БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ ИТТИЛООТИЮ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ШАҲРИ АСТРАХАН Аз ҷониби масъулини Намояндагӣ дар назди Масҷиди Сафеди шаҳри Астрахан бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик вохӯрии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии вохӯрӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, шарҳу тавзеҳи талаботи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ арзёбӣ гардида, дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаҳои риояи қонунгузории муҳоҷират, таъмини амнияти шахсӣ ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, ба иштирокчиён тавсия дода шуд, ки аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва робита бо гурӯҳҳои ифротгаро худдорӣ намуда, ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, мутолиа ва паҳн намудани маводи иттилоотӣ эҳтиёткор бошанд. Ҳамзамон, масъалаҳои риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар ҷойи кор, ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО/БПНМ ва бемории сил, тавсия дода шуда, ба муҳоҷирони меҳнатӣ зарурати ҳифзи саломатии худ ва риояи талаботи бехатарӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ хотиррасон карда шуд. Ҳамчунин оид ба тартиби будубоши қонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, барқарор намудани ҳуҷҷатҳои гумшуда, аз ҷумла шиноснома, корти муҳоҷиратӣ, ҳуҷҷатҳои қайди муҳоҷиратӣ ва патент, инчунин санҷиши вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон дар кишвари иқомат маълумот ва тавсияҳои ҳуқуқӣ пешниҳод гардиданд. Ҳамзамон, масъулини Намояндагӣ ба саволҳои пешниҳоднамудаи шаҳрвандон посухҳои мушаххас гардонида, тавсия дода шуд, ки барои гирифтани маълумоти бештар сомонаи расмии Намояндагиро пайгирӣ намоянд. ПРОВЕДЕНИЕ ИНФОРМАЦИОННО - РАЗЪЯСНИТЕЛЬНОЙ ВСТРЕЧИ С ТРУДОВЫМИ МИГРАНТАМИ В ГОРОДЕ АСТРАХАНИ Сотрудником Представительства Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по вопросам миграции у Белой мечети города Астрахани проведена информационно-разъяснительная встреча с гражданами Республики Таджикистан, проживающими и осуществляющими трудовую деятельность на территории Российской Федерации. Основной целью встречи стало повышение правовой грамотности граждан, разъяснение требований миграционного законодательства Российской Федерации, профилактика правонарушений, а также содействие защите прав и законных интересов трудовых мигрантов. В ходе встречи особое внимание было уделено соблюдению миграционного законодательства, вопросам личной безопасности и предупреждению вовлечения граждан в деятельность экстремистских и террористических организаций. Участникам рекомендовано воздерживаться от любых противоправных действий, не вступать в связи с представителями экстремистских группировок, а также проявлять осторожность при использовании социальных сетей, ознакомлении с информационными материалами и их распространении. Кроме того, были рассмотрены вопросы соблюдения требований охраны труда и техники безопасности на рабочих местах, сохранения здоровья и профилактики инфекционных заболеваний, в том числе ВИЧ-инфекции и туберкулёза. Трудовым мигрантам напомнили о необходимости ответственного отношения к собственному здоровью и соблюдения установленных требований безопасности при осуществлении трудовой деятельности. Отдельное внимание было уделено вопросам законного пребывания на территории Российской Федерации, восстановления утраченных документов, включая паспорт, миграционную карту, документы миграционного учёта и патент, а также проверки правового статуса граждан в стране пребывания. В завершение встречи сотрудник Представительства ответили на поступившие от граждан вопросы и рекомендовали регулярно обращаться к официальному сайту Представительства для получения актуальной и достоверной информации по вопросам миграции, трудоустройства и осуществления трудовой деятельности на территории Российской Федерации.