26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни кӯдакистон ба таври фосилавӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд.Дар идома ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои бинои хобгоҳ барои омӯзгорон, Қасри фарҳанг ва Маҷмааи варзиш, ки аз меҳмонхона, ошхона, ҳуҷраҳои варзишӣ ва майдончаҳо барои бозии футбол волейбол ва баскетбол сохта мешаванд, муаррифӣ карда шуд. Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди Маҷмааи варзиш, меҳмонхона, ошхона ва майдончаҳои варзишӣ дар деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд. Иншооти мазкур барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди намудҳои гуногуни варзиш пешбинӣ шуда, барои баргузории машғулиятҳо ва чорабиниҳои варзишӣ имкониятҳои зарурӣ фароҳам меоранд. Роҳбари давлат ба масъулин дастур доданд, ки бинои хобгоҳи омӯзгорон ва Қасри фарҳанг дар муҳлати як сол ва Маҷмааи варзишӣ, меҳмонхона, ошхона ва майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол дар ду соли оянда бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шаванд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Данғара #Дангара #Danghara President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube