Дар шаҳри Москва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳанги тоҷикон»-и Федератсияи Русия дар шаҳри Москва ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Таъкид гардид, ки барои тоҷикони муқими Русия ва фарзандони онҳо, ин ҷашн як фурсати беназири эҳсоси пайванд бо сарзамини аҷдодӣ мебошад.