Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Kazakh · active

Subscribers 873 Subscribers, last 30 days: 867 → 873 +3 24h
Reach per post (ERR) 31.7%277 avg views
Posting 1.3/day last 5 hours ago
Reactions per 1K views 14.9 👍 👏 🙏

Табрикоти Президенти Федератсияи Россия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мешаванд. «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Лутфан самимитарин табрикоти маро ба муносибати Рӯзи таваллудатон бипазиред. Фаъолияти Шумо дар мақоми Президенти Тоҷикистон дар дастовардҳои назарраси кишвар дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ таъкиди худро меёбанд. Шумо барҳақ дорои обрӯву эътибори баланд ҳам дар байни ҳамватанон ва ҳам дар хориҷи кишвар мебошед. Саҳми шахсии Шумо дар рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни Тоҷикистон ва Русия сазовори баҳои баланд аст. Аз идомаи муоширати созандаву дӯстонаи мо ва кори муштараки самарабахш оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ шод хоҳам буд. Аз таҳти дил ба Шумо саломатии бардавом, саодатмандӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нав ба нав орзумандам». Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Views over time

01002003005 Oct 07:1511 Nov 16:083095 Oct 07:15: 0 views11 Nov 16:08: 309 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
5 Oct 2026, 07:150
11 Nov 2026, 16:08309

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.