Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад. Сайт: http://www.president.tj Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.0/day last 39 minutes ago
Reactions per 1K views 0.0
  1. 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Девони вазирон - Роҳбари маъмурияти Президенти Қирғизистон Адилбек Касималиев ва дигар намояндагони расмии кишвар истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  2. edited

    31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Вазири энергетика ва захираҳои об ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  3. +6

    31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо аҳли маорифи кишвар мулоқот намуда, дар ҷамъомад ба муносибати рӯзи дониш суханронӣ намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки дар 9 соли охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе 55 муассисаи нави таълимӣ бо зиёда аз 95 ҳазор ҷойи нишаст ва 42 кӯдакистони замонавӣ барои 8 ҳазор кӯдак бунёд ва ба истифода дода шудааст. Танҳо соли равон ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар пойтахти кишвар 7 муассисаи нави таълимӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва 8 муассисаи томактабии наву замонавӣ барои 1000 кӯдак ба фаъолият оғоз менамояд. “Дар маҷмуъ, тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст”, изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Душанбе #Dushanbe President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  4. +6

    31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ташриф оварданд.Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-ро мавриди истифода қарор доданд, ки барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иншооти нави соҳаи маориф аз 5 қисм иборат буда, бунёди он аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имкон фароҳам овард, ки наврасону ҷавонони 3 маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахти кишвар дар шароити муосир ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар фаро гирифта шаванд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105 аз 130 синфхона ва ҳуҷраҳои корию ёрирасон иборат аст, ки аз ин, дар 10 синфхона хонандагон ба омӯзиши фанҳои физика, химия, биология, информатика, забонҳои хориҷӣ, мусиқӣ, тайёрии ҳарбӣ ва таълими меҳнат фаро гирифта мешаванд. Тадбирандешиҳои пайвастаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имкон фароҳам овардааст, ки барои омӯзиши илмҳои дақиқ ва татбиқи намунавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар пойтахти кишвар шароити намунавӣ таъмин гардад. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Душанбе #Dushanbe President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  5. 29 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Норвегия муҳтарам Хокон VIII дар робита ба реҳлати падари бузургворашон Шоҳи Норвегия Харалд V барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд. 29 августа Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон направил телеграмму соболезнования Королю Норвегии уважаемому Хокону VIII в связи с кончиной его уважаемого отца, Короля Норвегии Харальда V. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  6. 29 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва Президенти Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал муҳтарам Рам Чандра Паудел дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани ярч ва обхезӣ дар ноҳияи худмухтори Ситсзани Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ноҳияҳои шимолу шарқии Непал барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд. 29 августа Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон направил телеграмму соболезнования Председателю Китайской Народной Республики уважаемому Си Цзиньпину и Президенту Федеративной Демократической Республики Непал уважаемому Раму Чандре Пауделу в связи с трагическими последствиями схода оползней и наводнения в Сицзанском автономном районе Китайской Народной Республики и в северо-восточных районах Непала. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  7. edited

    Ифтитоҳи 2 мактаб ва 6 кӯдакистон дар шаҳри Душанбе #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Душанбе #Dushanbe President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  8. Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам: 1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2026 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода шаванд. 2. Моҳҳои октябр-ноябри соли 2026 шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола, ки то рӯзи даъват ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд. 4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо амалӣ намоянд. 5. Раисони шаҳру ноҳияҳо якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ бо дарки масъулият ба роҳ монанд. 6. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиб намоянд. 7. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо даъват шудаанд, табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 28 августи соли 2026 №1221

  9. +6

    28 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пас аз ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ба фаъолияти ҳафт иншооти дигари соҳаи маориф ба таври фосилавӣ оғоз бахшиданд. Бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани иншооти нави соҳа барои дар шароити муосир ба таҳсил фаро гирифтани насли ояндаи миллат заминаҳои муассир фароҳам овард. Бо ифтитоҳи шаш муассисаи таҳсилоти томактабӣ, ки имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, теъдоди кӯдакистонҳо дар пойтахт ба 180 муассиса расида, фарогирии кӯдакон бо зинаи аввали таҳсилот аз 36 ҳазору 163 ба наздики 37 ҳазор нафар баробар шуд. 28 августа Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон и Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустами Эмомали после открытия средней общеобразовательной школы № 20 в дистанционном формате дали старт деятельности ещё семи объектов сферы образования.Строительство и ввод в эксплуатацию новых объектов отрасли создали благоприятные условия для охвата подрастающего поколения нации образованием в современных условиях. С открытием шести дошкольных образовательных учреждений, состоявшимся сегодня в городе Душанбе при участии Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона и Председателя города Душанбе уважаемого Рустами Эмомали, количество детских садов в столице достигло 180 учреждений, а число детей, охваченных первой ступенью образования, увеличилось с 36 163 до почти 37 тысяч человек. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Душанбе #Dushanbe President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  10. edited
    +6

    28 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин боргоҳи илму маърифат, ки дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-и қаблӣ бунёд карда шудааст, бо назардошти зиёдшавии аҳолӣ барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Ин муассисаи таълимӣ бо шароиту имкониятҳои васеи таълиму тарбия ва технологияи муосир таъмин гардида, дорои 58 синфхонаи барҳавои таълимию фаннӣ, 16 ҳуҷраи кории омӯзгорон, китобхона бо 90 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ бо 24 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 350 ҷойи нишаст, толори варзишӣ бо 70 ҷойи нишаст, толори тенниси руйи миз, майдончаи варзишии тобистона, ошхона бо 210 ҷойи нишаст, бунгоҳи тиббӣ ва ҳуҷраҳои техникию ёрирасон мебошад. 28 августа Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон и Председатель Маджлиси млли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустами Эмомали, сняв покрывало с символической таблички, ввели в эксплуатацию новое здание средней общеобразовательной школы № 20 в районе Шохмансур столицы. Лидеру нации уважаемому Эмомали Рахмону было сообщено, что данное учреждение образования и просвещения, построенное на месте прежней средней общеобразовательной школы № 20, с учётом роста численности населения рассчитано на обучение 2 400 учащихся в две смены. Учебное заведение оснащено широкими возможностями и современными технологиями для обучения и воспитания. В нём имеются 58 просторных учебных и предметных кабинетов, 16 рабочих кабинетов для учителей, библиотека на 90 посадочных мест, электронная библиотека на 24 места, актовый зал на 350 мест, спортивный зал на 70 мест, зал для настольного тенниса, летняя спортивная площадка, столовая на 210 мест, медицинский пункт, а также технические и вспомогательные помещения. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Душанбе #Dushanbe President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  11. edited
    +4

    28 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гуруҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд. Дар оғози маросим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ - 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тадбирҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ маҳз бо саъйу талоши ватандӯстона ва заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми шарифи Тоҷикистон анҷом дода шудаанд. Таъкид гардид, ки дар ин раванд саҳми соҳибкорони ватандӯст, ки дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати кишвар дар ободу зебо гардонидани Тоҷикистони маҳбубамон фаъолона ширкат доранд, баръало эҳсос мегардад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама гуна ташаббус ва амалҳои созанда истиқбол намуда, аз дастоварду хизматҳои шоён ҳамеша қадрдонӣ мекунад. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #МукофотҳоиДавлатӣ #ГосударственныеНаграды #StateAwards President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  12. Данғара — истиқболи солгарди 35 Истиқлоли давлатӣ бо дастовардҳои намоён #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Данғара #Дангара #Danghara President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  13. Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Левакант: қадамҳои устувор дар роҳи рушди саноат ва созандагӣ #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Левакант #Levakant President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  14. Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвон — қадамҳои устувор ба сӯи ободонӣ #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Ёвон #Яван #Yovon President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  15. +6

    26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни кӯдакистон ба таври фосилавӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд.Дар идома ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои бинои хобгоҳ барои омӯзгорон, Қасри фарҳанг ва Маҷмааи варзиш, ки аз меҳмонхона, ошхона, ҳуҷраҳои варзишӣ ва майдончаҳо барои бозии футбол волейбол ва баскетбол сохта мешаванд, муаррифӣ карда шуд. Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди Маҷмааи варзиш, меҳмонхона, ошхона ва майдончаҳои варзишӣ дар деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд. Иншооти мазкур барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди намудҳои гуногуни варзиш пешбинӣ шуда, барои баргузории машғулиятҳо ва чорабиниҳои варзишӣ имкониятҳои зарурӣ фароҳам меоранд. Роҳбари давлат ба масъулин дастур доданд, ки бинои хобгоҳи омӯзгорон ва Қасри фарҳанг дар муҳлати як сол ва Маҷмааи варзишӣ, меҳмонхона, ошхона ва майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол дар ду соли оянда бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шаванд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Данғара #Дангара #Danghara President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  16. +6

    26 август дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғиҷоваки ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии Зирамоҳро мавриди истифода қарор доданд.Иншооти нав бо ташаббуси соҳибкори ватандӯст Раҳимҷон Саидзода дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст. Муассисаи томактабӣ барои 300 кӯдак пешбинӣ шуда, дар он 30 корманд, аз ҷумла 26 мураббия ва ёварони онҳо, ба тарбияи кӯдакон машғул мебошанд. Кӯдакистон аз 20 ҳуҷраи машғулият, аз ҷумла 10 ҳуҷраи хоб, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар ҳуҷраҳои машғулият барои рушди қобилияти зеҳнӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Муассиса ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст буда, ҳуҷраҳо бо оби гарм таъмин мебошанд. Таълиму тарбия дар кӯдакистон бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои рушди қобилияти эҷодии кӯдакон толори мусиқӣ низ фаъолият мекунад. Дар саҳни бино инчунин айвончаи тобистона барои гузаронидани машғулиятҳои кӯдакон сохта шудааст. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Данғара #Дангара #Danghara President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  17. +6

    26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи кӯдакистони Орзу ба таври фосилавӣ 10 иншооти нави иҷтимоӣ ва хизатрасонӣ, аз ҷумла 16 километр роҳи деҳаи Сафедобро ифтитоҳ намуданд. Маҷмуи иншооти навсохтро роҳу пул, иншооти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва варзишӣ ташкил медиҳад, ки ҳамаи он аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони ватандусти ноҳияи Данғара бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ бунёд шудааст. Дар маҷмуъ дар рӯзи сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Данғара бо саҳми соҳибкорони ноҳияи Данғара 55 километр роҳҳҳои марказӣ ва деҳаҳои дурдаст мавриди истифода қарор дода шуд ва барои таъмини шароити созгори мардум имконоти мусоиди хизматрасонӣ фароҳам гардид. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Данғара #Дангара #Danghara President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  18. +6

    26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Сафедоби ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии Орзуро мавриди истифода қарор доданд.Иншооти навсохт дар деҳаи Сафедоб ягона муассисаи томактабӣ ба шумор меравад, ки бо ҳадафи амалӣ сохтани дастурҳои Роҳбари давлат ҷиҳати ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани насли наврас бунёд шуда, барои 300 кӯдак пешбинӣ гардидааст . Бинои хуштарҳу замонавӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҷониби оилаи Рауфзодаҳо бо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ сохта шуда, дорои 9 синфхонаи барҳавои таълимӣ, хобгоҳ, толори мусиқӣ, ошхона, нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ ва ёрирасон мебошад. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Данғара #Дангара #Danghara President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  19. +1

    26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маҳаллаи 9-уми шаҳраки Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ намуда, бо шароити фароҳамгардида шинос шуданд.Иншооти мазкур бо ташаббус ва иқдоми соҳибкори ватандӯст Муҳаммадҷон Сафарзода, дар пайравӣ аз сиёсати созандаву иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар ободонии маҳал ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрин ва фароғати сокинон саҳми арзанда гузоштааст. Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, иншооти нав дар ҷойи қаблан нообод ва бекорхобида бунёд гардида, бо анҷоми корҳои созандагӣ симои ин мавзеъ ба куллӣ дигаргун шудааст. Акнун ҷойи қаблан бесамар ба гӯшаи зебову обод ва макони муносиб барои машқу тамрини варзишӣ, истироҳату фароғати кӯдакон ва наврасон табдил ёфтааст. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Данғара #Дангара #Danghara President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  20. edited
    +6

    26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Данғара дар маркази шаҳрак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки барои 1620 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Мактаби замонавии бошукӯҳ сеошёна буда, аз ҷониби ходими маъруфи давлатӣ Шералӣ Гулов ва оилаи онҳо бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбияи насли наврас бунёд ёфтааст. Муассисаи замонавии таълимӣ аз 27 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла барои фанҳои химия, физика, математика, омӯзиши компютер, технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, ҳамчунин аз китобхонаву толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Дар озмоишгоҳҳои мактаб асбобу аёниятҳои дарсӣ мавҷуд аст, ки хонандагон барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун аз онҳо босамар истифода мебаранд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Данғара #Дангара #Danghara President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  21. Older posts