Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.0/day last 51 minutes ago
Reactions per 1K views 0.0

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маҳаллаи 9-уми шаҳраки Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ намуда, бо шароити фароҳамгардида шинос шуданд.Иншооти мазкур бо ташаббус ва иқдоми соҳибкори ватандӯст Муҳаммадҷон Сафарзода, дар пайравӣ аз сиёсати созандаву иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар ободонии маҳал ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрин ва фароғати сокинон саҳми арзанда гузоштааст. Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, иншооти нав дар ҷойи қаблан нообод ва бекорхобида бунёд гардида, бо анҷоми корҳои созандагӣ симои ин мавзеъ ба куллӣ дигаргун шудааст. Акнун ҷойи қаблан бесамар ба гӯшаи зебову обод ва макони муносиб барои машқу тамрини варзишӣ, истироҳату фароғати кӯдакон ва наврасон табдил ёфтааст. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Данғара #Дангара #Danghara President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

02K4K6K26 Aug 13:3211 Nov 18:295K26 Aug 13:32: 0 views11 Nov 18:29: 4,990 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
26 Aug 2026, 13:320
11 Nov 2026, 18:295K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.