БАРРАСИИ ҶАЛБИ МУТАШАККИЛОНАИ ҚУВВАИ КОРИИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ Бо мақсади татбиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи сафарбаркунии муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия вохӯрии гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Кумитаи ҳамкориҳои байналмилалии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Санкт Петербург баргузор гардид. Дар вохурӣ масъалаи бокортаъминкунии муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Санкт - Петербург ва вилояти Ленинград, баррасӣ гардида, Созишномаи ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатии байналмилалии шаҳри Санкт Петербург ва корфармоёни алоҳида аз қабили: ҶДММ "Мастер принт", ҶСП "Березовское", ҶДММ "Инжиниринг СВ" ва СИ "Шопен Дмитрий Алексеевич" ба имзо расонида шуд. Инчунин дар доираи сафари корӣ аз Маркази муҳоҷирати "Южный", ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳуҷҷатҳои будубошди қонунӣ дар ҳудуди шаҳри Санкт Петербург ва вилояти Ленинград барасмият медарорад боздид гардида, бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ гузаронида шуд.