


+6
Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат муассисаи насли нави соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт аст, ки 11 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои наву замонавии таълимӣ аз 33 синфхонаи муҷаҳҳаз иборат буда, барои 800 хонандаи болаёқат пешбинӣ гардидааст.
Синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет ба дарёфти адабиёти гуногун ва омӯзиши илмҳои муосир мусоидат мекунад.
Барои аз худ кардани илмҳои дақиқ синфхонаҳои химия, биология, физика ва озмоишгоҳҳо бо муҳимтарин дастгоҳу лавозимоти таълимӣ таҷҳизонида шудаанд, ки ин дар омӯзиши донишҳои назариявӣ ва амалии хонандагон нақши муассир мегузорад.
Синфхонаҳои таълими меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхонаи барҳаво, толори варзиш, майдончаи варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба омӯзиши касбу ҳунар, баргузории ҷамъомаду вохӯриҳо, ҷалби хонандагон ба бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол заминаҳои воқеӣ мегузорад.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Рашт #Rasht
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube



+6
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун дар ноҳияҳои водии Рашт, суҳбату вохӯрӣ бо аҳолӣ ва иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт Сарвари давлатро роҳбарият ва сокинони шарафманди ноҳия бо эҳтирому самимият ва муҳаббати хос истиқбол гирифтанд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст фурудгоҳи ноҳияи Раштро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои фурудгоҳ дар раванди корҳои ободонӣ бо дасттирии соҳибкорони ватанӣ навсозӣ шуда, дар он барои мусофирон шароити замонавии хизматрасонӣ муҳайё шудааст. Ба ин васила дар оянда бо кушодани хатсайрҳои нав рафтуомади мусофирон бо ҳавопаймоҳо дигар минтақахо барқарор гардида, хизматрасониҳо ба талаботи имрӯза мутобиқ карда мешаванд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Рашт #Rasht
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube



+6
Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи миллӣ намоиши театрикунонидашуда бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “35 соли сарнавиштсоз” баргузор гардид.Намоиши идонаву тантанавии бошукуҳ ба бобҳо ҷудо гардида буд, аз қабили дар масири тамаддуни миллат, дар боби амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноат - асоси пешрафт, “Об барои рушди устувор” - қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ва рушди пешравии рақамӣ.
Дар барномаи идонаи консертӣ шеърҳо аз эҷодиёти шоирони шинохтаи тоҷик Давлат Сафар, Озарахш, Гулназар Келдӣ, Рустами Ваҳҳоб, Беҳрӯзи Забеҳулло, Озари Ориф, Раънои Мубориз, Камол Насрулло, Шамсиддини Нуриддин, Нуруллои Ориф, Назрӣ Яздон, Ниҳонӣ, Ато Мирхоҷа, Хайрандеш, Сайдои Шайдо, Толиби Луқмон, Муҳаммад Ғоиб ва Низом Қосим бо номҳои “Партави ифтихор”, “Гулбиҳишт”, “Дар зинароҳи Истиқлол”, “Суруди миллии Тоҷикистон”, “Ориёиям”, “Сомониям”, “Созу навои Ватан”, “Номаи иқбол”, “Бақои миллат”, “Халқ ва Пешво”, “Ватани пурганҷ”, “Тоҷикистон”, “Душанбе-шаҳри гулҳо”, “Душанбе-шаҳри ҷавонӣ” ва “Рамзи Истиқлол” истифода гардид.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Истиқлол #Независимость #Independence
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube



+6
9 сентябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.Дар оғоз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузургу таърихӣ - 35-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон самимона табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки 35 сол пеш Тоҷикистони маҳбуби мо соҳиби истиқлол гардид ва мардуми тоҷик имкони соҳибихтиёрӣ, муайян намудани роҳи мустақили пешрафту тараққиёт ва эҳёи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои давлатдории бостониро ба даст овард.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки маҳз сулҳу субот ва оромии ҷомеа барои созандагиву ободонии Ватан ва пешрафти устувори давлат заминаи мустаҳкам фароҳам овард.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Истиқлол #Независимость #Independence
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Роҳпаймоии оммавии идона дар майдони Истиқлоли пойтахт
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Истиқлол #Независимость #Independence
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube



+6
9 сентябр дар майдони Истиқлоли пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.
Таъкид шуд, ки 35 сол муқаддам мардуми тоҷик соҳибистиқлол гардиданд ва таъсиси давлати миллии худро эълон карданд. Яъне миллати тоҷик бо гузашти асрҳои зиёд давлатдории мустақили худро барқарор намуд ва ба давраи комилан нави таърихи худ ворид гардид.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Истиқлол #Независимость #Independence
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Истиқболи солгарди 35 Истиқлоли Тоҷикистон бо Пешвои мардумӣ
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Истиқлол #Независимость #Independence
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube



+2
8 сентябр дар Театри миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни муқаддасу сарнавиштсоз - 35-солагии истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки Истиқлол барои ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳу худшинос рамзи олии озодӣ, нишонаи возеҳи соҳибихтиёрӣ ва ҳастии миллати ориёитабори тоҷик, мояи ифтихору сарбаландӣ ва рукни бунёдии давлатдории муосири тоҷикон мебошад.
Гуфта шуд, ки 35 соли соҳибистиқлолӣ возеҳан собит сохт, ки тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз дорои хиради азалӣ, иродаи матин ва неруи бузурги созанда мебошанд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Истиқлол #Независимость #Independence
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Ҳамоиши “Пайванд”- васлгари тоҷикону форсизабонони ҷаҳон дар Душанбе бо иштироки Пешвои миллат



+6
7 сентябр дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - Пайванд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таҳти унвони “Тоҷикистони соҳибистиқлол - пайвандгари тамаддуни ориёӣ” баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиши илмӣ дар баробари олимону муҳаққиқони ватанӣ, инчунин зиёда аз 230 меҳмон аз 27 кишвари дунё ширкат доранд.
Ҳамоиши илмии “Тоҷикистони соҳибистиқлол-пайвандгари тамаддуни ориёӣ”-ро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ намуда, суханро ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокдорони ҳамоишро ба муносибати ҷашни фархундаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, меҳмонон - донишмандон, олимон, аҳли ҳунар, аъзои фаъоли Анҷумани “Пайванд”-ро ба Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - хонаи умеди тамоми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон хайрамақдам гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Анҷумани байналмилалии Пайванд падидаи беназири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст, ки тайи ин солҳо ба майдони паҳновари ҳамоиши тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табдил ёфт.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Истиқлол #Независимость #Independence #Пайванд #Payvand #پیوند
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Паради ҳарбӣ — ҳусни истиқбол аз солгарди 35 Истиқлоли давлатӣ
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Истиқлол #Независимость #Independence
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube



+4
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Истиқлоли пойтахт дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми Тоҷикистон, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҳамаи иштирокдорони паради ҳарбиро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ самимона табрик гуфтанд.
Ташкил ва дар сатҳи баланди омодагии низомӣ доир намудани Паради ҳарбӣ ба шарафи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ боз ҳам собит месозад, ки хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва ҳар як фарди худогоҳу хештаншиноси ҷомеа барои ҳимоя аз Ватан, ҳифзи суботу оромии кишвар, дастовардҳои Истиқлолият ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардум дар ин сарзамини биҳиштманзар доимо омода мебошанд. Онҳо, савганди садоқату вафодории хешро ҳамеша ба халқу Ватан ва Пешвои миллат пос медоранд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Истиқлол #Независимость #Independence
Филми “Пешво аз қалби мардум”
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Истиқлол #Независимость #Independence



+5
4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони онҳо хушбахтӣ ва сулҳу оромӣ орзу намуданд.
Таъкид гардид, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар таърихи навини мардуми Тоҷикистон, хусусан барои сокинони вилояти Хатлон давраи ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз ва озмоиши азму иродаи онҳо буд.
Гуфта шуд, ки вилояти Хатлон ва бахусус шаҳри Бохтар, ки дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ яке аз нуқтаҳои даргир ва ноороми кишвар ба ҳисоб мерафт, он солҳо хисороти ҷиддии моддиву маънавӣ дид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар вазъияти баамаломада Ҳукумати кишвар аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода карда, ҷиҳати ҳифзи амнияти ҷомеа, бехатарии мардум, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва бо шароити зиндагии орому осоишта таъмин кардани аҳолии вилоят чораҳои бетаъхир андешид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди мураккаби баркарорсозиву созандагӣ саҳми мардуми бонангу номус ва қавииродаи вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтарро таъкид намуданд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Хатлон #Khatlon
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Боздид аз ободонии ш.Бохтар ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ва мулоқот бо фаъолони в.Хатлон
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Хатлон #Khatlon #Бохтар #Bokhtar
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube



+4
4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Кушониён ва Ҷалолиддини Балхӣ ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки биноҳои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон бо 65 ҷойи корӣ, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо ҳайати шахсии иборат аз 1400 нафар, меҳмонхонаи Аниса дар маҳаллаи Турсунзода бо 50 кати хоб ва 20 ҷойи корӣ аз ҷумлаи онҳоанд.
Ҳамчунин, бинои маъмурӣ ва таълимӣ-таҷрибавии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 74 барои 500 хонанда дар ду баст дар деҳаи Шӯразамини деҳоти Навоии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо шароити хуби таълиму тарбия ва технологияву синфхонаҳои фаннӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Хатлон #Khatlon
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube



+5
4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин”-ро дар шаҳри Бохтар пас аз навсозӣ ва рақамикунонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки китобхона пас аз таъмиру навсозӣ ба маркази муосири инноватсионӣ табдил ёфтааст.
Дар он бо истифода аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ ҷустуҷӯи маълумот, тавсияи адабиёт мувофиқи завқу хоҳиши хонанда, таҳлили мундариҷа ва дигар хизматрасонии самаранок тариқи барномаи электронии миллии Китобдор, ки дар ҳаминҷон таҳия шудааст, ба таври фаврӣ анҷом дода мешавад.
Ин лоиҳаи навоварона бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, ки минбаъд метавонад ҳамчун намунаи таҷрибаи пешқадам барои рушди китобхонаҳои муосир дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар истифода шавад.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Хатлон #Khatlon #Бохтар #Bokhtar
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube



+6
4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми заҳматқарин ва бонангу номуси вилояти Хатлон ва ҳозиринро ба ифтихори ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ - 35-умин солгарди истиқлолу озодии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад. Ин сарзамини куҳанбунёд аз қадим яке аз марказҳои муҳимми фарҳангу тамаддуни тоҷикон буда, имрӯз низ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишварамон нақши басо арзишманд мегузорад.
Гуфта шуд, ки “мояи ифтихори ҳар яки мост, ки моҳи июли соли 2025-ум ёздаҳ ёдгории таърихиву фарҳангии воқеъ дар ҳудуди вилоят таҳти номи “Хуттали қадим” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид”.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Хатлон #Khatlon
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Эълони нахустнамоиши филми “Пешво аз қалби мардум” дар телевизионҳои Тоҷикистон
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Истиқлол #Независимость #Independence
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Оғози расмии сохтмони маҷмааи бурҷи Душанбе(77 ошёна, баландиаш 340 метр)
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Душанбе #Dushanbe
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube