Шоҳмотбози тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот байни ветеранҳо дар намуди рапид (шоҳмоти босуръат) медали нуқра ба даст овард. Устоди байналмилалӣ ва ҳашт карат қаҳрамони Тоҷикистон Ҷамшед Исоев соҳиби медали нуқраи мусобиқа гардид. Чемпионати Осиё байни ветеранҳо (50+ ва 65+ сола), ки 15 октябр дар вилояти Ӯши Қирғизистон оғоз шуд, то 25 октябр идома меёбад. #новости #спорт 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!