Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Kazakh · active

Subscribers 874 Subscribers, last 30 days: 867 → 873 +3 24h
Reach per post (ERR) 31.8%278 avg views
Posting 1.3/day last 9 hours ago
Reactions per 1K views 14.8 👍 👏 🙏

БОКОРТАЪМИНКУНӢ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ МАНФИАТҲОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ Яке аз самтҳои асосии фаъолияти кории Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон дар Россия буда, дар ин самт пайваста бо субъектҳои хоҷагидор, корфармоёни хурду бузург, намояндагони ташкилотҳои бокортаъминкунӣ, вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ мулоқоту вохӯриҳои судманд роҳандозӣ гардида, дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст омадааст. Дар натиҷаи сиёсати созанда ва тадбирҳои андешидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарики боэътимоду стратегӣ — Россия ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар ин кишвар барои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикстон шароити созгор ва арзанда фароҳам оварда шудааст. Дар иртибот ба кортаъминкунии шаҳрвандонамон дар давоми соли 2026 аз ҷониби масъулини Намояндагӣ бо корфармоёни зиёда аз 42 мулоқоту вохӯриҳои судманд баргузор гардида, зимни он масъалаҳои омода намудани кадрҳо дар Тоҷикистон вобаста ба тахассусҳои бозорталаби меҳнат, бо ҷойи кор таъмин намудан ва ҳамзамон масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва пешгирии ҳолатҳои нохуш дар истеҳсолот мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шудааст. Дар ин замина, корфармоён аз фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони мо қаноатманд буда, баҳри таҳкими ҳамкориҳо таклифу пешниҳодҳои худро манзур менамоянд. https://tajmigration.ru/blog/2026/09/04/bokortaminkun-va-ifzi-u-u-u-manfiat-oi-mu-o-ironi-me-nat-dar-federatsiyai-rossiya/

Views over time

02004006004 Sep 09:2111 Nov 16:085204 Sep 09:21: 0 views11 Nov 16:08: 520 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
4 Sep 2026, 09:210
11 Nov 2026, 16:08520

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.