Пешниҳоди ҷойҳои корӣ дар ширкати «КМД» Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба диққати муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки ширкати «КМД», яке аз ширкатҳои пешсаф дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти металлӣ, барои фаъолияти меҳнатӣ ҷойҳои кории зеринро пешниҳод менамояд: • Оператори дастгоҳи дастии рангкунии хокавӣ (порошковая покраска) – маош аз 80 000 рубл дар як моҳ; • Омодакунандаи маҳсулот дар хатти рангкунии хокавӣ – маош аз 70 000 рубл дар як моҳ; • Монтажчӣ-ҷамъоварандаи маҳсулот – маош аз 70 000 рубл дар як моҳ; • Оператори дастгоҳи координатӣ-сӯрохкунӣ бо идоракунии барномавӣ (ЧПУ) – аз 80 000 рубл дар як моҳ; • Оператори дастгоҳи буриши лазерии металл бо идоракунии барномавӣ (ЧПУ) – аз 80 000 рубл дар як моҳ. Шароити корӣ ва имтиёзҳо: • Расмӣ ва мутобиқи талаботи Кодекси меҳнати Федератсияи Россия ба кор қабул шудан; • пардохти музди меҳнат ду маротиба дар як моҳ; • истифодаи таҷҳизоти муосир ва асбобҳои босифати корӣ; • таъмин намудани кормандон бо либоси махсуси мувофиқ ва пойафзоли корӣ; • муҳити кории муосир, васеъ ва равшан; • пардохти иловагӣ барои соатҳои кории изофӣ; • имконияти омӯзиш ва аз худ намудани касб «аз сифр»; • фароҳам будани имконият барои рушди касбӣ ва пешрафти мансабӣ; • ҷадвали корӣ – 5 рӯзи корӣ ва 2 рӯзи истироҳатӣ (5/2); • давомнокии як басти корӣ – 8 соат. Ширкат барои кормандони нав имконияти омӯзиши ибтидоӣ фароҳам оварда, ба шахсоне, ки таҷрибаи кории зарурӣ надоранд, барои аз худ намудани малакаҳои касбӣ мусоидат менамояд. Суроғаи истеҳсолот: Федератсияи Россия, вилояти Владимир, шаҳри Александров, шоҳроҳи Двориковское, бинои 60/3. Телефон барои тамос: +7 916 701-77-55 — Сергей Юриевич