АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛИИ СУЛҲОФАРӢ ТО ҚАБУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНӢ. Тоҷикистон бо роҳбарии Абармарди таърихсоз ҷодаи сулҳу созандагиро интихоб намудааст 25 июн Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» қабул намуд. Мо воқеан насли хушбахт ҳастем, ки шоҳиди ин рӯйдоди таърихӣ гардидем. Дар таърихи дипломатияи муосир ташаббусҳое ҳастанд, ки дар доираи манфиатҳои як давлат шакл мегиранд ва ташаббусҳое низ вуҷуд доранд, ки беназиранду моҳияти байналмилалӣ касб намудаанд. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда маҳз ба гурӯҳи дуюм мансуб аст. — Басе рамзӣ аст, ки қатъномаи мазкур аз ҷониби Меъмори сулҳу ваҳдат, сиёсатмадоре, ки оламиён бар хиради сулҳпарваронааш эътимоди бузург доранд, пешниҳод гардид. Боиси ифтихор аст, ки мо бо роҳбарии Пешвои сулҳофар, Абармарде, ки формулаи сулҳашон дар олам назир надорад, ҷодаи сулҳу созандагиро интихоб кардаву бо такя ба ҳамин сиёсат дар масири рушд қадамҳои устувор мегузорем. Дар солҳои аввали истиқлол масъалаи асосӣ барои Тоҷикистон истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ буд. Дар марҳилаи минбаъда сиёсати хориҷии кишвар тадриҷан самтҳои васеътари сулҳ, амният, ҳамкорӣ ва рушди устуворро фаро гирифт. Минбаъд ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла об, иқлим, ҳифзи сарватҳои табиӣ, коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва масъалаҳои амниятӣ бо иттифоқи оро қабул гардида, гувоҳи он аст, ки кишвар мехоҳад масъалаҳои миллӣ ва минтақавиро ба рӯзномаи ҷаҳонӣ пайванд диҳад. Муҳим он аст, ки ин раванд аз як таҷрибаи таърихии миллӣ то ибтикори марбут ба некуаҳволии башарият табдил ёфтааст. Ба ибораи дигар, таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ба сармояи дипломатии кишвар табдил ёфта, дар шакли ташаббуси глобалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ манзур гардид. «Ман ба Шумо сулҳ меорам»- аввалин суханҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ замони Роҳбари давлат интихоб шуданашон баён намуданд. Чун азмашон қавӣ буду ният нек, комёб гардиданд. Дар ин робита бояд гуфт, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ шарти асосии пойдории Истиқлоли давлатӣ ва заминаи боэътимоди рушди иқтисодиву иҷтимоии дилхоҳ кишвар маҳсуб мешавад. Дар фазои иттиҳоду сарҷамъӣ ва ваҳдату ягонагӣ мардуми Тоҷикистон имсол 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо шукуҳу шаҳомат таҷлил менамояд. Ин ҷашн боис мегардад, ки бо истифода аз ҳама шароиту имконот дастовардҳои кишвари мо дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ афзун гардонида шаванд. Зеро ба таъбири Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият маънии фароҳамсозии «имконият»-ро дошта, имконият ба давлату Ҳукумат ва ба ҳар фарде, ки дорои тафаккури солим буда, сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мавқеи сиёсӣ ва мансубияти динӣ худро соҳибватан мешуморад, аз ин имконият самаранок истифода намуда, дар рушду пешрафт ва ободии кишвар саҳм мегузорад. Се ҳазор сол пеш ниёгони мо дар Авасто таъкид карда буданд: «Мо ба оине бовар дорем, ки ҷангро нобуд кунад, размафзор (яъне силоҳ)-ро як сӯ гузорад ва хешопайвандӣ (иттиҳоду ваҳдат)-ро фармон диҳад…. (ҳоти 12.9). Ё дар ҷойи дигар пешвои динии ориёиҳо ба пайравони худ ва гурӯҳҳои даргир муроҷиат карда, мегуфт: «Хашмро фурӯ афканед ва худро дар баробари тундхӯӣ неруманд кунед ва … ба мардумони пок бипайвандед!» Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон далели ғамхории Роҳбари давлати мо на танҳо нисбат ба масъалаҳои кишвари худ, балки ғамхорӣ нисбат ба мардуми сайёра маҳсуб мешаванд. Барои таҳкими ин амали нек ниёгони мо шиори бузурге ҳам доштаанд, ки дар Авасто ба қарори зайл то ба имрӯз расидааст: «Бояд барои ободонии ҷаҳон кӯшид ва онро ба дурустӣ нигоҳбонӣ кард ва ба сӯи рӯшноӣ бурд». Маълумоти бештар дар линки мазкур: https://www.facebook.com/share/p/1GMK4cbVtb/?mibextid=wwXIfr