Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.0/day last 51 minutes ago
Reactions per 1K views 0.0

26 август дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғиҷоваки ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии Зирамоҳро мавриди истифода қарор доданд.Иншооти нав бо ташаббуси соҳибкори ватандӯст Раҳимҷон Саидзода дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст. Муассисаи томактабӣ барои 300 кӯдак пешбинӣ шуда, дар он 30 корманд, аз ҷумла 26 мураббия ва ёварони онҳо, ба тарбияи кӯдакон машғул мебошанд. Кӯдакистон аз 20 ҳуҷраи машғулият, аз ҷумла 10 ҳуҷраи хоб, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар ҳуҷраҳои машғулият барои рушди қобилияти зеҳнӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Муассиса ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст буда, ҳуҷраҳо бо оби гарм таъмин мебошанд. Таълиму тарбия дар кӯдакистон бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои рушди қобилияти эҷодии кӯдакон толори мусиқӣ низ фаъолият мекунад. Дар саҳни бино инчунин айвончаи тобистона барои гузаронидани машғулиятҳои кӯдакон сохта шудааст. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Данғара #Дангара #Danghara President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

02K4K6K26 Aug 14:2511 Nov 18:296.2K26 Aug 14:25: 0 views11 Nov 18:29: 6,190 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
26 Aug 2026, 14:250
11 Nov 2026, 18:296.2K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.