҷикам ва барои накукорӣ, мусоидат ба корафтодагон ва бартараф кардани оқибатҳои нохуш ба инсонҳо кӯмак мерасонам. Ман кори кардаи худро қарзи шаҳрвандӣ медонам ва ҳар касе дар ҷои ман мебуд ҳамин корро мекард”. Амали Юсуф Каюмов намунаи олии ҷавонмардӣ, далерӣ ва шуҷоат дар самти ҳифзи ҷони одамони осоиштанишон дода, корнамоии ин ҷавони тоҷик мояи ифтихори тоҷикону тоҷикистониён мебошад.

Views over time

01002003004007 Oct 07:2311 Nov 16:083277 Oct 07:23: 0 views11 Nov 16:08: 327 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
7 Oct 2026, 07:230
11 Nov 2026, 16:08327

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.