Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.0/day last 31 minutes ago
Reactions per 1K views 0.0

4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд. Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми заҳматқарин ва бонангу номуси вилояти Хатлон ва ҳозиринро ба ифтихори ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ - 35-умин солгарди истиқлолу озодии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд. Таъкид гардид, ки вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад. Ин сарзамини куҳанбунёд аз қадим яке аз марказҳои муҳимми фарҳангу тамаддуни тоҷикон буда, имрӯз низ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишварамон нақши басо арзишманд мегузорад. Гуфта шуд, ки “мояи ифтихори ҳар яки мост, ки моҳи июли соли 2025-ум ёздаҳ ёдгории таърихиву фарҳангии воқеъ дар ҳудуди вилоят таҳти номи “Хуттали қадим” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид”. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Хатлон #Khatlon President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

02.5K5K7.5K10K4 Sep 07:2811 Nov 18:298K4 Sep 07:28: 0 views11 Nov 18:29: 8,030 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
4 Sep 2026, 07:280
11 Nov 2026, 18:298K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.