Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Kazakh · active

Subscribers 873 Subscribers, last 30 days: 867 → 873 +3 24h
Reach per post (ERR) 31.7%277 avg views
Posting 1.3/day last 5 hours ago
Reactions per 1K views 14.9 👍 👏 🙏

Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид. Муҳтарам Валентина Матвиенко Сарвари давлати моро бо изҳори таманниёти нек бо зодрӯзашон сидқан табрик намуданд. Дар рафти суҳбат оид ба паҳлӯҳои алоҳидаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, бо шумули масъалаҳои робитаҳои байнипарлумонӣ, ки дар раванди густариши муносибатҳои ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ саҳми босазо доранд, табодули назар анҷом гирифт. Пешвои миллат бо қаноатмандӣ рушди пайвастаи ҳамкориҳои мутаносибан судманди ду кишварро таъкид карда, изҳор итминон намуданнд, ки ин робитаҳо минбаъд ҳам дар рӯҳияи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони Тоҷикистон ва Русия рушд хоҳанд кард.

Views over time

01002003004005 Oct 12:4211 Nov 16:083355 Oct 12:42: 0 views11 Nov 16:08: 335 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
5 Oct 2026, 12:420
11 Nov 2026, 16:08335

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.