ОГОҲӢ БА ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ БО МАҚСАДИ КОР БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ САФАР МЕКУНАНД! Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки тибқи қонунгузории нави Россия, доштани доғи судии бардоштанашуда ё барҳамнахӯрда барои баъзе ҷиноятҳо метавонад барои гирифтани патент монеа гардад. Мутобиқи зербанди 6 банди 9 моддаи 18 ва зербанди 2 банди 22 моддаи 13.3 Қонуни федералии Россия аз 25 июли соли 2002, № 115-ФЗ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия», дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба шаҳрвандони хориҷие, ки доғи судии бардоштанашуда ё барҳамнахӯрда доранд, патент дода намешавад. Бо мақсади пешгирии мушкилоти эҳтимолӣ ҳангоми ба расмият даровардани фаъолияти меҳнатӣ дар Россия, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад: ▪️ Пеш аз сафар мавҷудияти доғи судӣ ва мақоми ҳуқуқии онро муайян намоянд. ▪️ Дар сурати доштани доғи судӣ, пеш аз сафар мутмаин шаванд, ки доғи судӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун бардошта шудааст ва мақоми ҳуқуқии он ба талаботи қонунгузории Россия оид ба гирифтани патент мутобиқат мекунад. ▪️ Барои гирифтани маълумот дар бораи тартиб ва муҳлати бардоштани доғи судӣ ба мақомоти ваколатдор дар дохили кишвар муроҷиат намоянд. ▪️ Пеш аз анҷом додани хароҷоти вобаста ба сафар, имконияти гирифтани патент ва ба расмият даровардани фаъолияти меҳнатиро тибқи талаботи қонунгузории Россия санҷанд. Ёдрас мешавем, ки пешакӣ муайян кардани мақоми ҳуқуқии доғи судӣ ва мувофиқати он ба талаботи қонунгузории муҳоҷират метавонад аз хароҷоти беҳуда ва мушкилоти эҳтимолӣ ҳангоми ба расмият даровардани фаъолияти меҳнатӣ дар Россия пешгирӣ намояд. Аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки пеш аз сафар талаботи қонунгузории кишвари қабулкунандаро ба инобат гирифта, барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ омодагии зарурии ҳуқуқӣ гиранд. Телефонҳо барои тамос: 1.Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44 ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00 2.Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (915) 150-88-82, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56; 2.2 Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60; 4.Ҳавзаи федералии Марказӣ: вилоятҳои Твер, Смоленск ва Ярослав +7 (923) 554 39 46; 5.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53; 6.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш.Санкт-Петербург: +7(977)963-25-69; 7. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77; 8. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11; 9. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99; 10. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур,ш.Хабаровск:+7(914) 202-09-56; 11. Минтақаи Ҷумҳурии Саха- Якутия, шаҳри Якутск: +7 (999) 217-0105, +7 (924) 361-80-33; Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.