4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Кушониён ва Ҷалолиддини Балхӣ ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки биноҳои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон бо 65 ҷойи корӣ, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо ҳайати шахсии иборат аз 1400 нафар, меҳмонхонаи Аниса дар маҳаллаи Турсунзода бо 50 кати хоб ва 20 ҷойи корӣ аз ҷумлаи онҳоанд. Ҳамчунин, бинои маъмурӣ ва таълимӣ-таҷрибавии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 74 барои 500 хонанда дар ду баст дар деҳаи Шӯразамини деҳоти Навоии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо шароити хуби таълиму тарбия ва технологияву синфхонаҳои фаннӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Хатлон #Khatlon President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube