Ҳафт шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон, ки дар қаламрави Россия бе парастории намояндагони қонунӣ монда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Бозгашти онҳо бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати ҶТ дар Федератсияи Россия ташкил карда шуд. Ин чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти салоҳиятдори Россия — мувофиқи Созишнома ҳамкорӣ миёни давлатҳои иштирокчии ИДМ дар масъалаҳои бозгардонидани ноболиғон ба кишварҳои истиқомати домиашон анҷом дода шуд. #новости 🌐 Telegram | 🌐 VKontakte | 🌐 Rutube | 🌐 Савол додан ё хабар пешниҳод кардан Ба канали TjRusNews обуна шавед!