Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.0/day last 32 minutes ago
Reactions per 1K views 0.0

Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи миллӣ намоиши театрикунонидашуда бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “35 соли сарнавиштсоз” баргузор гардид.Намоиши идонаву тантанавии бошукуҳ ба бобҳо ҷудо гардида буд, аз қабили дар масири тамаддуни миллат, дар боби амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноат - асоси пешрафт, “Об барои рушди устувор” - қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ва рушди пешравии рақамӣ. Дар барномаи идонаи консертӣ шеърҳо аз эҷодиёти шоирони шинохтаи тоҷик Давлат Сафар, Озарахш, Гулназар Келдӣ, Рустами Ваҳҳоб, Беҳрӯзи Забеҳулло, Озари Ориф, Раънои Мубориз, Камол Насрулло, Шамсиддини Нуриддин, Нуруллои Ориф, Назрӣ Яздон, Ниҳонӣ, Ато Мирхоҷа, Хайрандеш, Сайдои Шайдо, Толиби Луқмон, Муҳаммад Ғоиб ва Низом Қосим бо номҳои “Партави ифтихор”, “Гулбиҳишт”, “Дар зинароҳи Истиқлол”, “Суруди миллии Тоҷикистон”, “Ориёиям”, “Сомониям”, “Созу навои Ватан”, “Номаи иқбол”, “Бақои миллат”, “Халқ ва Пешво”, “Ватани пурганҷ”, “Тоҷикистон”, “Душанбе-шаҳри гулҳо”, “Душанбе-шаҳри ҷавонӣ” ва “Рамзи Истиқлол” истифода гардид. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Истиқлол #Независимость #Independence President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

05K10K9 Sep 18:5511 Nov 18:2910.8K9 Sep 18:55: 0 views11 Nov 18:29: 10,800 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
9 Sep 2026, 18:550
11 Nov 2026, 18:2910.8K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.