Дар Якутск барои муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тағйироти қонунгузорӣ идома дорад Дар шаҳри Якутски Ҷумҳурии Саха – Якутияи Федератсияи Россия масъулини Намояндагӣ бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тағйироти қонунгузории кишвари иқомат бо муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намудаанд. Дар ин замина, аз ҷониби масъулини Намояндагӣ дар утоқи корӣ шароит барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ фароҳам оварда шуда, бо муҳоҷирони меҳнатӣ бо усули «рӯ ба рӯ» корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият ёфта, ҳамарӯза дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида мешавад. Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «рӯ ба рӯ» аҳамияти хоса дорад, зеро дар ин шакл шаҳрванд метавонад саволҳои мушаххаси худро диҳад ва посухи дақиқ гирад. Муҳоҷирони меҳнатӣ ба масъулини Намояндагӣ вобаста ба талаботҳои нави қонунгузорӣ, тартиби дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ ва дароз намудани муҳлати он, тартиби бастани шартномаи меҳнатӣ ва дарёфти ҷойи кори муносиб муроҷиат менамоянд. Дар ин замина, аз ҷониби мутахассисони Намояндагӣ ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас дода шуда, ҷиҳати қонунӣ ва дар доираи риояи талаботҳои кишвари иқомат зиндагӣ намудан ба шаҳрвандон тавсияҳои ҳуқуқӣ пешниҳод мегардад. Дар ин замина, аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд, ки талаботҳои қонунии кишвари қабулкунандаро роя намуда, аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гуруҳҳо террористӣ экстремистӣ, гаравиш ба гуруҳҳо ва ҷараёнҳои динӣ худдорӣ намуда, аз бемориҳои сироятшаванда, истифодаи машрубот ва маводҳои мухаддир ва дигар омилҳои таъсиррасон дар ҷомеа худ ва наздиконро ҳифз намоянд.