28 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гуруҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд. Дар оғози маросим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ - 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тадбирҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ маҳз бо саъйу талоши ватандӯстона ва заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми шарифи Тоҷикистон анҷом дода шудаанд. Таъкид гардид, ки дар ин раванд саҳми соҳибкорони ватандӯст, ки дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати кишвар дар ободу зебо гардонидани Тоҷикистони маҳбубамон фаъолона ширкат доранд, баръало эҳсос мегардад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама гуна ташаббус ва амалҳои созанда истиқбол намуда, аз дастоварду хизматҳои шоён ҳамеша қадрдонӣ мекунад. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #МукофотҳоиДавлатӣ #ГосударственныеНаграды #StateAwards President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube