Пешниҳоди ҷойҳои корӣ дар ширкати «КМД»
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба диққати муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки ширкати «КМД», яке аз ширкатҳои пешсаф дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти металлӣ, барои фаъолияти меҳнатӣ ҷойҳои кории зеринро пешниҳод менамояд:
• Оператори дастгоҳи дастии рангкунии хокавӣ (порошковая покраска) – маош аз 80 000 рубл дар як моҳ;
• Омодакунандаи маҳсулот дар хатти рангкунии хокавӣ – маош аз 70 000 рубл дар як моҳ;
• Монтажчӣ-ҷамъоварандаи маҳсулот – маош аз 70 000 рубл дар як моҳ;
• Оператори дастгоҳи координатӣ-сӯрохкунӣ бо идоракунии барномавӣ (ЧПУ) – аз 80 000 рубл дар як моҳ;
• Оператори дастгоҳи буриши лазерии металл бо идоракунии барномавӣ (ЧПУ) – аз 80 000 рубл дар як моҳ.
Шароити корӣ ва имтиёзҳо:
• Расмӣ ва мутобиқи талаботи Кодекси меҳнати Федератсияи Россия ба кор қабул шудан;
• пардохти музди меҳнат ду маротиба дар як моҳ;
• истифодаи таҷҳизоти муосир ва асбобҳои босифати корӣ;
• таъмин намудани кормандон бо либоси махсуси мувофиқ ва пойафзоли корӣ;
• муҳити кории муосир, васеъ ва равшан;
• пардохти иловагӣ барои соатҳои кории изофӣ;
• имконияти омӯзиш ва аз худ намудани касб «аз сифр»;
• фароҳам будани имконият барои рушди касбӣ ва пешрафти мансабӣ;
• ҷадвали корӣ – 5 рӯзи корӣ ва 2 рӯзи истироҳатӣ (5/2);
• давомнокии як басти корӣ – 8 соат.
Ширкат барои кормандони нав имконияти омӯзиши ибтидоӣ фароҳам оварда, ба шахсоне, ки таҷрибаи кории зарурӣ надоранд, барои аз худ намудани малакаҳои касбӣ мусоидат менамояд.
Суроғаи истеҳсолот:
Федератсияи Россия, вилояти Владимир, шаҳри Александров, шоҳроҳи Двориковское, бинои 60/3.
Телефон барои тамос: +7 916 701-77-55 — Сергей Юриевич
Новое достижение таджикского врача — выпускника Таджикского государственного медицинского университета
В Москве состоялась церемония вручения первой международной премии Bridge Awards («Мост дружбы»), учрежденной в целях признания значимого вклада в развитие культурных, деловых и гуманитарных связей, а также укрепление международного сотрудничества. Победители были определены в 12 номинациях, а среди участников и лауреатов премии — представители более 40 стран мира.
Особую гордость представляет тот факт, что одним из лауреатов престижной международной премии стал гражданин Республики Таджикистан, кандидат медицинских наук Муборакшо Муборакшоев — опытный врач и практикующий хирург.
Доктор Муборакшоев стал победителем в номинации «Медицина и новые технологии сбережения здоровья». В данной номинации отмечаются специалисты, внесшие значительный вклад в профилактику, диагностику и лечение заболеваний, а также развитие современных медицинских технологий, оборудования и лекарственных средств.
Одними из основных направлений профессиональной деятельности доктора Муборакшоева являются диагностика и лечение различных заболеваний, в том числе артроза, артрита, парапроктита, фимоза, гонартроза и ряда других заболеваний.
Муборакшо Муборакшоев в 1986 году окончил Таджикский государственный медицинский университет имени Абуали ибни Сино в городе Душанбе — одно из ведущих высших учебных заведений страны в области медицинского образования. В последующем он прошел повышение квалификации по специальности «хирургия» в Российском университете дружбы народов имени Патриса Лумумбы. Кроме того, в Центре дополнительного профессионального образования «Образовательный стандарт» он прошел обучение по программам детской хирургии и другим медицинским направлениям, продолжив совершенствовать свои профессиональные знания и навыки.
Доктор Муборакшоев также является членом Российской ассоциации хирургов и Российской ассоциации детских хирургов.
По данным организаторов Bridge Awards, в конкурсе приняли участие 108 претендентов из 41 страны мира. Среди номинантов были предприниматели, ученые, педагоги, представители сферы культуры, общественные деятели и специалисты различных профессиональных областей.
Международная премия Bridge Awards направлена на признание вклада иностранных граждан и репатриантов в развитие Москвы и Российской Федерации, а также укрепление гуманитарных, культурных и деловых связей между странами и народами.
Инициатором учреждения премии выступает общественно-деловая платформа The Bridge Club. Проект реализуется при поддержке Министерства иностранных дел Российской Федерации, Департамента внешнеэкономических и международных связей города Москвы и ГУП «Московский центр международного сотрудничества». Стратегическим партнером премии является Агентство стратегических инициатив Российской Федерации.
Высокое профессиональное достижение доктора Муборакшо Муборакшоева и его признание на международном уровне являются предметом гордости для Таджикистана и свидетельствуют о достойном вкладе представителей таджикской медицинской школы в развитие здравоохранения, науки и международного профессионального сотрудничества.
Подобные достижения также являются ярким примером достойного участия граждан Республики Таджикистан в общественной и профессиональной жизни страны пребывания и их вклада в укрепление дружественных и гуманитарных связей между народами.
edited
Шарҳ дар бораи тартиби тамдиди муҳлати будубош ва гузоштани муҳр дар корти муҳоҷиратӣ
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират хотиррасон мекунад, ки барои баъзе гурӯҳҳои шаҳрвандони хориҷӣ гузоштани муҳр оид ба тамдиди муҳлати будубош тибқи тартибе амалӣ мегардад, ки бо Фармони ВКД-и Россия № 926 аз 22.11.2021 тасдиқ шудааст.
Дар ҳолатҳое, ки мувофиқи тартиби мазкур ба мақомоти ВКД-и Россия барои тамдиди муҳлати будубоши муваққатӣ пешниҳод намудани ариза зарур мебошад, гузоштани муҳри дахлдор дар корти муҳоҷиратӣ ҳатмӣ ба ҳисоб меравад. Ин талабот ба категорияҳои зерини шаҳрвандон татбиқ мегардад:
1. Шаҳрвандони хориҷие, ки бе раводид (виза) вориди Федератсияи Россия шуда, барои гирифтани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ (РВП) ва иҷозатномаи иқомати доимӣ (ВНЖ) ҳуҷҷат пешниҳод мекунанд.
2. Шаҳрвандони хориҷие, ки барои таҳсил ба муассисаҳои таълимии Федератсияи Россия қабул мешаванд (донишҷӯён, магистрон, аспирантон, унвонҷӯён ва дигар категорияи шаҳрвандоне, ки ба таҳқиқ ва дар раванди экспедитсия иштирок менамоянд).
3. Шаҳрвандони хориҷие, ки барои тамдиди муҳлати будубош ба таври инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд, аз ҷумла:
- шахсоне, ки хешовандони шаҳрвандони Федератсияи Россия мебошанд;
- шахсоне, ки бинобар табобат ё дигар сабабҳои ҷиддӣ имкони тарк намудани қаламрави Федератсияи Россияро надоранд.
Ҳамзамон хотиррасон менамоем, ки ҳангоми пардохти боҷи патент (пардохти авансӣ) ба шаҳрвандони хориҷӣ муроҷиат намудан ба мақомоти ВКД-и Россия ва гирифтани муҳр оид ба тамдиди муҳлати будубош дар корти муҳоҷиратӣ талаб карда намешавад. Ин меъёр дар банди 3 қисми 5 моддаи 13.3 Қонуни федералии «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия» пешбинӣ шудааст.
Рақамҳо барои тамос бо Намояндагӣ:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 100-95-59;
3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4. Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
5. Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11;
6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.