Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Kazakh · active

Subscribers 873 Subscribers, last 30 days: 867 → 873 +3 24h
Reach per post (ERR) 31.7%277 avg views
Posting 1.3/day last 5 hours ago
Reactions per 1K views 14.9 👍 👏 🙏

ВОХӮРӢ БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ШАҲРИ ДЗЕРЖИНСКИЙ Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Нижний Новгород масъулини Намояндагӣ дар ҶДММ «Сладкая жизнь», ки дар он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатӣ машғул мебошанд, бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрӣ баргузор намуданд. Мақсади асосии вохӯрӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии муҳоҷирони меҳнатӣ аз талаботи қонунгузории кишвари иқомат ва шарҳу тавзеҳи тағйироти охирини қонунгузории Федератсияи Россия дар самти будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, фаъолияти меҳнатӣ ва риояи тартиби ҳуқуқии иқомат дар қаламрави ин кишвар буд. Зимни мулоқот ба муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба тағйироти нави қонунгузорӣ, қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, тартиби ба расмият даровардани фаъолияти меҳнатӣ, зарурати риояи қатъии талаботи қонунгузории кишвари қабулкунанда, инчунин аҳаммияти бастани шартномаи меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кормандон маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Ҳамзамон, ба масъалаҳои риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар истеҳсолот, талаботи беҳдоштӣ ва гигиенӣ, роҳҳои интиқол ва сироятёбӣ аз бемориҳои сироятӣ, инчунин тадбирҳои пешгирии паҳншавии чунин бемориҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар идомаи вохӯрӣ муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳушёрӣ ва масъулиятшиносӣ даъват гардида, зарурати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ, инчунин худдорӣ намудан аз иштирок дар чорабиниҳо ва фаъолиятҳои ғайриқонунӣ таъкид карда шуд. Илова бар ин, ба онҳо тавсия дода шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, такмили малакаҳои касбӣ, азхуд намудани технологияҳои муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд. Дар анҷоми мулоқот муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба масъалаҳои фаъолияти меҳнатӣ, будубоши қонунӣ ва риояи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Федератсияи Россия саволҳои худро пешниҳод намуданд. Мутахассисони Намояндагӣ ба саволҳои матраҳгардида посухҳои мушаххас дода, тавсияҳои зарурии ҳуқуқӣ пешниҳод карданд.

Views over time

01002003009 Oct 12:5211 Nov 16:082969 Oct 12:52: 0 views11 Nov 16:08: 296 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
9 Oct 2026, 12:520
11 Nov 2026, 16:08296

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.