Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.0/day last 51 minutes ago
Reactions per 1K views 0.0
edited

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Данғара дар маркази шаҳрак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки барои 1620 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Мактаби замонавии бошукӯҳ сеошёна буда, аз ҷониби ходими маъруфи давлатӣ Шералӣ Гулов ва оилаи онҳо бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбияи насли наврас бунёд ёфтааст. Муассисаи замонавии таълимӣ аз 27 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла барои фанҳои химия, физика, математика, омӯзиши компютер, технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, ҳамчунин аз китобхонаву толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Дар озмоишгоҳҳои мактаб асбобу аёниятҳои дарсӣ мавҷуд аст, ки хонандагон барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун аз онҳо босамар истифода мебаранд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Данғара #Дангара #Danghara President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

02K4K6K26 Aug 13:1511 Nov 18:295.3K26 Aug 13:15: 0 views11 Nov 18:29: 5,270 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
26 Aug 2026, 13:150
11 Nov 2026, 18:295.3K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.