Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Kazakh · active

Subscribers 873 Subscribers, last 30 days: 867 → 873 +3 24h
Reach per post (ERR) 31.7%277 avg views
Posting 1.3/day last 5 hours ago
Reactions per 1K views 14.9 👍 👏 🙏

РИОЯИ ТАЛАБОТҲОИ НАВИ ҚОНУНГУЗОРӢ БАРОИ МУҲОҶИРОН ДАР САНКТ – ПЕТЕРБУРГ ФАҲМОНИДА ШУД Дар доираи сафари корӣ ба Ҳавзаи Федералии Шимолу Ғарб масъулини Намояндагӣ дар масҷиди ҷомеаи шаҳри Санкт – Петербург бо муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Санкт - Петербург ва вилояти Ленинград кору фаъолият менамоянд вохӯрӣ намуданд. Нахуст вохӯрии масъулини Намояндагӣ бо роҳбари маҷсиди ҷомеъ Ниёзов Акбархон Кудратуллоевич баргузор гардида, зимни он ҳамкориҳои муштарак дар самти гузаронидани вохӯрию мулоқотҳо ҷиҳати иҷроиши талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардид. Зимни вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат, танзими раванди муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ, фаъолияти расмӣ дар доираи меъёрҳои муайннамудаи кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ, инчунин танзими бехатарӣ дар истеҳсолот, тартиби бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо тавсия ва машваратҳои муфид дода шуд. Зикр гардид, ки расман фаъолият намудан, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат имконият медиҳад, ки шаҳрванди хориҷӣ дар кишвари қабулкунандаи корӣ бехатарии фаъолияти меҳнатӣ ва танзими будубоши худро риоя намуда, кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрванди хориҷиро таъмин менамояд. Дар идомаи вохӯрӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста гуруҳҳои ифротгароию тундгароӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои иртиҷоӣ ва даҳшатафкан, тамошо намудани барномаҳои хатарафзои интернетӣ, оқилона дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия ва машваратҳои муфид дода шуд. Таъкид гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки берун аз соатҳои корӣ ба омӯзиш машғул шуда, ба курсҳои касбомӯзӣ, тамошои осорхонаҳо ва театр, боздид аз минтақаҳои сайёҳиву таърихии минтақаи мазкур намуда, дониш ва малакаҳои худро баланд бардошта, дар бозори меҳнати кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ худро ҳамчун мутахассиси ботаҷриба нишон диҳанд. Дар анҷоми вохӯрӣ муҳоҷирон меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба талаботҳои қонунгузорӣ, тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия, кафолатҳои ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар масъалаҳо вобаста ба самти мазкур саволҳои худро пешниҳод намуда, аз ҷониби кормандони Намояндагӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Views over time

020040026 Sep 19:2911 Nov 16:0836526 Sep 19:29: 0 views11 Nov 16:08: 365 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
26 Sep 2026, 19:290
11 Nov 2026, 16:08365

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.