

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ баргузор шуда истодааст -- раёсати ин созмонро феълан Тоҷикистон бар дӯш дорад.
Ин нишаст бо 25-солагии таъсиси СҲШ рост меояд. Муҳокимаҳо ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси платформаи рақамӣ барои ҳамлу нақли бор ва рушди масирҳои роҳи оҳан равона шудаанд.
Интизор меравад, ки дар поёни ҷаласа як баёния қабул гардад.
Дар доираи нишаст сарвазири Русия Михаил Мишустин низ вориди Душанбе шуд.
Кори нишаст субҳи имрӯз бо мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои СҲШ оғоз шуд.
Эмомалӣ Раҳмон созмонро ҳамчун майдони муколамаи созанда унвон кард.
#новости
🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан
Ба канали TjRusNews обуна шавед!
Аз шаҳрвандони нави Русия бештар аз ҳама барои ба қайди ҳарбӣ нагузаштан паспорташонро мегиранд — баррасӣ мекунем, ки чӣ тавр касе, ки шаҳрвандиро навақт ба даст овардааст, аз он маҳрум нашавад.
Аз соли 2024 мақомоти ВКД дархостҳоро ба комиссариатҳои ҳарбӣ мефиристанд ва агар муайян шавад, ки шаҳрванд дар муҳлати муқарраршуда ба қайди ҳарбӣ нагузаштааст, шаҳрвандӣ метавонад қатъ карда шавад.
Чӣ тавр амал кардан лозим аст, то аз паспорти Федератсияи Русия маҳрум нашавем:
🔣Муҳлатҳои ба қайд гузоштан: ду ҳафта барои ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбӣ ё як ҳафта барои пешниҳоди ариза тавассути «Госуслуги» аз рӯзи гирифтани паспорт.
🔣Асоси қатъи шаҳрвандӣ: зербанди «в»-и банди 2 қисми 1 моддаи 22-и Қонуни № 138-ФЗ — иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба ба қайди ҳарбии аввалия гузоштан.
🔣Паспорт аз рӯзи қабули қарор дар бораи қатъи шаҳрвандӣ гирифта мешавад ва беэътибор эътироф мегардад.
🔣Судҳо баҳо медиҳанд: оё шаҳрванд ӯҳдадориро иҷро кардааст, оё монеаҳои объективӣ буданд, оё ваколатҳои инспектори ВКД риоя шудаанд.
🔣Мушкилот: комиссариатҳои ҳарбӣ билети ҳарбӣ талаб мекунанд, комиссияи тиббӣ тӯл мекашад, дархостҳо ба таври айнан таҳия мешаванд — «оё дар қайд аст», на «оё равандро оғоз кардааст».
🔣Амалияи судӣ якмаъно нест: ҳам қарорҳо ба фоидаи давлат ва ҳам ба фоидаи шаҳрвандон вуҷуд доранд.
🔣Мамнӯъияти вуруд ба муҳлати 5–25 сол метавонад бо қарори суд дар сурати мавҷуд будани оила, манзил ва даромад дар Русия бекор карда шавад.
Муҳлатҳои дақиқ ва тавсияҳои муфассал оид ба ба қайди ҳарбӣ гузоштан — дар Migrantguide.ru.
#эксперты
🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан
Ба канали TjRusNews обуна шавед!
Агар дар Русия ягон асоси истодан ба мӯҳлати бештар аз 90 рӯзро надошта бошед, бо тамом шудани мӯҳлати будубош, кишварро тарк кунед — дар акси ҳол, ҳангоми тарки кишвар, кормандони гумрук метавонанд то 10 сол вуруди шуморо ба Русия манъ кунанд.
Ба қавли Муҳаммад Собиров, коршиноси масоили муҳоҷират, аз 1-уми октябри соли 2026 сар карда, дар фурудгоҳҳо кормандони гумрук низ ба вуруди шаҳрвандони хориҷӣ маҳдудият гузошта истодаанд.
«Агар тартиботи будубошро аз 90 рӯз бештар вайрон кардед, ба 5 сол ва агар 180 рӯз бештар истодед, ба 10 сол ба шумо вуруд ба кишвар манъ мешавад. Беҳтараш дар вақташ бароед ва баъди 1 январи соли оянда, баргардед», — машаварат дод Собиров дар сӯҳбат бо TRN.
#эксперты
🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан
Ба канали TjRusNews обуна шавед!
Ҳафт шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон, ки дар қаламрави Россия бе парастории намояндагони қонунӣ монда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Бозгашти онҳо бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати ҶТ дар Федератсияи Россия ташкил карда шуд.
Ин чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти салоҳиятдори Россия — мувофиқи Созишнома ҳамкорӣ миёни давлатҳои иштирокчии ИДМ дар масъалаҳои бозгардонидани ноболиғон ба кишварҳои истиқомати домиашон анҷом дода шуд.
#новости
🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан
Ба канали TjRusNews обуна шавед!
Наҷмиддин Мукаррамов, як навраси тоҷик аз шаҳри Турсунзода «Гелик»-и барқӣ сохт — орзи рӯзе расидан ба ин намуди мошини орзуҳояшро амалӣ карду акнун метавонад мошинсаворӣ кунад.
Наҷмиддин, аз деҳаи Аҳоруни шаҳри мазкур, донишҷӯи курси 2-юми Литсейи касбӣ-мтеаллургӣ аст.
Ба қавли худаш, расидан ба мақсад барояш осон намуд, дар рафти сохтани мошин, замоне мешуд, ки мехост аз баҳраш барояд, вале мақсад ва иродаи устувораш нагузошт ӯ бозистад.
#новости
🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан
Ба канали TjRusNews обуна шавед!

Дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ барфи шадиде борид — сокинон шокият мекунанд, ки ҳисоли картошка зери барф монд.
Дар навори нашркардаи онҳо дида мешавад, ки барф дар деҳаи Дашти Миёнаи ноҳия заминро сафед кардааст. Бархе аз деҳқонон бо шитоб ҳосилро ҷамъоварӣ мекунанд.
Масчоҳ, минтақаи кӯҳӣ дар ҷанубу шарқи вилояти Суғд аст, ки сокинонаш ба коштани картошка машғуланд. Дар кӯҳҳо одатан аллакай моҳҳои сентябр барф меборад. Дар водиҳо барф охири моҳи октябр ва аввали моҳи ноябр мезанад.
#новости
🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан
Ба канали TjRusNews обуна шавед!
Ба кӯдаки хориҷӣ дар Русия лозим нест, ки дар корти муҳоҷиратӣ муҳр гузорад, агар бақайдгирии (регистратсияи) волидонаш онлайн тамдид шуда бошад.
Асоси будубоши шаҳрванди ноболиғи кишвари дорои низоми бидуни раводид (безвизовый), патенти меҳнатии волидайн мебошад. Агар патент барои як сол пардохт шуда бошад ва чекҳо дар ҳолати дуруст бошанд, кӯдак метавонад дар ҳамон муҳлат дар Федератсияи Русия бимонад.
Саволҳои худро ба чат-боти мо @migrantguide_bot фиристед. Мо ҷавоб медиҳем ва дастури муфассалро оид ба ҳалли мушкилатон пешниҳод мекунем.
#новости
🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан
Ба канали TjRusNews обуна шавед!
Шоҳмотбози тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот байни ветеранҳо дар намуди рапид (шоҳмоти босуръат) медали нуқра ба даст овард. Устоди байналмилалӣ ва ҳашт карат қаҳрамони Тоҷикистон Ҷамшед Исоев соҳиби медали нуқраи мусобиқа гардид.
Чемпионати Осиё байни ветеранҳо (50+ ва 65+ сола), ки 15 октябр дар вилояти Ӯши Қирғизистон оғоз шуд, то 25 октябр идома меёбад.
#новости
#спорт
🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан
Ба канали TjRusNews обуна шавед!
Барои ба қайди қалбакӣ (сохта) гузоштани шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар ҷои истиқомат ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Пас аз ошкор шудани ин ҳолат, ҳамаи шахсони ба таври қалбакӣ ба қайд гирифташуда аз баҳисобгирии муҳоҷиратӣ ва бақайдгирӣ хориҷ карда мешаванд.
#новости
🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан
Ба канали TjRusNews обуна шавед!
Котиби давлатии ИМА Марко Рубио бори аввал ба Узбекистон омад — ҳамроҳи ӯ ба Самарқанд зиёда аз 200 намояндаи тиҷорати амрикоӣ ворид шуданд.
Барои чӣ омад
— Рубио дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ИМА ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар формати C5+1 иштирок мекунад.
— Ҳамчунин мулоқотҳои алоҳидаи ӯ бо роҳбарияти Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ба нақша гирифта шудаанд.
— Дар доираи C5+1 Рубио бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот кард — ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣро баррасӣ карданд.
— Мавзӯи асосӣ — тиҷорат ва сармоягузорӣ. Дар музокирот энергетика, минералҳои муҳими стратегӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва IT баррасӣ мешаванд.
Натиҷаи аввал
Дар ҷаласаи панелӣ оид ба технологияҳои рақамӣ намояндаи Google Cloud аз оғози Google Pay дар Узбекистон хабар дод.
Рақамҳо
— Аз аввали сол гардиши мол байни Узбекистон ва ИМА 20% афзуд.
— Кишварҳо барномаи сесолаи ҳамкории иқтисодӣ ба маблағи 35 млрд долларро амалӣ мекунанд.
Чаро Самарқанд
Маҳз дар ҳамин ҷо соли 2015 аввалин мулоқоти вазирон дар формати C5+1 баргузор шуда буд. Дар Регистон Рубио ба рӯзноманигорон ёдовар шуд, ки Самарқанд асрҳо маркази тиҷорати байналмилалӣ буд, — ва имрӯз дар ин ҷо имкониятҳои нав барои ҳамкории Узбекистон ва ИМА кушода мешаванд.
#новости
🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан
Ба канали TjRusNews обуна шавед!
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров нигаронии ҷиддии Маскавро аз ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар ноҳияҳои наздимарзии Афғонистон бо Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон баён кард.
Лавров қайд кард, ки дар минтақаҳои наздимарзии Афғонистон лагерҳои омӯзишӣ ва нуқтаҳои такягоҳии ҷангиён ҳанӯз ҳам фаъолияташонро идома медиҳанд.
#новости
🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан
Ба канали TjRusNews обуна шавед!

Барои авбошӣ Саидаъзами Неъматулло, Раҳмонов Саймурод ва Одинаев Иброҳим дастгир карда шуданд. Дар натиҷаи муноқиша Асоев Ф. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт; аз рӯи маълумоти санҷиш ӯ корд истифода бурда, ба дастгиршудагон таҳдид кардааст.
«14 октябри соли ҷорӣ шахсони номбурда дар назди ошхонаи «Чуҷабирён», ки дар кӯчаи Борбад воқеъ аст, бо шаҳрванд Асоев Фирдавс муноқиша намуда, якдигарро латукӯб карданд ва тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карданд. Дар натиҷаи ин муноқиша Асоев Ф. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт, баъд аз он бо истифода аз корд ба шахсони болозикр ҳуҷум карда, ба онҳо таҳдид намуд», — хабар медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Аз рӯи ин ҳолат нисбати ҳар ду ҷониб маводҳо тартиб дода шуданд. Санҷиши пешакӣ идома дорад.
#новости
#происшествия
🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан
Ба канали TjRusNews обуна шавед!
Дастаи «Хуҷанд» бо пирӯзӣ бар «Сардор» бо ҳисоби 2:1 дар бозии ниҳоӣ, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2026 гардид. Ин вохӯрӣ 18 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор шуд.
Йован Анжелкович дар дақиқаи 39-ум ҳисобро кушод ва Эммануэл Гаруба дар дақиқаи 76-ум бартарии дастаашро дучанд кард. «Сардор» дар вақти иловагии бозӣ — дар дақиқаи 90+2-юм тавассути Анушервон Ҷебов — фарқияти ҳисобро кам кард, аммо натавонист натиҷаи бозиро тағйир диҳад.
Ин пирӯзӣ шашумин қаҳрамонии «Хуҷанд» дар таърихи Ҷоми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
#спорт
🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан
Ба канали TjRusNews обуна шавед!
Мушаррафа Ҷӯраева, доктори илмҳои филологӣ ва профессори факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, имрӯз, 19 октябр, дар синни 61-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Сабаби марги ӯ бемории саратон гуфта мешавад; профессор муддати ҳафт моҳ бо ин беморӣ мубориза мебурд. Ӯ аз моҳи март табобат мегирифт ва ҳафтаҳои охир дар хона буд. Субҳи имрӯз дар ҳамон ҷо аз олам гузашт.
Мушаррафа Ҷӯраева 29 августи соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ соли 1987 факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1993 дар ҳамин донишгоҳ ба фаъолият шурӯъ намуд ва наздики 20 сол дар факултети журналистика ба таълими забони тоҷикӣ машғул буд.
Маросими видоъ имрӯз дар маҳаллаи «Пойтахт-90», дар наздикии манзили зисти профессор — паҳлӯи «Алиф Бонк» баргузор мегардад.
#новости
🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан
Ба канали TjRusNews обуна шавед!
Дар Флорида яке аз тамошобобитарин партобҳои мушакҳоро наворбардорӣ карданд, ки дар осмони шабона изи ба монанди медузаи азим боқӣ гузошт.
Изи васеъшаванда аз ихроҷоти киштии SpaceX Falcon 9 ба вуҷуд омад, ки онро шуълаҳои субҳи барвақт равшан карданд. Он ба МКС қариб 3 тонна захираҳо ва таҷҳизот мерасонад.
#технологии
🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан
Ба канали TjRusNews обуна шавед!
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Русия дар доираи 3-юмин ҷоизаи миллии филми "Тоҷи Сомон" баргузор мешаванд.
Намоишҳо дар кинотеатри "Ватан" бо дастгирии "Роскино" ва Вазорати фарҳанги Русия кушода шуд.
Барнома бо драмаи илмӣ-фантастикии "Ҳавопаймо"-и коргардон Егор Михалков-Кончаловский оғоз ёфт. Ба тамошобинон инчунин филмҳои "Буратино", "Падар" ва "Ду дар як ҳаёт, бе ҳисоб кардани саг" пешкаш карда шуданд.
Дар даромадгоҳ меҳмононро ҳунарпешагон бо либосҳои миллӣ истиқбол карданд ва намоишгоҳи "Русия - сарзамини истеъдодҳо" ба намоиш гузошта шуд.
Маҳмадсаид Шоҳиён, коргардони "Тоҷикфилм" таъкид кард, ки ин фестивал як қадами муҳим дар тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Русия аст.
#культура
🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан
Ба канали TjRusNews обуна шавед!
Ду навраси 15 ва 16-сола дар Хуҷанд як ноболиғи аз худашон хурдро ба ҷои беодам бурда, ба таври ваҳшина латтукӯб намудаанд. Ба гузориши РВКД дар Суғд, баҳонаи наврасони муштзӯр қарз будааст. Яке аз онҳо саҳнаи латукӯби писаракро ба навор гирифтааст.
Милитсияи шаҳри Хуҷанд наврасонро дастгир ва муайян кардааст, ки яке аз онҳо пештар низ барои бадрафторӣ ба даст афтодаву дар қайди профилактикӣ меистодааст. Нисбати наврасон бо моддаи 90-и Кодекси маъмурӣ мавод тартиб дода шуда, бо волидоашон низ сӯҳбати профилактикӣ гузаронида шудааст.
#пришествия
🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан
Ба канали TjRusNews обуна шавед!
Tesla мошини парвозкунандаро муаррифӣ кард. Roadster-и нав дорои муҳаррикҳои SpaceX мебошад, ки қодиранд онро аз замин бардоранд.
Суперкар дар се версия дастрас хоҳад буд: версияи қонунии кӯчагӣ бо суръати 0-60 мил дар як соат (0-100 км/соат) 1,6 сония, версияи варзишӣ (0,9 сония) ва версияи Rocket бо суръати ҳайратангези 0,59 сония ва суръати максималии беш аз 230 мил (370 км), аммо қонунии кӯчагӣ нест. Ҳар се модел дорои системаи фишурдакунӣ мебошанд, ки мошинро ҳатто дар боми он нигоҳ медорад. Дар қафои версияи Sport пурқувваткунакҳои гази хунук насб карда шудаанд, дар ҳоле ки версияи Rocket пурқувваткунакҳои гази хунуки пурраи бадан дорад. Фурӯш соли 2028 оғоз мешавад, аммо нархаш маълум нест.
Барои фармоишҳои пешакӣ ҳадди аққал 50 000 доллар (4,1 миллион рубл) пешпардохт лозим аст.
#технологии
🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан
Ба канали TjRusNews обуна шавед!
Стартапи амрикоии Therabot массажёри барои танбалтаринҳо баровард. Он худ ба по меғелад ва мушакҳоро молиш медиҳад.
Дар дохили он якчанд роликҳо мавҷуданд, ки бо шарофати онҳо дастгоҳ аз шит то рон ҳаракат мекунад. Дар барнома метавон қувваи фишор ва суръатро танзим кард, инчунин қисмати массажро интихоб кард.
Нархаш аз $499 (42 500 рубл) оғоз мешавад.
#технологии
🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан
Ба канали TjRusNews обуна шавед!
Шаҳрванди хориҷӣ, ки мақоми қонунӣ надорад, ҳангоми тамдиди будубоши худ дар Русия ба "Қоидаи 90/365" итоат мекунад.
Муҳоҷир бояд пас аз ба охир расидани мӯҳлати корти муҳоҷираташ Русияро тарк кунад, вагарна он беэътибор мешавад. Муҳоҷир метавонад дар соли тақвимии оянда дубора ба кишвар ворид шавад.
#эксперты
🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан
Ба канали TjRusNews обуна шавед!