26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи кӯдакистони Орзу ба таври фосилавӣ 10 иншооти нави иҷтимоӣ ва хизатрасонӣ, аз ҷумла 16 километр роҳи деҳаи Сафедобро ифтитоҳ намуданд. Маҷмуи иншооти навсохтро роҳу пул, иншооти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва варзишӣ ташкил медиҳад, ки ҳамаи он аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони ватандусти ноҳияи Данғара бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ бунёд шудааст. Дар маҷмуъ дар рӯзи сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Данғара бо саҳми соҳибкорони ноҳияи Данғара 55 километр роҳҳҳои марказӣ ва деҳаҳои дурдаст мавриди истифода қарор дода шуд ва барои таъмини шароити созгори мардум имконоти мусоиди хизматрасонӣ фароҳам гардид. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Данғара #Дангара #Danghara President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube