Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Kazakh · active

Subscribers 874 Subscribers, last 30 days: 867 → 873 +3 24h
Reach per post (ERR) 31.8%278 avg views
Posting 1.3/day last 9 hours ago
Reactions per 1K views 14.8 👍 👏 🙏

ВОХӮРӢ БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ШАҲРИ МОСКВА Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори “Тёплий Стан” – и шаҳри Москва бо муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ намуданд. Зимни вохӯрӣ оид бо роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва зарурати аз ҷониби ҳамватанон риояи қатъии қонунгузории Федератсияи Россия ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони бумии кишвари иқомат, дурӣ ҷустан аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои ифротгарову тундрав фащмонида шуда, оид ба тағийротҳои нави қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия маълумот дода шуд. Ҳамзамон вобаста ба тағийротҳои қонунгузории ва истифодаи барномаи мобилии “АМИНА” варақаҳои итиллоотӣ барои муҳоҷирони тақсим карда шуда, Аз ҷониби ҳамватанон барои дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар изҳори миннатдорӣ баён гардид.

Views over time

020040060028 Aug 12:2611 Nov 16:0855028 Aug 12:26: 0 views11 Nov 16:08: 550 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
28 Aug 2026, 12:260
11 Nov 2026, 16:08550

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.