Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Russian · active

Subscribers 870 Subscribers, last 30 days: 867 → 870 +2 24h
Reach per post (ERR) 33.2%289 avg views
Posting 1.3/day last 18 hours ago
Reactions per 1K views 15.0 👍 👏 🙏

ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ НАЗОРАТИ ДАРОМАД ВА ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ТАҚВИЯТ ДОДА МЕШАВАД Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки дар Федератсияи Россия бо мақсади такмили низоми танзими муносибатҳои меҳнатӣ, таъмини риояи қонунгузории муҳоҷират ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкории байниидоравӣ, тартиби нави мубодилаи маълумот оид ба даромад ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ марҳила ба марҳила мавриди амал қарор мегирад. Тибқи Қонуни федералии Федератсияи Россия аз 26 июли соли 2026, № 241-ФЗ «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни федералӣ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия», аз 25 октябри соли 2026 Фонди нафақа ва суғуртаи иҷтимоии Федератсияи Россия ба Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия маълумот оид ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷиро тавассути низоми ягонаи электронии ҳамкории байниидоравӣ пешниҳод менамояд. Маълумоти мазкур дар асоси иттилооте, ки корфармоён тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда ба мақомоти дахлдор пешниҳод мекунанд, танзим карда мешавад. Ҳамзамон, аз 1 октябри соли 2026 муқаррароте мавриди амал қарор гирифтааст, ки тибқи он мақомоти андози Федератсияи Россия ба Вазорати корҳои дохилии ин кишвар маълумот оид ба даромади шаҳрвандони хориҷиро дар асоси ҳисоботи пардохтҳои суғуртавӣ барои давраҳои се, шаш, нуҳ ва дувоздаҳ моҳи соли тақвимӣ ирсол менамоянд. Татбиқи муқаррароти мазкур ба таҳкими ҳамкории мақомоти ваколатдори давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти меҳнатӣ, такмили назорати муҳоҷиратӣ ва андозӣ, инчунин пешгирии ҳолатҳои риоя нагардидани талаботи қонунгузории амалкунанда равона гардидааст. Дар робита ба ин, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, тавсия медиҳад, ки ба масъалаҳои ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ, дурустии маълумоти пешниҳодшаванда аз ҷониби корфармоён, инчунин риояи уҳдадориҳои пешбининамудаи қонунгузории муҳоҷиратӣ ва андозии кишвари иқомат таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоянд. Риояи талаботи қонунгузории амалкунандаи Федератсияи Россия, фаъолияти меҳнатии қонунӣ ва сари вақт ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои дахлдор аз омилҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи фаъолияти меҳнатӣ ба ҳисоб мераванд. Намояндагӣ минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва огоҳонидани онҳо аз тағйироти қонунгузории Федератсияи Россия корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳиро идома медиҳад. Барои гирифтани маълумоти бештар ва тавсияҳои ҳуқуқӣ ба рақамҳои зеррин дар тамос шавед: 1.Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44 ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00 2.Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (915) 150-88-82, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56; 2.2 Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60; 4.Ҳавзаи федералии Марказӣ: вилоятҳои Твер, Смоленск ва Ярослав +7 (923) 554 39 46; 5.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53; 6.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш.Санкт-Петербург: +7(977)963-25-69; 7. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77; 8. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11; 9. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99; 10. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур,ш.Хабаровск:+7(914) 202-09-56; 11. Минтақаи Ҷумҳурии Саха- Якутия, шаҳри Якутск: +7 (999) 217-0105, +7 (924) 361-80-33; Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.

Views over time

010020030040027 Oct 10:2411 Nov 16:0834127 Oct 10:24: 0 views11 Nov 16:08: 341 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
27 Oct 2026, 10:240
11 Nov 2026, 16:08341

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.